Ободгарӣ – рисолати азалӣ

- Сухани сармуҳаррир -

 

Мардуми тоҷик аз азал ободгару заҳматқарин аст ва ин рисолати бузугрро асрҳо боз сарбаландона идома дода омадааст. Сиёсати оқилонаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар як муддати начандон ками таърихӣ ба як кишвари ободу хуррам, рў ба тараққӣ, дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ, чаманистонҳои дилкаш, боғҳои пурмева табдил гардид. Бешак, табиати нотакрори ин сарзамини хуршедӣ, меваҳои шаҳдбору обҳои мусаффову зулол ва сарсабзию хуррамии муҳити атроф ҳар сайёҳи хориҷиро тасхир мекунад. Иқдомҳои созандаву ташаббусҳои ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳо ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ буд, ки масъулияти ҳар як сокини мамлакатро баланд намуд ва ободонӣ дар ҳар манотиқи кишвар, ҳар гўша, то дурдасттарин рустову манзилҳо мушоҳида мегардад. Ва дар заминаи ҳамин дастуру супоришҳо кўчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии мамлакат саросар зебову назаррабо ва сарсабзу гулпўш гаштанд, ки пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе намунаи олии ободкорӣ, хуррамӣ ва зебоист.

Мардуми шарафманду сарбаланди вилояти Хатлон низ бо заҳмати шабонарўзӣ дар афзун намудани дастовардҳо, ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи хушсифат саҳми муносиб мегузоранд. Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ Муроҷиатномаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сокинони вилоят қабул гардид, ки дар он омадааст: «Мақсад аз ин ободкориҳо эҳё намудани анъанаҳои хуҷастаи ниёгон дар самти зебоиофарӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани завқу муҳаббати насли наврасу ҷавон ба ниҳолшинонӣ, гулу гулбуттаҳо, гулпарварӣ ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад».

Дар Муроҷиатнома ҳамчунин гуфта мешавад, ба ифтихори ҷашни бузурги миллат- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як сокин бояд аз кошонаи худ шурўъ карда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвандад ва ба ҳамин васила ватани азизамонро ба диёри сабзу хуррам ва ҳамешабаҳор табдил диҳем.

20 ноябри соли 2020 Амри раиси вилояти Хатлон дар бораи таъсиси Ситод оид ба вусъати корҳои ободонӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021

дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тасвиб расида буд. Тибқи нақша дар вилоят шинонидани 418 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар аст. Ҳамчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз он ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре дар Муроҷиатнома низ омадааст тибқи арзёбии мутахассисон, шинонидани дарахтон ба солимгардонии муҳити экологӣ таъсири мусбат расонида, илова бар ин ҳусни кўчаву хиёбонҳоро меафзояд ва ба инсон рўҳия мебахшад. Яке аз ченакҳои арзёбии сатҳи зиндагии инсон муҳити тоза ва сарсабзи зист маҳсуб гардида, муҳити зисти инсон агар аз ҷиҳати экологӣ баландсифату тоза бошад, он ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад.

Феълан дар партави ин Муроҷиатнома дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои дар пешистода вусъати тоза пайдо намудааст ва бо истифода аз тавсияҳои мутахассисон ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад. Ниҳолшинонӣ алҳол ба як маъракаи муҳим табдил гардида, сокинон бо хушнудӣ аз ин ташаббусҳо ҷонибдорӣ менамоянд. Иштироки сокинон дар ҳашарҳои ниҳолшинонӣ, сарсабзу хуррамгардонии атрофи ташкилоту муассиса, кўчаву хиёбонҳо аз дарки масъулият, идомабахшии рисолату анъанаҳои неки ниёкон, ҳисси баланди ватандўстии онҳо дарак медиҳад. Муҳити поку зебо, амну осоиш ҳадафи ҳар сокини баору номуси вилояти овозадори Хатлон аст ва он рўз ҳам дур нест, ки шаҳру навоҳии вилояти мо низ дар қатори дигар маконҳо «шаҳру навоҳии сабз» хонда шавад.

                     Латофати МИРЗОСАИД

Добавить комментарий