Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА ОФАРАНДАИ ФАРДО
Модар сарчашмаи ҳаёт, ҳастии рӯзгор буда, каломи поки ӯ роҳатбахши тану ҷон аст. Агар зан-модар муаллим бошад, боз масъулияти ӯ дар назди аҳли ҷомеа дучанд хоҳад шуд.
Мо аз кору пайкори модарон – омӯзгорони шаҳри Бохтар Зебонисо Машрабова ва Шаҳло Холова қисса хоҳем намуд, ки онҳо дар тарбияи насли ояндасози миллат саҳми арзанда доранд.
Ҳар рӯз дарси муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Бохтар Зебонисо Машрабова бо мисраъҳои зерини устод Садриддин Айнӣ ва ба ҳамин монанд шеърҳои баландмазмун аз ашъори шоирони адабиёти тоҷик оғоз меёбад:
Биёед, эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Даҳсолаи охир таҷрибаи пешқадами ин омӯзгори асил дар дабистонҳои шаҳри Бохтар васеъ тарғиб гардидааст, ки воқеан лоиқи омӯзиш буда, барои ҳамкорон, хоса муаллимони ҷавон ибратомӯз мебошад.
Ҳар як дарси ин омӯзгори варзида, дорандаи нишони «Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ» Зебонисо Машрабова бо аёният, дар кабинети муҷаҳҳазгардонидашуда бо асбобу гӯшаҳои махсуси «Қаҳрамонони Тоҷикистон», «Касби ман — ифтихори ман», «Китобҳои тавсияшуда», «Олами афсонаҳо», «Алифбои забони тоҷикӣ» ва бо истифода аз воситаҳои электронии таълим хеле шавқовару диққатҷалбкунанда мегузарад.
Зебонисо Машрабова зодаи шаҳри Бохтар буда, соли 1975 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Модараш кадбонуи хонадон ва падараш сохтмончӣ буда, дар ободонии маркази маъмурии вилояти Хатлон саҳми арзанда гузоштааст.
Ӯ мактаби миёнаи №7, коллеҷи омӯзгорӣ ва факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро муваффақона хатм намуда, қариб 30 сол мешавад, ки дар дабистони №15-и шаҳри Бохтар содиқона ифои вазифа дорад.
Омӯзгорони ин дабистон Паёми роҳнамои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури амали худ қарор дода, аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақому мартабаи омӯзгор ва маоши кормандони соҳаи маориф сипосгузоранд.
Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист,
Захми дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист.
Панди шоир роҳнамоест ба ҳамкорону ҳампешагони Зебонисо Машрабова, зеро онҳо аз заҳмату таҷриба ва хизматҳои ӯ дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи наслҳои ояндасози миллат огоҳии комил доранд.
Тули фаъолияти омӯзгорӣ садҳо нафар шогирдони Зебонисо Машрабова мактабро хатм намуда, дар коллеҷу донишгоҳҳо таҳсил доранд ва қисми зиёдашон дар корхонаву муассисаҳо фаъолият дошта, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузоранд.
Имрӯз вай наслҳои ояндасози миллатро дар руҳияи ифтихор аз давлату миллати хеш ва арзишҳои миллӣ ба камол мерасонад. Миёни омӯзгорони шаҳри Бохтар, ҳамкорону шогирдон ва мардум ин зани меҳнатӣ, омӯзгори варзида эҳтироми хосаро соҳиб гардидааст.
Зебонисо Машрабова нашри китобҳои муқаддаси «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусиро, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ройгон дастраси мардуми шарифи Тоҷикистон гардонида шуданд, эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик арзёбӣ менамояд.
Ду фарзанди муаллим – Рамзия ва Сайфура пайрави модари худ гардида, касби пуршарафи омӯзгориро интихоб кардаанд. Ҳамсараш Карим Машрабов китобдори мактаб буда, фарзандони дигараш Сангалӣ ва Муродҷон хонандагони ҳамин дабистон ва Шамсия бошад, менеҷери ширкати «Мегафон» мебошанд. Оилаи онҳо соҳибмаърифат ва аҳлу тифоқ буда, дар шукуфоии Ватан ҳиссагузор аст.
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Шаҳло Холова омӯзгори синфҳои ибтидоии дабистони №6-и шаҳри
Бохтар буда, имрӯз ба таълиму тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ машғул мебошад.
Шаҳло Холова соли 1996 Донишгоҳи давлатии Бохтарро бомуваффақият хатм намуда, дари илму дониш барояш боз гардид. Ӯ аз устодони варзида ва профессорони донишгоҳ сабақ гирифта, сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбиниашро такмил дод.
Шаҳло Холова собиқаи 30-солаи корӣ дошта, 8 сол ба сифати мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият намуда, 22 сол боз дар дабистони №6 ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад.
Аз баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» шоду ифтихорманд буда, аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор аст, ки барои омӯзгорон бо бунёди мактабҳои наву замонавӣ, дастгоҳу таҷҳизоти муосир шароити арзандаи корӣ фароҳам овардааст.
Дар ҷавоби ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ӯ ва ҳазорон омӯзгори дигар пайваста талош меварзанд, ки насли ояндасози миллатро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат, муқаддасот ва арзишҳои миллӣ ба камол расонанд.
Воқеан, муаллимӣ ишқ аст – ишқи дӯстдории Ватан, дӯстдории шогирдон, садоқат ба меҳан ва давлату миллати хеш. Шаҳло Холова аз ҳамин дарича ба ҷаҳони муаллимӣ – омӯзгорӣ ва тарбияи наслҳои ояндасози миллат менигарад.
Саидзода Шералӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР




