ПЕШСАФОНИ МУСОБИҚАИ МЕҲНАТӢ ҚАДРДОНИ ШУДАНД

Субҳи имрӯз, 1 октябр, дар майдони назди теппаи “Қӯрғон”-и шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъомади натиҷагирӣ аз даври дувуми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза доир гардид.


Ёдовар мешавем, ки ин мусобиқаи меҳнатӣ дар доираи маъракаи “60 рӯзи мекҳнати зарбдор дар пахтазор” бо ибтикори раиси вилояти Хатлон доир гардида, ҳар 15 рӯз ҷамъбаст ва ба шаҳру ноҳияи ғолиб мукофоти пулӣ тақдим мегардад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ аз меҳнати заркорони як қатор хоҷагиҳои пахтакори шаҳру навоҳӣ ситоиш намуда, мужда расониданд, ки рӯзи 30 сентябр шаҳри Левакант аз иҷрои 100-дарсадии дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола ҳисобот дод.

Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз ба ҷойи 2310 тоннаи дурнамо ба миқдори 2313 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст.

Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант, дар назди раиси вилоят аз иқдоми кишоварзони шаҳр хабар дод, ки мехоҳанд ҳосили боқимондаро то охири мавсим ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намоянд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки кишоварзон бояд аз ҳар як рӯзи моҳи октябр босамар истифода баранд, то ҳосил саривақту беталаф ғундошта шавад. Зеро таҷрибаи соли гузашта нишон дод, ки иҷро нашудани дурнамои ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди саноат, масъалаи таъмини корҷӯён бо ҷойи корӣ ва дар маҷмӯъ, вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расонид.

Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру навоҳии Левакант Заррина Давлатзода сипоснома ва 15 ҳазор сомонӣ, Бохтар Абдуалим Исмоилзода сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ ва Данғара Исломиддин Раҳмон сипоснома ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулии даври дуюми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза тақдим гардид.

Раисони шаҳрҳои Левакант, Бохтар ва ноҳияи Данғара ҳамчун ғолибони мусобиқа зери кафкӯбии аҳли ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ парчами давлатии Тоҷикистонро дар майдони теппаи “Қӯрғон” қад афрохтанд.

         Қобили ёдоварист, ки маъракаи “60 РӮЗИ МЕҲНАТИ ЗАРБДОР ДАР ПАХТАЗОР” то 16 ноябр - Рӯзи Президент дар саросари вилоят идома мекунад. Кишоварзони шаҳру навоҳие, ки дурнамои солонаи пахтаро пурра таъмин мекунанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ хоҳанд шуд.
"САФО"
Добавить комментарий