ДАР ДИЛУ ДИДАИ ХАЛҚ
- Шарқ нозуксуханист -
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт...
Хонандаи азиз бо хондани ҳамин як порчаи шеърӣ ба хубӣ огаҳ мешавад, ки муаллифи ин шеър кист. Бале, муаллифи ин ғазали ноб Озар аст. Озаре, ки шеъраш ҳамаи марзҳоро убур карда, то дуриҳои дур рафта расидааст. Озар Салимиён акнун Шоири халқии Тоҷикистон аст. Чунки ў аз халқ аст ва дар дилу дидаи халқ аст. Унвони баланд муборак!
ҚАСИДАИ ТОҶИК
Тоҷик, эй ҳамосаи шеъру суханварӣ,
Дар шеър ҳич қавм набурд аз ту бартарӣ.
Уммат турост халқи ҷаҳон, к-аз ту чанд тан
Рафтанд дар сухан ба мақоми паямбарӣ.
Оинаи тамомнамо гашт шеъри ту,
Бурд обрў зи оинаҳои сикандарӣ.
Аз таъму аз дурахш ба шеъри ту гуфтаанд
Гаҳ қанди порсиву гаҳе гавҳари дарӣ.
Мадюни кас наӣ ба мақоми баланди хеш,
Чун шамъҳо зи шуълаи худ тоҷ бар сарӣ.
Берун шудӣ зи оташи наҳси замонаҳо
Бо сад дурахш, баски ба фитрат самандарӣ.
Ишқ аст сар ба пои вуҷуди ту, ишқ, ишқ,
Ҳам ишқ мепазириву ҳам ишқгустарӣ.
Хонад туро мубашшири сулҳу сафо, кунад
Дунё агар ки аз сари инсоф доварӣ.
Пайғоми ту ба ҷуз ғазали нағзи нур нест,
Азбаски парваридаи хуршеди ховарӣ.
Изнам бидеҳ, ки як ду сухан гўямат, агар
Гўшам диҳӣ, вагар надиҳӣ ҳам, мухайярӣ.
Дунё фаќат таронаи зебои ишқ нест,
Қадре баҳуш бош, ки афсонапарварӣ.
Ҳиммат баланд дор, пайи иззу ҷоҳ кўш,
Хуш нест бар карим навои қаландарӣ.
Чун оҳувон раманда зи ҳар ону ин мабош,
Дар худ фурў бишав, ки биёбӣ ғазанфарӣ.
Ҷуз бандаи Худой машав, ҳафт пушти ту
Озодазода будаву деҳгону лашкарӣ.
Сар ҷуз ба пои дилбари илму фунун манеҳ,
Акнун, ки дод қисмати ту бар ту сарварӣ.
Нав гўю нав сарою нав андешу нав навис,
То нав шавад навои ту аз ин навоварӣ.
Айб аст дар замонаи эҳёи давлатат
Синову Рўдакии наверо напарварӣ.
Аз нав, ту эй ситора, дурахшон бишав, ки ҳаст
Аз баҳри нури сабзи ту офоқ муштарӣ.
Роғуни ту гувоҳ, агар ҳимматат қавист,
Эй насли офтоб, тавон нурофарӣ.
Озар, қасидаи тари худро тамом кун,
Шояд саҳифа тоб наёрад ба ин тарӣ.
*****
ПАРАНДА ВА ШОИР
Як паранда
ҳамчу шоир,
Дастҳояш- болҳояш дар паси пушт,
Дар канори роҳ
Донаи шеъри наверо ҷустуҷў мекард.
Шоире ҳамчун паранда,
Болҳояш- дастҳояш дар паси пушт
З-осмону аз раҳоӣ гуфтугў мекард.
****
БИЁ МО НАРАВЕМ
Эй дил, аз ишқ- аз ин лона, биё мо наравем,
Ҳама рафтанд чу бегона, биё мо наравем.
Лонае ҳаст агар, дона тавон ёфт ба ҷаҳд,
Ба дигар лона пайи дона, биё мо наравем.
Нест дар мазҳаби мо гар ҳавасу ишқ яке,
Сўи ҳар шамъ чу парвона, биё мо наравем.
Ҳама афсона бувад ғайри ҳамин ишқ, чу тифл
Талаби қиссаву афсона, биё мо наравем.
Бинишонем чаро ҷои паричўҷаи хеш
Ғами ғурбат ба сари шона? Биё мо наравем.
Хонаи худ дигару хонаи мардум дигар аст,
Пос дорем ҳамин хона, биё мо наравем.
********
ИНТИЗОР
Аз марги беҳаёҳу онон, ки ор доранд,
Доре ба гардани худ аз зулфи ёр доранд.
Густардатар шиносед маънии "пойдорӣ",
Мардон аз он ишора бар пои дор доранд.
Ҳайрони ошиқонам, шаб то саҳар ба кўча
Ҳам гиря мефурўшанд, ҳам ифтихор доранд.
Ў ханда дўст дорад, ту гиря мефурўшӣ?
Хандон бизӣ, ки гулҳо бо ханда кор доранд.
Гулҳои тозарӯро гуфтан наметавон дузд,
Бо худ агарчӣ ранги гулҳои пор доранд.
Мепарваранд уммед мўрони зери по ҳам,
Гар болу пар надоранд, Парвардигор доранд.
Боз о, ки во бигардад табъи гирифтаи мо,
Мо шоирему мардум шеър интизор доранд.
*****
БОҒИ ГУНГ
Боғ агар мегиряд,
На аз оне,ки дигар нест ҷавон,
На зи ҳиҷрон насим,
На зи бемеҳрии хуршед,
На зи борони хазон мегиряд.
Баргҳояш,ки забонаш буданд, мерезанд,
Боғ бар марги забон мегиряд.