Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН: СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА БОЗОРҲОИ ХОРИҶӢ ТАВСЕА МЕЁБАД
Раванди содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар бо суръат идома дошта, имрӯз аз ҳудуди вилоят 20 мошини боркаш бо зиёда аз 440 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои хориҷӣ равон карда шуд.
Тавре аз Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аз аввали мавсими содирот то имрӯз тавассути гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлон беш аз 3000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои хориҷӣ интиқол дода шудааст.
Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, қисми асосии содиротро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад, ки ҳаҷми он ба 2700 тонна мерасад. Ҳамчунин зиёда аз 200 тонна лаблабуи сурх, 70 тонна зардолу ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Маҳсулоти истеҳсолшуда асосан ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркия содир мегардад.
Мутахассисон афзоиши ҳаҷми содиротро натиҷаи рушди инфрасохтори соҳа, бахусус таъсиси марказҳои логистикӣ, анборҳои нигоҳдорӣ, сардхонаҳо ва коргоҳҳои бандубасти маҳсулот арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулон, чунин иқдом имконият фароҳам овардааст, ки соҳибкорону истеҳсолкунандагони вилоят мавқеи худро дар бозорҳои хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам намоянд.
Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ, сохторҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд ва ҳаҷми содиротро боз ҳам зиёд намоянд.
Барои интиқоли саривақтии маҳсулот роҳҳои байналмилалии Душанбе–Бохтар–Панҷи Поён, Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Кулма–Чин, Қизилқалъа–Ҷарбуҷа–Ӯзбекистон, Бохтар–Данғара–Кӯлоб ва дигар роҳҳои таҷдидшудаи ҷумҳурӣ ба таври фаъол истифода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди иқтидори содиротии минтақа ва муаррифии маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» 12:11ШАРАФ БА ПЕШВО 12:07“АНЪАНАҲОРО ҲИФЗУ ОЯНДАРО БУНЁД МЕКУНЕМ” 11:59ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ 11:48ВАҲДАТ – ЗАМИНАИ СУБОТИ МИЛЛӢ 13:46
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



