Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Боғпарвари “Боғистон”
Ҳамасола дар охири моҳи ноябр, ки аллакай аз асари сардиҳо шохаҳои дарахтон аз баргҳои хазонрез тиҳӣ мегардад, деҳқонону боғпарварон ба ниҳолшинонӣ шуруъ менамоянд. Чун таҷрибаи садсолаҳо боғпарварон то мавсими ба қавле дубора бедор шудани замин метавонанд ниҳол шинонанд. Аммо, бинобар надонистани нозукиҳои ниҳолшинонӣ, баъзе аз ниҳолу қаламчаҳои шинонидашуда ва ҳам пайванди навниҳолон намесабзанд. Ба хотири огоҳӣ аз усулҳои судманди мавсими ниҳолшинонӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам суҳбате доштем бо боғпарвари соҳибтаҷриба Сабзалӣ Ҷобиров.
- НАХУСТ ДАР БОРАИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАВСИЯҲОИ ХУДРО МЕГУФТЕД
- Пеш аз ҳама бояд ба интихоби ниҳоли хушмева таваҷҷуҳ кард, зеро на ҳама ниҳолони дар бозор ба фурӯш гузошташуда, меваи хуб ба бор меоварад. Тибқи таҷрибаи бисёрсола, аслан ниҳоли хуб тақрибан 1,5 метр баландӣ дошта, решааш аз 3- 4 шохаи асосӣ иборат аст. Ҳангоми гирифтани ниҳоли парваришёфта бояд кӯшиш кард, ки решаҳои он бе осеб аз замин берун бароварда шаванд. Барои ин дар хоҷагиҳо аз бели махсус истифода мебаранд. Пас аз гирифтани ниҳол, решаро бо халтаи полиэтиленӣ пӯшонида, ҳамон рӯз ба ҷойи лозима шинонидан тавсия дода мешавад.
Ҳамчунин, бояд ба эътибор гирифт, ки ниҳол аз замини корам 25-30 сантиметр дар баландӣ шинонида шавад. Ба ҳисоби миёна барои шинонидани ниҳолони дусолаи пайвандӣ чуқурии замин ҳудуди 50 сантиметр ва атрофаш каме васеътар омода карда мешавад. Ҳангоми шинонидани ниҳол дар атрофи реша пору рехтан мумкин нест, зеро он метавонад решаро сӯзонида, ниҳолро хушк кунад. Дар вақти ниҳолро шинонидан заминро намнок кардан кифоя аст. Ҳамчунин, ҷойи пайвандкардашудаи ниҳол бояд аз сатҳи замин 5 сантиметр баланд бошад. Дар ин ҳолат ниҳол зудтар самаровар гардида, соли аввал агар 5-6 дона мева бандад, соли дуюм пурра ҳосил медиҳад.
- Ниҳолро дар кадом моҳ шинонидан беҳтар, охири тирамоҳ ё дар фасли зимистон?
- Албатта, маъракаи ниҳолшинонӣ то оғози фасли баҳор идома дорад, аммо беҳтарин айёми ниҳолшинонӣ ин моҳи декабр аст. Зеро дар ин моҳ ниҳоли парваришёфтаро аз сари замин метавон дастрас намуд. Илова бар ин, аз минтақаи ниҳолпарварӣ то мавзеи ниҳолшинонӣ решаи навниҳолонро бо матоъ ё воситаҳои полиэтиленӣ печонидан лозим аст. Ҳамчунин, ниҳолонро дар рӯзи аз замин гирифтан дар ҷойи лозима шинонем, бо ин амал ниҳол аз бод ва зарарасонҳо муҳофизат мешавад.
– МЕГУФТЕД, КИ БАЪД АЗ НИҲОЛРО ШИНОНИДАН ОНРО ЧӢ ГУНА БОЯД НИГОҲУБИН КАРД?
- Барои гирифтани ҳосили хуб, буриши шохаҳои беҳосили дарахтон лозим аст, зеро шохаҳои беҳосил ба сабзиши шохаҳои ҳосилдеҳ монеъ мешаванд. Шохаҳои нолозимро дар соли дуюми нашъунамои дарахтон бояд тарзе бурид, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад. Баъзан бо нияти ба дарахт сабукӣ овардан ё шамол дарояд гуфта, бештаре аз боғдорон навдаҳоеро мебуранд, ки аз банди даст ғафстар шудаанд. Ин амал ба камҳосилӣ ва ҳатто ба хушк шудани дарахт оварда мерасонад. Ҳамчунин, дар мавсими баҳор ба танаи дарахт маҳлули оҳак молидан лозим аст, то навдаҳо аз ҳашароти зараррасон муҳофизат шаванд.
Инчунин, барои нашъунамои хуб ба ниҳол, поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ дода мешавад. Дар моҳҳои декабр ва январ ба боғистон яхоб монда мешавад, то ниҳолон карахт монда, аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат ёбанд. Дар оғози фасли баҳор нарм кардани зери ҳар бех дарахтон ба нумӯи решаи он мусоидат менамояд. Дар марҳилаи сабзиш таъмини ниҳолон бо дигар моддаҳои органикӣ низ бояд дуруст ба роҳ монда шавад.
- ХУБ МЕШУД КАМЕ АЗ ҲАЁТУ ФАЪОЛИЯТИ ХУД ҚИССА МЕКАРДЕД, КИ БОҒПАРВАРИРО АЗ КИҲО ОМӮХТАЕД?
– Соли 1955 дар деҳкадаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, дар оилаи деҳқон ба дунё омадаам. Баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба курси ронандагӣ дохил шуда, пас аз он, дар солҳои 1973-1975 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардидам. Хизмати ҳарбиро дар Ҷумҳурии Қазоқистон адо бинмуда, баъди бозгашт ба Ватан дар базаи мошинҳои хоҷагии қишлоқи собиқ Калининобод ронандаи мошини боркаш будам. Дар баробари ронандагӣ ба пайвандкунии ниҳолони мевадиҳанда машғул мешудам. Ин ҳунарро аз мулло Ҳофиз гуфтани пайвандгари он замон омӯхтаам, ки боре ба хонаи мо омада, дарахтони мевадиҳандаи ҳавлии моро пайванд карда буд. Он замон бачаи наврас будаму ба рафти пайванд кардани ниҳолон ба кори ӯ диққат дода, баъдан, аз рӯи завқу ҳавас худ ин корро анҷом додам.
- ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОҒИСТОН”, КИ РОҲБАРИАШРО ШУМО БА ЗИММА ДОРЕД, ДАР ТАЪМИНИ ХОҶАГИДОРОН БА НИҲОЛОНИ МЕВАДИҲАНДА ЧӢ НАҚШ ДОРАД?
- Хоҷагии деҳқонии “Боғистон”-ро дар соли 2010 таъсис дода будем, ки дар солҳои аввал боғдорони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, баъдан аз дигар деҳу рустоҳои ноҳия ва берун аз он барои харидани ниҳолони пайвандкардаи мо меоянд. Солона садҳо бех ниҳолони дар хоҷагии мо парваришёфтаро бо арзиши 10 - 25 сомонӣ ба фурӯш мебарорем.
Барои бехато пешниҳод кардани навъҳои ниҳолони мевадиҳанда мо ҳар як қатори ниҳолпарвариро рақамгузорӣ кардаем. Дар саргаҳи ҷӯякҳо номи ниҳол соли пайванд ва навъи пайванд дар овезаҳо дарҷ гардидааст. Ин усул аз як тараф кори моро дар мавсими ниҳолфурӯшӣ осон мегардонад, аз тарафи дигар харидорони ниҳол мутмаин мешаванд, ки ниҳоли дархосткардаашонро ба даст хоҳанд овард.
– БА ҶАВОНОНЕ, КИ БА КАСБУ КОРИ НИҲОЛПАРВАРӢ МАШҒУЛАНД, ЧӢ ГУФТАНИҲО ДОРЕД?
– Нахуст ба ҳамаи ҳампешагонам дар ин ҷода муваффақият ва баракати боғдориро орзумандам. Албатта, ҳар як ниҳолпарвар маҳорату таҷрибаи хоси худро дорад. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки баъзе ниҳолпарварон дар вақти пайвандкунии қаламчаҳои аз дарахтони меваҳои хушсифат, маводи ширешдор (скоч) истифода мебаранд, ки ин омил ба ҷойи буриш часпида ба нашъунамои дарахт халал мерасонад. Аммо плёнка бошад, нарм асту ба реша осеб намерасонад. Ҳамин тавр, бо таҷрибаи бисёрсола дар ин ҷода, мо муғчапайвандро аз моҳи август то ноябр, кундапайванд ва навдапайвандро аз охири феврал то нимаи апрел ва найчапайвандро асосан дар моҳи май анҷом медиҳем. Баъдан, барои ниҳолони меваи хушсифат беҳтар аст, ки пайвандгарон аз дарахтони намунавии дар боғистони худашон парваришкарда истифода баранд. Бинобар ин, дар пешаи пайвандгариву ниҳолпарварӣ боғпарваре муваффақ мешавад, ки он фоидаву баракатеро худ мехоҳад, ба мардум ҳам орзу дошта, ба хотири пешрафти дигарон ҳам ҷидду ҷаҳд намояд.
Мусоҳиб Маҳмадалӣ Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД 13:06Боғпарвари “Боғистон” 13:32АЗ РУШОН ТО ДӮСТӢ: ҲАЁТИ ЯК ФИДОИИ МАОРИФ 13:27Меҳри омӯзгор- неруи парвози шогирд 13:22ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД 13:59Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон 13:26Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ 12:58Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид 12:19
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БИЁ, МО НАРАВЕМ
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ



