Байторҳо каманд. Чаро?

      -  Нигаронӣ  -


Сокинони вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ доранд, ки бинобар норасоии мутахассисони соҳаи байторӣ дар ҳолати эҳтиёҷ ба табобати ҳайвоноти хонагӣ дарёфти мутахассис амри маҳол аст.
Барои сокини ноҳияи Кӯшониён Валиҷон Обидов, ки ба нигоҳубини чорвои калон машғул аст, дар ҳолатҳои зарурӣ духтурони байторро пайдо кардан мушкил аст. -Дар ҷамоати деҳоте, ки ман зиндагӣ мекунам, ин гуна табибон ангуштшуморанд. Ва чорводорон дар ҳолатҳои зарурӣ барои пайдо кардани духтури ҳайвонот чанд рӯз сарсону саргардон мешаванд.– Ба мисли ман чорводорони зиёд аз норасоии мутахассисони соҳаи байторӣ изҳори нигаронӣ доранд,- мегӯяд Валиҷон Обидов.
Тибқи маълумоти Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ саршумори чорвои калон 978 ҳазору 461 сарро ташкил карда, нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 8 ҳазору 807 сар зиёд шудааст. Саршумори гӯсфанду буз ба 2 миллиону 425 ҳазору 622 сар расида, афзоиш дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта ду фисадро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаҳо аз як ҷиҳат ҷанбаи мусбӣ дошта бошанд, аз дигар тараф мушкили нарасидани байторҳоро боз ҳам бештар месозад.

Чанд “гиреҳ”-и соҳа

Ба иттилои муовини директор оид ба таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар Аъзам Мирзоев имрӯзҳо ташкили маркази байторие, ки тавонад ҳам байторҳои вилоятро муттаҳид созад ва ҳам барои онҳо як мактаби таҷриба шавад, тақозои замон аст. Аммо бо вуҷуди ҳамасола аз ҷониби муассисаи мазкур омода шудани даҳҳо духтури ҳайвонот, нарасидани ин гуна мутахассисон дар вилоят мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи А. Мирзоев ҳар сол ба гурӯҳи ихтисоси байтории коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар то 72 донишҷӯ дохил мешаванд. Аммо бештари онҳо баъди хатми муассисаи мазкур ҷойи
кор пайдо карда наметавонанд ва дар кӯтоҳтарин муҳлат касбу кори дигарро интихоб мекунанд.
Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар чунин як маркази ташхиси чорво ва дигар ҳайвонҳои хонагӣ фаъолият мекард, ки аксарияти аҳолии корафтода ба он ҷо муроҷиат мекарданд. Вале имрӯзҳо ҳатто дар ноҳияҳои минтақа ҳам чорвопарварон ҳангоми зарурат деҳа ба деҳа байтор меҷӯянд.
Декани факултети таъмини амнияти озуқаворӣ, иқтисодӣ ва аграрии коллеҷи болозикр Муродгул Ҷӯрабоева бар ин назар аст, ки теъдоди донишҷӯёни ихтисоси тибби байторӣ дар даврони шӯравӣ аз нишондиҳандаҳои кунунӣ бамаротиб зиёд буд. – Аммо бо мурури замон ва гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ тамоми фермаҳои чорводории хоҷагиҳои коллективӣ аз байн рафтанд. Дар солҳои минбаъд дар гурӯҳҳои ихтисоси байтории муассисаҳои касбомӯзӣ омӯзгорон донишҷӯе намеёфтанд, ки ба ин пеша шавқу рағбат дошта бошад. Хушбахтона, бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари шаҳру ноҳияҳо фермаҳо аз нав таъсис дода шуда, соҳаи бойторӣ дубора эҳё карда шуд,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Муродгул Ҷӯрабоева. – Мушкили дигар дар ин ҷода ин аст, ки коллективҳои меҳнатӣ дар қабули мутахассисони ҷавон ихтисосмандони сатҳи маълумоти миёнаи махсусро ба эътибор намегиранд, - иқрор меояд М. Ҷӯрабоева.

Аксуламале, ки интизораш набудем

Ба гуфтаи Аъзам Мирзоев баъди ба фаъолият оғоз кардани Кумитаи давлатии таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба тибби байторӣ хеле афзоиш ёфтааст. Хуб мешуд, агар ҳамин гуна ниҳодҳо зиёд мешуданду хатмкунандагони ин ришта бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардиданд. Мутаассифона, оид ба фаъолияти мутахассисони соҳаи байторӣ аз Раёсати таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон маълумот гирифта натавонистем. Зеро роҳбарияти раёсати мазкур иддао пеш меоранд, ки кормандони ВАО нахуст ба унвонии раиси Кумитаи онҳо мактуби расмӣ ирсол намуда, танҳо баъди иҷозати мақомоти болоӣ метавонанд ба саволҳояшон посух гиранд. Ҳамин тавр, солҳои охир баъзе масъулони идораву сохторҳои гуногун бо баҳонаи “Иҷозат аз боло” ҳатто барои таъмини одитарин маълумот ба ВАО аз суҳбат бо хабарнигорон канораҷӯӣ мекунанд.

Ҳоло ки дер нашудааст...
Ҳамин тавр, дар бисёре аз деҳотҷойҳо аз набудани байтор шахсони таҳсилнадида ба табобати чорвои сокинон машғул шуда, ба ҷойи манфиат овардан, дар натиҷаи табобати нодуруст боиси талаф ёфтани молу чорво мегарданд. Аз ин лиҳоз, андак дер ҳам бошад, масъулон бояд сари таъсиси маркази байторӣ дар вилояти Хатлон, бештар кардани сафи донишҷӯёни тибби байторӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари кору фаъолият барои доираҳои байторӣ сареътар тадбирандешӣ намоянд. Зеро тавре донишмандони соҳа фармудаанд; “Тибб инсонро табобат мекунад, байторӣ бошад башариятро”.
                                     С. СУЛАЙМОН
Добавить комментарий