Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ ТЕАТРИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ АТО МУҲАММАДҶОНОВИ Ш. БОХТАР
Имрӯз, 5-уми ноябри соли равон, дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии таъсисёбии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, аҳли зиё, кормандони соҳаи фарҳанг ва дӯстдорони санъати театрӣ иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки театри мазкур дар тӯли ҳашт даҳсола дар ҳаёти фарҳангии минтақа ҷойгоҳи хос пайдо карда, бо саҳнагузории асарҳои гуногуни драмавию мазҳакавӣ дар рушди санъати театрӣ ва тарбияи завқи эстетикии ҷомеа саҳм гузоштааст.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ҳангоми суханронӣ аз таърихи таъсисёбии театр, роҳи тайкардаи он ва нақши ҳунармандону кормандони соҳа дар ҳифзу рушди анъанаҳои театри миллӣ ёдовар шуда, ҳайати эҷодиро ба муносибати ҷашн табрик намуд.
Зикр гардид, ки ҳунармандони театр дар ҷашнвораҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, тавассути ҳунари саҳнавии худ фарҳангу ҳунари миллиро муаррифӣ менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор ҳунармандону кормандони театр туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сипосномаҳо тақдим гардида, намояндагони соҳаи фарҳангу ҳунар бо нишони сарисинагӣ қадрдонӣ шуданд.
Барномаи рангини ҳунарӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони театр пешниҳод гардид, бахши дигари чорабиниро ташкил дода, ба таҷлили ин санаи фархунда шукӯҳи хос бахшид.
80 соли фаъолияти театр қисмате аз таърихи фарҳангии Хатлон аст, ки дар он наслҳои гуногуни ҳунармандон бо нақшофарӣ, эҷод ва садоқат ба саҳна саҳми худро гузоштаанд.
М. Маҳмадалиев «САФО»
📷: Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР 15:00ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ 14:55ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН 14:51ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:45БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:41КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ ВА ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ 14:37«Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад» 14:33РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД 14:30
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД




