Бойгонӣ
Апрель 2025 (19)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

ВАҲДАТ- БАҚОИ МИЛЛАТ


                                                                                                    Сухани сармуҳаррир

23 сол қабл рўзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскваи Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рўйдоди бузургу муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Бо ибораи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Созишномаи умумӣ санади наҷоти миллат ва оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад».

 Вақте дар бораи Ваҳдати миллӣ ҳарф мезанем, бешак пеши назар симои нуронии Пешвои миллат ҷилвагар мешавад. Сарнавишти ин шахсияти таърихӣ бо ваҳдати миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Насли калонсоли мо хуб дарк мекунанд, ки ваҳдати тоҷикон чӣ гуна ба даст омад ва он чӣ арзише дорад. Вожаи «ваҳдат» барои мардуми тоҷик ва кулли тоҷикистониён азизу муқаддас асту гаронмоятарину некутарин неъмату дастовард маҳсуб меёбад.

Тоҷику тоҷикистониён шоҳиди корномаҳои таърихии абармарди барўманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки ба вазъи мураккабу хатарноки он замон нигоҳ накарда, сулҳро бар ҳар хонадон эҳдо намуданд. Тавре Шукурҷон Зуҳуров, собиқ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи «Халқро аз парокандагӣ ва миллатро аз нестшавӣ наҷот дод» навиштааст: «Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғўш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ба миллат ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари соҳибдавлат то ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид сохт, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дуруст гуфтаанд, ки кори як маърўза ва ҳатто як китоб ҳам нест. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рўҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозад».

Имрўз Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа рушд мекунад. Аз ҷумла, вилояти Хатлон тараққӣ карда, корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Солҳои охир дар вилояти Хатлон даҳҳо иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ҳамаи дастовардҳо бешак самараи сулҳу суботи кишвар, сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳар шахси бонангу номус ва ватандўст бояд барои таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, оромию суботи сарзамину сарҷамъии миллат талош намояд. Зеро мо ҳанўз ҳам душман дар камин дорем. Пешрафти кишвар, сарҷамъӣ, шодию нишоти мардум ба чанд нафар бемори равонӣ маъқул нест, ки онҳо аз дур истода ҳар лаҳза мардумро ба шўр овардан мехоҳанд. Онҳо бо иғвову дасиса ва туҳмату буҳтон мехоҳанд моро ба солҳои 90-уми қарни гузашта баранд. Аммо мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик дигар ба дасисаи душман дода намешаванд, зеро дар он солҳои ҷанги бемаънӣ дарду ранҷи зиёд кашиду акнун ваҳдати миллиро ҳамчун арзишмандтарин неъмат муқаддас медонанд. Ваҳдат бақои миллату давлат ва асоси хушбахтист. Ин маъниро халқи тоҷик амиқ дарк мекунад ва дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони кишвар саъю талош менамоянд.

Ҷовидон бод, ваҳдати тоҷикон!

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019