ҶАСОРАТИ ТАБИБОН ДАР ҲИФЗИ ҶОНИ ОММА

- Тандурустӣ - 


Соли 2020 бо ҳама бурду бохташ дар таърихи башарият, аз ҷумла тибби тоҷик фаромӯшнашаванда аст. Зеро он аз оғоз то ба охир барои инсоният пур аз мушкилоту музаффарият буд. Айёме буд, ки табибон бо ҷасорату матонат ва меҳру муҳаббат софдилона баҳри тандурустии мардум, наҷоти ҷони ҳамдиёрон ва пешгирӣ аз вабои аср шабу рӯз заҳмат кашида, бо корнамоии худ бори дигар исбот карданд, ки ба касбашон содиқу вафодоранд. Дар ин баробар соли 2020 давраи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ ва пешрафт дар соҳаи тандурустии вилоят маҳсуб меёбад. Доир ба ин мавзўъ мусоҳибаи ходими адабии маҷаллаи вилоятии “Сафо”-ро бо М. Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон манзури шумо мегардонем.

- Муҳтарам М. Раҷабзода! Соли 2020 ба кормандони соҳаи тандурустии вилоят бо чӣ хотироташ сипарӣ гашт?

-Аввалан ташаккур, ки ба табибон ҳусни таваҷҷуҳ кардед. Дарвоқеъ соли сипаригардида мо, кормандони соҳаи тандурустӣ талош намудем, ки рисолати касбиамонро бечунучаро иҷро намоем. Маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи бемории сироятии коронавируси нав COVID-19 аҳли сайёра ба ташвишу таҳлука афтода, зарари ҷонию молӣ ва рўҳию равонӣ дид. Дар рузҳои нахустин табибони дунё оид ба ин вируси ҳамагир маълумоти даќиќ надоштанд. Зеро он зуд ҳамаҷоро фаро гирифта, босуръат паҳн шуд. Дар он вақту соатҳои ниҳоят мушкил кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоят бо тадбирандешии саривақтии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои пешгирӣ ва табобати он тадбирҳои лозимӣ андешиданд. Ҳамчунин дар зудтарин фурсат тамоми муассисаҳои тиббӣ барои хизматрасонӣ омода карда шуданд. Дар ин маврид тамоми чораҳои амалӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯи кор омаданд. Ин буд, ки мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои олам бо камтарин талафот аз ҳама давраи ҳассосро то андозае сипарӣ намудем. Ҳоло ҳам табибони шаҳру навоҳии вилоят баҳри пешгирии пандемияи коронавирус миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотониро анҷом дода истодаанд, то ин ки сатҳи сироятшавиро коҳиш диҳанд.

-Имрӯзҳо дар вилоят вазъи эпидемиологии коронавируси нав ва дигар бемориҳои сироятӣ дар кадом сатҳ аст?

- Мунтазам гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию оммавӣ аз ҷониби ситоди вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ оид ба пешгирии COVID-19, нашру паҳни дастуру варақаҳои иттилоотӣ, тавсияҳои табибон ва дар натиҷа баланд гардидани маърифати санитарию гигиении сокинон боис шуд, ки шиддати сироятёбии бемории коронавирус суст гардида, тамоюли он рӯ ба пастшавӣ дорад. Ба ҳолати якуми декабри соли ҷорӣ дар муассисаҳои бистарикунонӣ 2 нафар ва дар сохтори шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 17 нафар бо ташхиси коронавирус табобат гирифта истодаанд. Таҳлили ҳолати бақайдгирии бемории илтиҳоби шуш бошад муътадил буда, он назар ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ тадриҷан коҳиш ёфта истодааст.

Таҳлилу омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ муайян намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои пешгирию ташхисӣ маризии вабо, тоун, таби хунин, домана ва вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда, зардпарвин, сил, брутселёз ва осебдидагон аз ҳайвонот кам гардидаанд.

-Чунин ба назар мерасад, ки COVID-19 дар баробари ташвишҳояш ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар соҳаи тандурустии вилоят боис гардид. Дар ин давра таваҷҷуҳ ба кормандони тандурустӣ ва муассисаҳои тиббӣ бештар шуд. Шумо чӣ андеша доред?

-Дар ҳақиқат ин маризии оламгир моро ҳушдор дод, ки боз ҳам ба рушди соҳаи тандурустӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити муносиб барои расонидани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ аз ҳарвақта дида бештар таваҷҷуҳ намоем. Бо шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, бахусус дар дурдасттарин деҳоти вилоят муассисаҳои тандурустӣ бунёд ёфтанд. Ягон моҳе набуд, ки дар ин ё он мавзеъ бунгоҳи тиббӣ ва ё марказӣ саломатӣ ба истифода дода нашуда бошад. Дар навоҳии Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Вахш дар маҷмўъ ба маблағи якуним миллион сомонӣ 11 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта шуд.

Дар ноҳияи Темурмалик Маркази саломатии “Танобчӣ” азнавсозӣ гардида, сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Танобчии боло, Гузари тор ва Даҳани намак идома дорад.

Айни замон бошад сохтмони Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар бо маблағгузории Бонки олмонии рушд, беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 нафар бемор дар ноҳияи Қубодиён бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази табобати бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дорад, ки аз ҷумлаи иншооти калони соҳавӣ ба шумор мераванд.

- Тибби муосирро бе таҷҳизоти соҳавӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Соли 2020 кадом лавозимоти заруриро дастрас намудед?

- Албатта, мо кӯшиш мекунем, ки ҳамқадами замон бошем ва барои ташхису табобати беморон дар маҳалҳо низ шароит муҳайё намоем. Хушбахтона, вақтҳои охир муассисаҳои тиббии хусусӣ зиёд шуда, бо навтарин технология ба сокинон хизмати босифат расонида истодаанд. Муассисаҳои давлатии тандурустӣ низ дар ин маврид ба пешравиҳо ноил гардидаанд. Агар қаблан бемор барои рентгенкунӣ ба маркази вилоят меомад, имрӯз ин зарурат аз байн рафтааст. Ҳоло дар ҳамаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо таҷҳизоти рентгенӣ ҳаст. Имсол ҳам бо тақозои бемории сироятии коронавирус як қатор муассисаҳо чунин дастгоҳро харидорӣ намуданд. Ғайр аз ин соли ҷорӣ томографияи компютерӣ, таҷҳизоти флюрографӣ, ЭКГ, УЗИ, эндоскопӣ, таҷҳизоти ташхисгоҳҳои лабараторӣ ва дигар ашёи зарурӣ дастрас карда шудааст.

- Барои иттилои дақиқ ва суҳбати озод ба Шумо изҳори сипос мекунем. Ва ба кулли кормандони соҳаи тандурустии вилоят, ки дар тан хилъати сафед доранду содиќона барои солимии миллат хизмат менамоянд, барору комёбӣ ва саломатии бардавом мехоҳем.

- Саломат бошед!

      Амонулло БАХТИЁРЗОДА

Добавить комментарий