МОР (тарҷума)

А. С. Грин (нависандаи рус)
                                                     Онҳоро шиносҳояшон шӯхиомез «Меросхӯрони Нед Гарлан» меномиданд. «Меросхӯрон» ҳафт нафар буданд: ҳафт нафар ҷавонон, донишҷӯю донишҷӯдухтарон. Онҳо соҳиби якҷояи заврақи мотордор буданд, ки Гарлан, пеш аз он ки аз бемории сил дар Швейтсария бифавтад, барояшон тақдим карда буд.
Миёнаҳои моҳи июл аввалин сафари «Меросхӯрон» бо ин заврақ воқеъ гардид. Онҳо ба соҳили кӯли Снарк роҳ пеш гирифтанд, то рӯзе чанд «мисли ёбоиҳо» умр ба сар бурда бошанд.
Ба ин сафар нафари ҳаштум –Колбер низ даъват шуда буд. Колбере, ки ишқи нокомаш ба яке аз духтарони ин гурӯҳи сайёҳон – Ҷой Тевис ҳанӯз як сол пеш дар донишгоҳ вирди забонҳо шудаю зуд-зуд боиси гуфту гузор ва шарҳу эзоҳҳо мегардид.
Ҷой Тевис аз шонздаҳсолагиаш то бад-ин сӯ ба ҷавонон захм мезаду захм мезад ва чун намедонист ё намехост ин захмҳоро ба чӣ навъ муолиҷа бикунад, онҳо хеле зуд ва бидуни кумаки пизишк шифо меёфтанд. Ва аммо Колбер аз ин духтар беш аз ҳар каси дигар захми ҷиддӣ хӯрда буду инро махфӣ намедошт.
Вай се бор ба Ҷой пешниҳоди издивоҷ карда буд. Ин пешниҳод бори аввал боиси хандаи духтар шуд, бори дуюм Ҷой гуфт, ки «беҳтар аст агар онҳо дӯст бимонанд» ва ниҳоят, бори сеюм сабаби таассуфи ошкорои духтар гардид. Колбер ба Ҷой маъқул набуд. Ӯ аз мардони болобаланди ҷиддӣ, аз касоне, ки рост ба рӯйи одам менигаранд ва аз ишқ маҳзун мешаванд, метарсид. Танҳо тасаввури он ки ин ҷавони аз ҳад беш бамулоҳиза шавҳари ӯ мешавад, Ҷойро ба хашм меовард, дар вуҷудаш ғазаби ниқорталабона, ғазаберо, ки алайҳи зӯргӯйии вуҷуднадошта равона шуда буд, бедор мекард.
Вале Колбер каси шилқин набуд ва духтар аз ӯ канораҷӯйӣ намекард, зеро пешакӣ аз вай қавл гирифта буд, ки ҷавон дигар дар бораи издивоҷ ҳаргиз лаб во нахоҳад кард. Колбер ҳарфҳои Ҷойро пазируфт ва минбаъд тавре рафтор мекард, ки гӯё ҳеҷ вақт духтарро бо ин суханони одӣ- «Завҷаи ман бишавед, Ҷой!» дарди сар надода бошад:
Дар рӯзи сеюми «зиндагии ваҳшиёна» дар дили Ҷой хоҳише пайдо шуд, ки сайру гашти ҷангал бикунад ва ӯ Колберро бо худ гирифт. Духтар умедвории оҷизаке дошт: ваъдаи қатъии Колбер дар ин бора, ки дигар ба вай пешниҳоди издивоҷ намекунад, метавонад фурӯ бирезад. Се моҳ инҷониб касе ба Ҷой аз ишқу муҳаббат даҳон накушода буд. Ҷой як саҳначаи кӯчакеро мехост, ки ҳолати яклаҳзаина ва бехатареро ба вуҷуд орад, ки ба ишқ шабоҳат дошта бошад. Вақте Колбер аз қафои ӯ меомад, ба назари духтар чунин менамуд, ки гӯё аз пушти ӯ деворе ҳаракат дорад, ки беҷуръатона мехоҳад ба болои вай фурӯ биравад. Фақат лозим аст сари вақт худро канор гирифт, то девор ба ҷойи холӣ биғалтад.
Сайру гашт дар ҷангал ба чунин ранг мегузашт: аз пеш духтари сияҳмӯйи начандон қадбаланд, ки чеҳраи зебои лоқайдона дошт ва мисли ин буд, ки гӯё аз пушти ангуштони ба рӯй кашидааш саҳл табассум мекунад, қадам мезад ва аз қафои ӯ ҷавони боқаду басте меомад, ки китфони худро коҳилона ҷунбонида, бо абрувони гиреҳхӯрда бо диққат роҳро аз назар мегузаронид ва бо дилсӯзӣ духтарро аз ҳар гуна монеаҳо огоҳ месохт. Аз канор ба назар чунин мерасид, ки Колбер бепарво, ҳатто дилтанг аст, аммо дар асл ӯ худро хушбахт эҳсос мекард ва ҳозир буд чанд ҳазор соли дигар бо чунин хушҳолӣ пеш биравад. Зеро Ҷой пеши чашмони ӯ буд, Ҷой бо ӯ қадам мезад ва ин барои Колбер бас буду кофӣ.
Онҳо ба марғзори серсанге, ки бо алафҳои баланд пӯшида шуда буд, баромаданд ва ҳар кадом, побанди андешаҳои худ, болои сангҳо нишастанд. Барои Колбер фаҳмо буд, ки чун каме истироҳат карданд, бояд баргарданд.
-Шумо аз он ки муносибатҳои мо як ранги одӣ гирифтанд, хурсандед? – пас аз хомӯшӣ пурсид Ҷой.
- Ба фикри ман мо набояд дигар ба ин мавзӯъ баргардем, - ҷавоб дод Колбер, ки бечиз набудани ин суоли духтарро эҳсос мекард.- Ман қавл додаам. Воқеан, агар…
-Ҳаргиз!- ҳарфи ӯро бурид Ҷой. – Ман ин мавзўъро ба шумо манъ кардаам ва шумо ҳам ваъда додаед. Наход шумо қавли худро шиканед?
-Ман мемираму ваъдахилофӣ намекунам,- бо ҷиддият гуфт Колбер.- Метавонед осуда бошед.
Ҷой бо таассуф ба Колберг, ки табассумкунон мутеъ ва маҳзун менишаст, нигарист ва таассуфи ӯ ба хашм табдил ёфт. Зеро муроде, ки духтар мехост, ҳосил нашуд.
Идома додани ин мавзӯъ метавонист худи Ҷойро ба њолати ногуворе гирифтор намояд. Духтар муддате умедвор буд, ки Колбер тоб нахоҳад овард ва ба ин мавзўъ хоҳад баргашт. Вале Колберг андешамандона дар кафи худ пояи алафро бозӣ медоронд. Баногоҳ ба назари Ҷой чунин расид, ки ин одам мехоҳад бо тамоми ваҷоҳати хеш, бо садоқат ва қатъияташ ба ӯ дарс бидиҳад. Аз кароҳат нисбат ба Колбер вуҷуди духтарро ҳиссиёте фаро гирифт, ки ӯ натавонист аз чанд сухани талху тунд худдорӣ намояд.
- Шумо барои он ваъда додед, ки буздилед. Хомӯш будан чандон хатарангез нест, оре?
- Ҷой,- бо изтироб гуфт Колберг – ба шумо гармо таъсир карда истодааст. Биёед бар мегардем. Он ҷо соя аст.
Ҷой аз ҷо бархест.Ӯ мехост ба мӯйҳои ғуллии малларанги Колберг чанг бизанад ва сари калони ӯро дуру дароз такон бидиҳад, чунки Колберг ба маънии бозии ӯ сарфаҳм нарафта буд. Колберг нахост ба нозу нузи духтар ҷавоб бидиҳад. Духтар дилозурда бо ҳаҷон, лаб газида ба зерои пойи худ нигоҳ мекард. Диққати ӯро махлуқе, ки байни алафҳои хиширросзада дурахшид, ба худ ҷалб кард
-Бубинед, сусмор!
Колберг духтарро тарзе тела дод, ки вай қариб буд аз по биафтад. Духтар дар ҷояш такон хӯрд вале мувозинаро нигоҳ дошт. Колбер дастҳояшро афшонида чизеро байни алафҳо поймол мекард. Сипас, ӯ сари по нишасту бо эҳтиёт мори хурдеро, ки бо ангуштон аз мобайни танааш нигоҳ медошт, бардошт. Аз як сӯ думи мор, аз сӯйи дигар каллааш овезон буданд.
_ Шумо инро дидед? – бо ҳаяҷон гуфт Колберг ба чеҳраи пурғазаби духтар нигариста.- Бубахшед агар шуморо сахттар тела дода бошам. Инро мори заррин мегӯянд. Хавфноктарин мор аст. Ҳамаи занҳо ин морро сумор мепиндоранд. Ҳар касе, ки ин мор газидаш, пас аз се дақиқа мемирад.
Ҷой наздиктар омад.
- Вай мурдааст?
Бале,- гуфт Колберг, ки морро ба замин мезаду мебардошт.
Ба андешаи Ҷой ба даст гирифтани мори мурда аломати ҷасорат буд ва духтар намехост дар ҷасурӣ аз Колберг ақиб мода бошад. Ӯ морро аз дасти ҷавон гирифта ба дасти чапи худ печонид, ки чизе шабењ ба бозубанди тилоӣ шуд. Морча, ки чанд ҷойи баданаш зери пошнаи пойафзори Колбер маҷақ шуда буд, дар дасти пӯсташ гандумранги духтар тиллоӣ метофт.
-Партоед, партоед!,- баногоҳ бонг зад Колбер. Ӯ фурсат наёфта буд духтарро огоҳ созад, ки ҷасади ниммурдаи мор саҳлу ноён ҷунбид. Мор барои як лаҳза аз нав ҷон гирифта буд, танҳо барои он ки пеш аз мурдани худ, чун ҳарорати душманонаи дасти одамро эҳсос кард, барои охирин бор даҳони худро боз кунаду неш ба дасти Ҷой бизанад. Колбер ба сари мор чанг зад ва онро чунон пахш кард, ки сари мор бидарид. Сипас, дасти духтарро аз боқимондаи танаи мор озод кард ва чашмаш ба ду қатра хун афтод, ки маънояш ба ҷавон маълум буд.
-Худро набояд бохт, - гуфт ӯ- Дониста бошед, ки ин марг аст.
Ба бадани Колбер рашъа афтода буд ва аммо ӯ кӯшиш мекард, ларзиши андомашро фурӯ шинонад. Ҷой, ки дарди ҷонкоҳеро ҳис менамуд, оҷизона ҷойи моргазидаи дасташро назора мекард. Вале мағзи вай нисбат ба майнаи Колбер сусттар кор мекард ва ӯ ҳанӯз марги дар пешбударо дарк накарда буд. Қатъияти Колбер, фармонҳои вай ба Ҷой, ки бо вуҷуди рӯ ба рӯ шуданаш бо хатари азим хоҳиши ӯро барои рад кардани хидмати бузурге, ки ҷавон мехост ба ӯ бирасонад, бештар мекард.
-Сар диҳед, - дар ҳоле ки бо душворӣ нафас мегирифт, гуфт Ҷой,- Ман худам. Кордро бидиҳед
Дар чунин ҳолатҳо фурсат қиматтар аз зиндагист. Колберг кордро кушода мехост духтарро ба замин бихобонад ва ҷарроҳиро сар кунад. Ҳамзамон бо забонаш даҳону милкҳояшро ламс мекард, то аниқ бикунад, ки дар даҳонаш ҷароҳате нест.
-Заҳрро макида гирифтан лозим!- дод мезад ҷавон. –Чораи дигаре нест. Баҳс накунед, Ҷой!
Ҷой хомӯшона, дандон болои дандон гузошта бо якравии ҳайратангез бо Колберг талош мекарду омода буд бимираду аз дасти ин мард зиндагиро напазирад. Ҷой оқибати ин корро медонист. Акнун барои Колберг имконияти шавҳари духтар шудан бештар мегардид. Бино бар ин Ҷой бе ҳарф, бе андеша, танҳо аз рӯйи савқи табиӣ бо ғазаб бо духтар афту дарафт мекард. Колберги саросемашуда духтарро ба сӯйи дарахте, ки танааш дукафон шуда буд, кашид. Дасти духтарро ба ҷойи кафидаи дарахт хаст, ки пӯсти дасти духтар дарид. Худ аз тарафи дигари дарахт гузашт ва банди дасти духтарро гирифт. Акнун ҷой имкон надошт дасти худро биҷунбонад.
Колберг оринҷи ин дастро, ки соҳибаш ӯро чашми дидан надошт, сахт фишурд, то ҷойе, ки нохунҳои духтар кабуд гардиданд. Колберг ҷойи моргазидаи дасти духтарро чок кард ва даҳонашро ба ин чок гузошта даҳонашро аз хун пур намуд. Ӯ хунро туф карда дур андохт ва бори дигар ба макидани хун шурӯъ кард. Каме нафас рост карда, боз ҳам ба
макидани хуни дасти духтари дӯстдоштааш, ки дар он тарафи дарахт ба танаи он такякунон меистоду баъди ду-се кӯшиши раҳо кардани дасти худ ниҳоят ором гирифта буд, идома дод. Аз чашмҳои духтар аз ғояти хашму ғазаб, тарсу таҳкир донаҳои ашк сарозер мешуданд. Ӯ якзайл такрор мекард:
- Колберг, ман аз дусар зани шумо намешавам. Раҳо бикунед маро!
Колберг хомӯш буд. Ниҳоят дасти Ҷойро сар доду акнун суханони духтар ба фаҳмаш расиданд.
- Муҳим ин аст, ки чун вақташ расид, шумо зани касе мешавед. Аммо барои зан шудан зинда будан лозим аст.
Мӯйлаб, лабу даҳони ҷавон хунолуд буданд. Ва ӯ лабу даҳонашро бо дастони хунолудаи худ пок мекард.
Ҷой ғамгинона дасти маҷрӯњи худро тамошо мекард. Ҳар ду вазнин- вазнин нафас мегирифтанд. Ниҳоят Ҷой рӯймолашро даронда дасташро баст. Колберг ба соат менигарист
- Зоҳиран панҷ дақиқа гузашт, акнун ман метавонам осуда бошам.
Ҷой, ки ба вай пуштнокӣ меистод, ҷавоб надод. Вақте ки ба ақиб рӯ овард, Колберг дар марғзор набуд.
Духтар бо ҳайрат ӯро садо кард: - Колберг! – Ҳарчанд духтар ӯро набахшида ва ҳанӯз ҳам зери таъсири зӯргӯйии ботиние буд, ки Колбергро имрӯз гӯё пирӯз карда буд, қарор дошт. Ҷой аз пайи болои алафҳо мондаи ҷавон ба ҷустуҷуйи ва рафт. Духтар гоҳ гоҳ бозистода ба зери буттаҳо менигарист.
Колберг бо чеҳраи сиёҳшудаю варамида рӯйнокӣ мехобид. Акнун ӯ бо Колберги пештара монанд набуд. Чашмони варамида, лабу даҳони пур аз хуне, ки духтарро наҷот дода буданд, пеши чашми Ҷой ҳамаи даҳшатеро, ки Колберг маҳбубаашро аз он халос карда буд, ҷилвагар сохт. Чеҳраи нафратангез, заҳролудшудаи Колберг ниҳоят духтарро ба тарс маҷбур сохт, зеро ӯ ҳамакнун дарк карда буд, ки чӣ марги ваҳшатангезе аз сари ӯ дур шудааст.
Духтар ба пеш медавиду дод мезад: - Наҷотам бидиҳед, ман мемирам!
Аммо дер шуда буд, зеро духтарро аллакай наҷот дода буданд.
                             Аз русӣ тарҷумаи А. Сиёвуш
Добавить комментарий