МАШЪАЛАФРЎЗ

- Арзандаҳо -


«Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст». Эмомалӣ Раҳмон

Раҷабалӣ Саидов сокини деҳаи Наврўзи Ҷамоати деҳоти 20 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Фархор соли 1960 дар ҳамин ноҳия чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай дар дабистонҳои рақамҳои 36 ва 12 – и ноҳияи Фархор таҳсил намуда, аз устодон Ятим Шамиров, Саид Шоев, Қувваталӣ Шарбатов, Қиёмиддин Наҷмиддинов сабак гирифт, роҳаш ба фатҳи қуллаҳои дониш мунаввар гардид.

Агар дар дилат меҳри устод нест,

Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест! - аз забони шоир ёдовар шуд ин марди хирад. Муаллимро ҳамчун падар азизу гиромӣ бояд дошт, -мегӯяд ӯ.

Ў соли 1978 ба факултаи физика – математикаи Институти педагогии шаҳри Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дохил шуда, соли 1983 ин боргоҳи илму донишро бомуваффақият хатм кард.

Раҷабалӣ Саидов фаъолияти кориашро ба сифати омўзгор аз мактаби рақами 9 – и ноҳияи Панҷ оғоз бахшида, сипас, дар дабистони рақами 30 – и ноҳияи Фархор дар Ҷамоати деҳоти Дарқад ба сифати омўзгор, ҷонишини директор оид ба тарбия, ҷонишини директор оид ба таълим содиқона ифои вазифа намуд. Насли бедордил, худшиносу ватанпарварро ба камол расонд.

Ҳаёти минбаъда ва беш аз 30 солаи фаъолияти кории Раҷабалӣ Саидов ба китоб ва китобхонаҳо зич марбут мебошад. Солҳои 1990 – 2013 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ба сифати мушовири шуъба оид ба китобҳои таълимӣ, аз соли 2013 то 2020 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамо оид ба китоб дар минтақаҳои Рашт ва Бохтар, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ифои вазифа намуда, дар дастрасии китобҳои таълимӣ ба ин минтақаҳо, тарғиби китоб, бою ғанӣ гардонидани китобхонаҳои мактабӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Раҷабалӣ Саидов шахси китобдору китобдўст ва онро ганҷинаи бебаҳо медонад. Бояд мардум дунёи маънавии худро бою ғанӣ гардонданд, рў ҷониби китобу китобхонӣ биоранд. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳамин хотир мебошад,- бо эътимод ва эҳтиром ба китоб таъкид дошт Раҷабалӣ Саидов.

Эй фарди дилогоҳ зи маънои маориф,

Хуш омадӣ бар даргоҳи бинои маориф.

Аз миллати мо кош дигарбора бисабзад,

Сад Рўдакию Донишу Синои маориф.

Аз оғози соли 2020 то имрўз Раҷабалӣ Саидов ба сифати китобдор, мушовири хазинаи китобҳои таълимии шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор фаъолият дорад. Ў машъалафрўзи роҳи фардост, зеро китобу китобхонӣ инсонро пайваста бо роҳи рости зиндагӣ ҳидоятгар мебошад.

«Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кўшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта, обод мешавад»,- роҳнамоии Пешвои миллат моро ба сўи худшиносӣ, худогоҳӣ, кўшишу ғайрат баҳри омўзиш ва фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоятгар мебошад. Аз ин нигоҳ Раҷабалӣ Саидов пайваста дар омўзиш, ҷаҳду талош ба хотири ободии Ватан мебошад. Ў дар ноҳияи Фархор миёни аҳли ҷомеа, муаллимон ҷой ва мақоми хосаи худро дорост.

Муаллим Раҷабалӣ дар баробари омўзгорӣ ба деҳқонӣ низ рағбати зиёд дошта, бо таъсиси хоҷагии деҳқонӣ дар ғанӣ гардонидани дастурхони худу мардум саҳм дорад. 

Хоҷагии деҳқонии «Фирдавс» дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дар самти маданияти истифодабарии замин, аз замин бардоштани ҳосили хуби пахта, шолӣ ва полезӣ ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам эътироф гардидааст.

Майдони кишт дар хоҷагии деҳқонии «Фирдавс» 10 гектарро ташкил медиҳад. Ин замин бекорхобида аз гардиши кишоварзӣ берун буду онро Раҷабалӣ Саидов тавассути меҳнати фидокоронаи аҳли оила, фарзандон ва саҳмдорон ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, ба як замини ҳосилхез табдил гардонд. Албатта, ин кор ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ин маблағи калон сарф гардиду бо истифода аз техника, тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ҳар сол ҳосили хуби шолӣ, пахта ва полезӣ ба даст меоранд. Имсол низ дар майдони 7 гектар шолӣ ғарқи ҳосил буда, гувоҳи меҳнати самарабахши саҳмдорон мебошад.

Дар майдони як гектар кишти тухмии хушсифати «Тобон» - ро гузаронида, аз он ҳосили 40 – 50 сентнерии пахтаро интизоранд.Имрўз пахтазор чаман барин шукуфтааст ва оростани хирмани бобаракат насибашон хоҳад гашт.

Як омили хуби ба даст овардани ҳосили баланд ин киштгардон мебошад. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Фирдавс» ҳар сол ба киштгардон эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Агар ҳосили шолиро бардоранд, соли оянда дар ҷои он кишти пахта мегузаронанд, ё баръакс ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ кунанд, фардо дар ҷои он кишти шолӣ ё полезӣ мегузаронанд. Оянда дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки кишти пиёзи барвақтиро низ ба роҳ монанд.

Майдони боғи хоҷагӣ 1 гектарро ташкил дода, дар он дарахтони мевадиҳандаи чормағз, бодом, хурмо, зардолу, олуча, себ парвариш меёбанд.Барои барқарору азнавсозии ин боғ чораҳо андешида истодаанд.

Дар чунин шароит чорводориро рушд бахшидан ба мақсад мувофиқ мебошад.Хоҷагидорон парвариши моли майда ва чорвои калонро ба роҳ монда, азми комил доранд, ки оянда саршумори чорворо зиёд намоянд. Барои ин захираи хӯроки чорво басанда мебошад. Ҳамчунин дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ фермаи хурди чорводорӣ барои парвариши 32 сар чорвои зотӣ бунёд карданд,ки он тибқи талаботи замон сохта шудааст.

Маданияти истифодабарии заминро дар хоҷагии деҳқонии «Фирдавс» - и Ҷамоати деҳоти 20–солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Фархор метавон умедбахш арзёбӣ дошт.

Ҳар як инсони соҳибдилу соҳибфарҳанг баракати умрро дар хонаву дари обод, фарзандони солеҳу накўном, зиндагии осоишта, Ватани биҳиштию озод мебинад.

Раҷабалӣ Саидов оиларо ниҳоди муқаддас, такягоҳ ва пушту паноҳ меҳисобад. Аз умри пурфайзу бобаракат бо зани солеҳаю покдоман Момогул Азизова Худованд онҳоро соҳиби 7–нафар фарзандони ботамкин,содиқу вафодори оила ва Ватан гардонд. Имрўз фарзандони ин оилаи аҳлу тифоқ Низорамоҳ-донишҷўи Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Шариф–корманди мақомоти милитсия, Файзулло–корманди низомӣ, Сайёра–биолог, Нодира–соҳибкор, Бахтиёр–донишҷўи Донишкадаи техникии Тоҷикистон, Шукрона–донишҷўи Донишгоҳи санъат ва дизайнерӣ, муаллимаи дабистони рақами 96–и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, содиқона кору фаъолият ва таҳсил доранд. Онҳо аз чунин падар,ки бо роҳи неки зиндагӣ ҳидояташон кардааст, ифтихор доранд.

Раҷабалӣ Саидов умед дорад, ки фарзандонаш фардо муаррифгари давлату миллати хеш бошанд, зеро худ Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои соҳибхиради онро дар дунё дар мақоми боз ҳам баландтар дидан мехоҳад. Иттиҳоду ҳамдилӣ,муттаҳидии халқ атрофи парчами нангу номуси ватандорӣ моро ба ин ҳадаф хоҳад расонд.

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Мекунам шукри каму бисёри ту.

Мекунам шукрона, аз озарму аз озори ту,

Аз ту ман сарват намехоҳам.

Ватан ҳастӣ, бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст


Ин муҳаббатномаи шоир шиори ҳамешагии Раҷабалӣ Саидов мебошад.

                    Саидзода ШЕРАЛӢ, н. Фархор

Добавить комментарий