ХУРМО

-Дастархони табиат –


Агар хоҳед, ки фарбеҳ нашавед, хурмо истеъмол намоед.

Одатан дар охирҳои тирамоҳ бозорҳо аз меваҳои зард, сурхи баланду норанҷӣ пур мешавад, ки он бо ранги баландаш диққати моро ба худ ҷалб мекунад.

Хурмо ё қашангтар онро «Олуи худоён» меноманд, ҳамчунин ғизои худоён, хурмои ваҳшӣ ва хурмои олуӣ мегўянд. 

Истеъмоли хурмо эҳсоси хушӣ ва гуворо ҳадя мекунад.

Дар Шарқ ба хурмо аҳмияти хоса медиҳанд. Чиниҳо хурморо ҳамчун рамзи хушнудӣ медонанд, онро ғизои худоён мешуморанд ва итминон доранд, ки албатта аввалин бор ин меваи зебову пурарзишро худоён чашидаанд. Ҷопониҳо хурморо «Меваи офтоб» меноманд ва онро рамзи ғалаба мешуморанд.

200 намуди дарахти хурмо ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дар мавзеъҳои тропикӣ ва субтропикии Африко, Осиё , Амрикои шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҳиндустон, ҷазираҳои Филиппин мерўянд. Ватани хурмо Чин маҳсуб меёбад. Соли 1760 дарахти хурморо ба ҷануби Фаронса оварданд ва аз ин ҷо ба тамоми Аврупо паҳн шуд. Ин намуди дарахт умри бардавом дорад. Мегўянд, ки дар мавзеъҳои наздишаҳрии Пекин дарахтоне мерўянд, ки 500 солаанд.

Хурмо на танҳо болаззат аст, балки манфиатнок низ аст. Дар таркиби меваи хурмо витаминҳои А.Р.РР, С, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимў ва дигар моддаҳои биологии фаъол мавҷуданд. Ҳамчунин дар таркиби хурмо миқдори зиёди йод мавҷуд аст.

Хурморо аз қадим дар тибби халқӣ истифода мебаранд. Ибни Сино хурморо ҳамчун воситаи мустаҳкамкунии тамоми узвҳо, барои беморони лоғару заиф тавсия додааст. Имрўз дар тибби халқӣ хурморо ҳангоми камхунӣ, барои барқарор намудани неру, баъди бемориҳои вазнин истифода мекунанд.

Хурморо ҳамчунин ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои саратон, шуш ва пайдошавии санг дар гурдаҳо метавон истеъмол кард. Онро ҳангоми асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт тавсия медиҳанд. Хурмо инчунин узви босираро мустаҳкам намуда, намегузорад, ки организм пеш аз муҳлат пир шавад.

Хурмое, ки ҳангоми наҳорӣ мехўред, фаъолияти ақлониро зиёд мекунад. Диетологҳо хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш, камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанданд, бояд хурморо камтар истифода кунанд. Хурмо дар косметологияи халқӣ низ истифода мешавад. Аз меваи тару тозаи он барои рўй ниқоб тайёр мекунанд. Хурмои пухтаро аз пўсташ ҷудо карда, онро ба малҳам мубадал карда, ба он 1 дона зардии тухм ҳамроҳ намуда, якҷоя мекунем. Ниқоби тайёршударо эҳтиёткорона ба муддати 15-20 дақиқа ба рўй мемолем. Сипас бо ҷўшобаи бобуна, пудина ё оби ширгарм шўстан лозим аст.

Добавить комментарий