ШАФТОЛУ

                                                                                                         =Маслиҳатҳои муфид=

Мутахассисон оид ба хусусияти фоидабахшӣ ва истеъмоли пайвастаи шафтолу дар фасли тобистон ба мардум тавсия медиҳанд. Зеро дар таркиби шафтолу витаминҳои А ва С, инчунин якчанд минералҳои фоиданок мавҷуд буда, чашмро аз хирашавӣ эмин медорад. Бояд ёдрас шуд, ки дар тибби мардумӣ дар баробари мева, инчунин гул, барг, донак ва равғани шафтолу низ васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, нушидани обҷӯши чанд барги шафтолу дарди қабзият ва дамиши шикамро даво мебахшад. Ба гуфти табибон гулҳои наврустаи шафтолу низ хусусияти пешобронӣ доранд.

Ҳамарӯза 3-4 дона шафтолу агар истеъмол кунем, дар бартарафсозии вазни зиёдатӣ кумак мекунад. Ба беморони сияҳбод (подагра), талха ва гурда истеъмоли шафтолу муфид аст. Шафтолу давои камхунӣ буда, аз ҷумла, кори рӯдаҳоро муътадил месозад. Шахсоне, ки шафтолуро бештар истеъмол мекунанд, ба бемории дилу рагҳо, камақлӣ, хотирпарешонӣ гирифтор нахоҳанд шуд. Зеро дар таркиби ин мева элементҳои калий, фосфор, оҳан зиёд аст.

Шафтолу ба шахсоне, ки афзоиши кислотаҳо дар меъда доранд, диабети қанд тавсия дода намешавад. Бояд хотирарсон кард, ки истеъмоли аз меъёр зиёди шафтолу ба шахсони солим низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба тавсияи мутахассисон гирифторони бемориҳои ғадудҳои даруна, ҷигар ва онҳое, ки аз чанги шафтолу аллергия доранд, бояд аз истеъмоли ин меваро худдорӣ намоянд.

Добавить комментарий