СОАТСОЗ


- Соли 1986 баъди аз хизмати ҳарбӣ баргаштанам буд. Бекориамро дида, яке аз шиносҳои хонаводаи мо пешниҳод намуд, ки маро дар корхонаи Рембетехникаи имрӯзаи шаҳри Бохтар назди устои соатсоз ба шогирдӣ гузорад. Бо маслиҳату роҳнамоии ў назди устоҳои соатсози шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) шогирд истода, малакаи таъмири соатро аз бар намуда, то соли 2006 ба ин касб машғул будам, - рӯзҳои нахустини соаттаъмиркунии худро ба хотир оварда, нақл кард ҳоҷӣ Раҳмоналӣ, яке аз устоҳои соатсози шаҳри Бохтар, ки айни ҳол давлати пирӣ меронад.

Сабуров Раҳмоналӣ зодаи шаҳри Бохтар, пас аз хатми таҳсилоти миёна ба хизмати Модар- Ватан рафта, сипас ба зодгоҳаш баргашта, ба соаттаъмиркунӣ машғул шуд. Аз рӯйи гуфтаҳои ӯ то охирҳои солҳои 70- уму аввалҳои солҳои 80-уми асри гузашта устоҳои соатсоз дар вилоят фақат қавқозиҳо буданд. Ў ва чанде аз ҳамсолонашон аз нахустин тоҷикписароне буданд, ки ба таъмири соат машғул буданд. -Ман касби соаттаъмиркуниро дар назди яке аз устоҳои номии он давр шодравон Эфендӣ Юсупов (доғистонӣ буд ба гумонам) омӯхтаам. Он вақт ҳар кас тоқати омӯхтани ҳунари соаттаъмиркуниро надошт. Зеро кори бениҳоят нозуку майда аст. Намедонӣ ки куҷои соат ва чӣ гуна зарар дидааст. Кори мо мисли он мақол аст, “намедони чӣ мекобӣ ва дар ҷустуҷӯи он ҳастӣ”,- иброз медорад амаки Раҳмоналӣ Сабуров.

Дар ҳама давру замон миёни одамон рақобати носолим ва ҳасуду бахилӣ вуҷуд дорад. Миёни устоҳои соатсоз низ ин мушкилӣ мушоҳида мешуд. Чанде нагузашта, усто Эфендӣ, ки дар назди вай Раҳмоналии ҷавон шогирдӣ мекард, бемор мешаваду ба кор намеояд. Хонаи Раҳмоналї, ки дар деҳа буд, нони гарму бонкаи ҷурғоти хонагӣ гирифта, ба аёдати усто Эфендӣ меравад. Ба ҳолпурсии устодаш омадани шогирди ҷавон ўро шоду масрур кард. Аснои суҳбат Эфендӣ Юсупов ба Раҳмоналӣ иброз дошт, ки ӯ чандин шогирдҳоро тарбия карда, касб омӯзонидааст, аммо дар рӯзҳои беморӣ ягон нафари онҳо ба аёдати ман наомадаанд. -Аз ин пас, барои устои номӣ шудани ту ман тамоми дониш, таҷриба ва малакаамро сарф хоҳам кард, то ин ки ту беҳтарин шогирди Эфендӣ Юсупов шавӣ, -гӯён устод ба ифтихор ба шогирдаш нигарист.

- Аз ин баъд, усто Эфендӣ кӯшиш мекард, тамоми нозукиҳои соаттаъмиркуниро ба ман омӯзад. Чизеро ки намефаҳмидам, аз ў пурсон мешудам. Ҳамин тавр, аз шодравон Эфендӣ Юсупов тамоми нозукиҳои ин ҳунарро омӯхтам, - бо ҳисси миннатдорӣ ба устоди худ иброз медорад ҳоҷӣ Раҳмоналӣ.

Ҳамагӣ бо гузашти чанд вақт ў яке аз устодҳои номии коргоҳи таъмири аёши рӯзгор шуд. Оне ки худ навакак шогирд буд, акнун устод шуда, ба чанд нафар навкорон устогӣ меомӯхт. Дар муддати фаъолияти кориаш Раҳмоналӣ Сабуров дар коргоҳи мазкур ба ҳайси бригадир, ҷонишини директор ва директор шуда кору фаъолият намуд.

Дар давраи кашмакашиҳои дохилӣ оилаи онҳо чанд муддат дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд. Амаки Раҳмоналӣ миёни устоҳо Душанбе ҳам машҳур буд. Устоҳои душанбегӣ ўро ғариб шуморида ҷойи “равғанин ва сердаромад”-ро дар коргоҳи таъмири ашёҳои рӯзгори пойтахт медиҳанд. Шукргузорӣ аз он дорад, ки аҳли хонаводаи онҳо аз фалокатҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиндаву саломат мондаанд.

Солҳои кору зиндагӣ дар Душанбе рӯзона оромӣ надоштам. Мизоҷ болои мизоҷ, рӯзҳое мешуд, ки фармоишҳоро ба дигар устоҳо медодам, то онҳо ҳам қути лоямут ёбанд. Баъзе аз мизоҷон нон, гӯшт, меваҷот ва дигар анвои хӯрока бар ивази маблағ медоданд ва ҳатто ҳолатҳое мешуд, ки ғизои барзиёдро ба ҳамсояву одамони ниёзманд тақсим мекардем.

Пас аз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ Раҳмоналӣ ба Бохтар баргашта, то соли 2006 ба соаттаъмиркунӣ машғул мешавад. Аммо дар солҳои минбаъд талабот ба кори устои таъмири соат кам шудан мегирад. Зеро, дар 20 сомонӣ соат харидану онро дар 25 сомонӣ таъмир кардан касеро хуш намеомад. Ҳамин тавр, соли 2006 ӯ тарки ин пеша намуда, ба

Федератсияи Россия раҳсипор шуд. Чанде дар Россия мардикорӣ намуда, дубора ба Тоҷикистон баргашта, ба заргарӣ машғул шуд.

- Акнун синну соли мо ҳам ба ҷое расид ва ба нафақа баромадам. Дигар ин ки чашмон дигар дуруст намебинад, - сабаб пеш овард собиқ устои чирадаст.

Аз писаронаш яке дасти падар гирифта, аввал устои соат буда, баъдан, аз қиблагоҳаш ҳунари заргариро низ омӯхтааст. Тавре ки устои собиқадор иқрор меояд аз заргарӣ ва дигар корҳои таъмири ашёҳои майда-чуйда дида, устои таъмири соат касби мушкилу мураккаб аст.

-Соат як механизм ва пораҳои тайёр, аниқу дақиқ дорад, ки як ҷузъаш бе дигари он кор намекунад. Таъмиргар бояд донад, ки кадом ҷузъи он корношоям гардидаву кадом ҷузъи соат бидуни дигараш кор намекунад. Аммо дар ҳунари заргарӣ тахаюли ҳунарманди нақши асосӣ мебозад. Заргар аз филизи хом, аз як ашёи хом як шоҳасар бояд офарад. Асари ӯ бояд инсонро бо як дидан тасхир кунад. Дар умум, миёни ҳунарҳои заргарӣ ва устои соат фарқ аз замин то осмон аст.

Ў мефахрад, ки ҳамчун устои соатсоз шогирдони зиёдеро тарбия кардаву ба воя расонидааст. Дар таассуф аст, ки имрӯз ин касб миёни ҷавонон маҳбубият надорад, устоҳои касбӣ низ намондааст ва дар ягон муассисаҳои таълимӣ - касбӣ ҳам устои таъмиркунандаи соат омода карда намешавад. Дар хориҷа дар ин касб диплом ҳам мепурсанд, - мегӯяд усто Раҳмоналӣ.

Ҳоло ҳам баъзан дӯстон ва хешу ақрабо соатҳои таъмирталабашонро бародошта ба хонаи Раҳмоналӣ меоянд. Чун ҳамеша, хоҳиши дӯстонашро рад карда наметавонад. -“Монда равед, мебинам”- гӯён соатҳои таъмирталабро аз муштариён қабул мекунад. Аммо ӯ чун солҳои пешин соатҳоро худ таъмир намекунад, балки назди собиқ ҳамкорону шогирдонаш бурда таъмир карда меорад. Мабодо соатеро дар ин ҷо таъмир карда натавонанд, ба дӯстони дар пойтахт будааш мерасонад, то хоҳиши дӯстону ақрабояшро иҷро намояд.

                    Толиб ТОЛИБЗОДА

Добавить комментарий