Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 18 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ин ҳама иншоот бо харҷи беш аз 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд.
Тавре сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мӯсозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, аз 18 иншооти бунёдгардида, 10 адади он аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешша бо харҷи зиёда аз 3 миллиону 690 ҳазор сомонӣ, ду адад аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бо харҷи зиёда аз 444 ҳазор сомонӣ, чор адад аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бо харҷи 1 миллиону 112 ҳазор сомонӣ ва чор адади дигар аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо бо харҷи 3 миллиону 955 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари бунёди иншооти соҳа, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо, барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ зиёда аз 5,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва зиёда аз 18 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблаҳғҳои ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. То инҷониб аллакай зиёда аз 8 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ё 48,6 фоиз маблағгузорӣ гардида, ҷудошавии маблағҳо дар ин самт идома дорад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



