Бойгонӣ
Ноябрь 2025 (17)
Октябрь 2025 (20)
Сентябрь 2025 (21)
Август 2025 (40)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)

Меҳри омӯзгор- неруи парвози шогирд

Омӯзгор на танҳо дорандаи дониш, балки раҳнамо, такягоҳ ва чароғи роҳ барои шогирдон аст. Дар мисоли фаъолияти омӯзгори ташаббускор Ҳанифа Раҳимова мо мебинем, ки чӣ гуна меҳнат, сабр ва муҳаббат метавонад ба дастовардҳои бузург роҳ кушояд.
Директори Литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар Шаҳло Насруллоева зимни суҳбате, ки чанд моҳ қабл дар анҷоми соли таҳсил доштем, аз фаъолияти омӯзгор Ҳанифа Раҳимова изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт ки ӯ дар омода намудани шогирдон ба озмуну олимпиадаҳо нақши фаъол ва муассир дорад. Маҳз бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои роҳбари муассиса, мо тасмим гирифтем, ки бо муаллима суҳбати муфассал анҷом диҳем ва фаъолияти ӯро аз наздиктар муаррифӣ намоем.
Мегӯянд, ки муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад. Ҳанифа Раҳимова, омӯзгори фанни биология ва химияи Литсейи давлатии «Ориёно”-и шаҳри Бохтар яке аз он омӯзгорони намунавӣ дар соҳаи маориф аст, ки бо заҳмати пайгирона шогирдони худро ба дастовардҳои баланд расондааст. Таҷрибаи кори ӯ ҳамчун омӯзгор намунаи равшани он аст, ки муваффақият танҳо бо диди васеъ, меҳнати софдилона ва муҳаббати ростин ба шогирд дастрас мешавад.
Фаъолияти омӯзгорӣ барои ӯ аз солҳои душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфтааст. Пас аз хатми имрӯза Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант ба таълиму тарбия машғул шуда, дар шароите, ки омӯзгорони фаннӣ намерасиданд, фанни «Алифбои ниёгон»-ро меомӯзонд. Баъдан, бо ҳисси баланди масъулият ва шавқи доимии такмилёбӣ, таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи факултети химия-биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар идома дода, ихтисоси омӯзгори фанни биология ва химияро соҳиб шуд ва аз соли 2018 инҷониб дар Литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар фаъолият мекунад.
НАХУСТҚАДАМҲО БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ
Усули таълими ӯ барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо аз китоби синфҳои поёнӣ оғоз меёбад. Омӯзиш аз китобҳои синфҳои поёнӣ имкон медиҳад, ки шогирд бо фан хуб ошно шавад ва ба дарки чуқури мавзуъҳо расад. Ҳанифа Раҳимова маводи дарсиро на танҳо бо истифода аз китобҳои дарсӣ, балки тавассути тарҷумаи китобҳои русӣ ва омӯзиши амиқ пешниҳод мекунад.
Вақти зиёди берун аз дарс — то 3 – 4 соат дар рӯз барои омӯзиш ва такмили малакаи шогирдон ҷудо мешавад. Муаллима бо шавқу рағбати зиёд шогирдони болаёқатро барои иштирок дар олимпиадаҳо омода месозад. Муваффақияти ин заҳматҳо возеҳанд: танҳо дар соли таҳсили 2024–2025 даҳ шогирди ӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд — аз ҷумла, ҷойи якум, дуюм, сеюм ва ҷойи ифтихорӣ.
РАҲНАМО ВА ТАКЯГОҲ
Ҷанбае, ки фаъолияти омӯзгориро боз ҳам арзишманд мекунад, муносибати ахлоқӣ ва руҳбаландкунандаи ӯ нисбат ба шогирдон аст. Ҳанифа Раҳимова бар он назар аст, ки ҳатто дар ҳолати муваффақ нашудани шогирд, омӯзгор набояд руҳафтода шавад. «Боз кӯшиш мекунем, боз меҳнат мекунем»,- мегӯяд ӯ.
Иртиботи муназзам бо падару модарон низ дар кори ӯ нақши калидӣ дорад. Бо ҳамкории зич, омӯзгор ва волидайн якҷо барои рушду ташаккули ҳамаҷонибаи хонандагон талош мекунанд. Ин ҳамоҳангӣ сабаби он мешавад, ки хонанда на танҳо дар дарс муваффақ мешавад, балки барои зиндагии мустақил низ омода мегардад.
АЗ КӮШИШ ТО ПИРӮЗӢ
Ҳанифа Раҳимова намунаи омӯзгори замони нав аст, шахсе, ки бо заҳмат, фидокорӣ, масъулият ва муҳаббати бузург тавонистааст на танҳо шогирдон, балки ҳамкасбонро низ илҳом бахшад. Таҷрибаи ӯ собит месозад, ки ҳар омӯзгор метавонад бо муносибати дуруст, усули замонавӣ ва эҳсоси баланди инсондӯстӣ дар ташаккули насли солиму соҳибмаърифат саҳми назаррас гузорад.

М. Акрамов
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019