Парҳез пиршавиро пешгирӣ менамояд

- Тарзи ҳаёти солим -

Оё медонед, ки ба калонсолон ҳар рўз 50 – 150 милиграмм витамини С зарур аст. Беҳтарин роҳи дарёфти ин миқдор витамин истеъмоли меваю сабзавоти тару тоза аст. Илова бар ин витаминҳо ғоз (клетчатка) низ доранд, ки аксари одамони калонсол аз он ранҷ мекашанд. Солхўрдагонро мебояд, ки истеъмоли думба, қаймоқ, гўшти равғаниро, ки холестерин ва кислотаҳои равғанин аз ҳад зиёд доранд, маҳдуд созанд. Вале дар бораи он, ки равғанҳои зиёдатӣ дар ҷойҳои ҳаётан муҳими бадан, махсусан деворҳои рагҳои хунгузар таҳнишин мешаванд, на ҳама медонанд. Амали таҳнишин шудани равғанҳо дар деворҳои рагу мағзи сар ниҳоят хавфнок мебошад.

Инсон баъди панҷоҳсолагӣ дар бораи душмани дигари саломатиаш- шириниҳо низ набояд фаромўш кунад. Шириниҳо аз калория бой аст, вале қимати биологиашон бисёр паст аст. Агар дилатон чойи ширин мехоҳад, беҳтару хубтараш аз асал истифода баред. Асал ба ғайр аз қанд боз элементҳои пурқимати биологӣ, ба мисли натрий, намаки калий, калсий, фосфор, магний низ дорад. Бо гузаштани умр фоизи об дар бадани инсон кам мешавад, бинобар ин солхўрдагонро лозим аст, дар як рўз камаш якуним литр об нўшанд. Сари чанд вақт узвҳои ҳозимаро дам додан ба фоидаи саломатист. Ҳафтае як рўз гуруснагӣ кашидан басо муфид аст. Баъди чунин рўз кас худашро сабук ва беҳтар ҳис мекунад.

Бо рафтани синну сол ба вазн эътибори ҷиддӣ бояд дод, сол то сол ҷисм камтар калория талаб мекунад ва онро оҳиста сарф мекунад ба истилоҳи тиб оҳиста месўзад. Барои ҳамин ҳам як сабаби дигари пиршавӣ ин фарбеҳӣ мебошад. Сабабҳои дигари пиршавии барвақтӣ ин тамокукашӣ, истифодаи доимии машрубот, корҳои вазнин, бехобӣ, набудани дандонҳо, ҷанҷолҳои хонаводагӣ, ҷудошавӣ аз оила, дур будан аз варзиш, бемориҳои меъдаю рўда ва бемориҳои авлодӣ мебошанд. Умри дароз мехоҳед, пас хўрокро дуру дароз бихоед ва ба ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шавед.

Витаминҳоро бисёртар хўред,   хотираатон тоза мегардад

Ба ғайр аз доруворӣ дар табиат неъматҳое ҳастанд, ки барои солимии инсон мусоидат мекунанд. Аксарият аз суст гаштани хотира шикоят мекунанд. Тавре зикр намудем барои солимӣ метавон аз маҳсулоти табиӣ истифода намоем. Сухан аз як табақча қулфинай меравад, ки барои мустаҳкам намудани хотира мадад мерасонад. Мағзи сари мо 2- 3 фисад вазни тамоми баданро дорад, вале 20% қувваи аз ҳисоби ғизои гирифтаи моро истифода мебарад. Кадом моддаҳо барои хубу пурмаҳсул кор кардани мо заруранд?

Ҳуҷайраҳои асаб наметавонанд бе витаминҳои гурўҳи В ва кислотаи витамини РР дуруст фаъолият кунанд. Ин витаминҳоро аз моҳӣ, растаниҳои лубиёгӣ, ярмаҳо, бахусус аз марҷумак (гречка), сўк (пшено), ҷави русӣ, нони аз орди дурушт пухташуда, тухм, маҳсулоти ширӣ, картошка, хамиртуруш (дрож) «ҷўстан ва ёфтан» мумкин аст.

Моҳӣ ҷисми шуморо на танҳо бо витамин, балки бо кислотаҳои равғанӣ низ таъмин мекунад. Онҳо ба мағзи сар таъсири муфид доранд, қобилияти қабули хабарҳоро баланд мебардоранд. Ин гуна кислотаҳо дар моҳиҳои навъҳои селда, треск, карп ва сардинаҳо бисёранд. Ҳамин гуна витаминҳо дар таркиби чормағзҳо низ фаровонанд. Исбот шудааст, ки хастагии меҳнати вазнин ва дурударози фикриро чормағзҳо хеле хуб рафъ месозанд. Агар донед, ки шуморо кори пурмашаққат дар пеш аст, киссаҳоятонро аз чормағз, писта, чормағзи заминӣ (арахис) (ва бодом пур карда, баъд ба кор шурўъ намоед.

Маъданҳои калий ва калсий қобилияти беҳтар сохтани фаъолияти фикррониро доранд, ки дар таркиби зардолуқоқ, мавиз, себи пухташуда, йогурт, творог ва маҳсулоти ширӣ «ҷой» шудаанд. Қанд барои мағзи сар заруру лозим аст. Як лўнда қанд ҳарчанд зуд ҳазм мешавад, вале боз ҳамон андоза тез дар бадан «месўзад» ва росташ чандон нафъе надорад. Вале нимқандҳо (полисахаридҳо) – маҷмўи бофтаҳои қанд, ки дар таркиби нони сиёҳ, чормағзҳо, биринҷ, нахуд ва лўбиёгиҳо ҳастанд, метавонанд фаъолияти коршоямии ақлро якчанд соат баланд бардоранд.

Мехоҳед ҳушу ёду фикррониатонро мустаҳкам созед ва агар лозим шавад ба як нуқта равон созед ва дар ин кор қобилият дошта бошед?!

 Хуб, агар инро мехоҳед бояд дар таркиби хўрокатон харчангҳо бошанд. Аммо ин ҷо яқин аст, аз ҳақиқат дур шудем,зеро харчанг ба ҳама дасрас нест ва оё ба табиати мо дуруст меояд? Боке нест, пиёз, ки ҳар рўз аз он истифода мекунем, пурра ҷои харчангҳоро гирифта метавонад. Ба андешаи донишмандони олмонӣ дар давраи ташаннуҷи асабҳо хўрдани ними пиёз дар як рўз басо муфид ва зарур аст. Аксар вақт барои ҷамъ сохтани фикру хаёл асабоният халал мерасонад.

Одитарин ва содатарин роҳи халосӣ аз ин ҳолат, хўрдани ягон чизи болаззат аст. Шоколад таъсири зидди стрессӣ дорад, вале одат кардан ба ин «дору»-и болаззат нашояд, зеро он ба фарбеҳӣ мебарад. Роҳи аз ҳама бехавфи баланд бардоштани рўҳия кадом аст? Ба наздатон конфет нагузоред, ҳарчанд ширину дилкаш аст, беҳтараш як табақча қулфинай (клубника) гузоред. Қулфинай хусусиятҳои рафъ сохтани стрессро дорад. Банан бошад, ба шумо болидарўҳӣ ва бовариро ҳадя мекунад. Дар таркиби банан серотонин мавҷуд аст, ки онро ҳормони хушҳолию хушнудӣ меноманд, тирозин бошад, қобилияти эҷодкориро беҳтар намуда, хаёлро аз парешонӣ нигоҳ медорад. Шуморо лозим аст, ки ягон маводро аз ёд кунед?! Пеш аз он, ки ба «тўтивор аз ёд кардан» сар кунед, як табақча сабзии қимаи бо қаймоқ ё равғани растанӣ омехташударо хўред. Сабзӣ, дурустараш провитамин А мубодилаи моддаҳоро дар мағзи сар тезонида, хотираро мустаҳкам мекунад. Зира низ ба узвҳои асаб чун воситаи оромибахш хизмат мекунад. Пеш аз имтиҳон, вохўриҳои расмии муҳим ё ҷамъомад зирачой бинўшед.

                   "САФО"
Добавить комментарий