Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 5 ноябри соли 2026, дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар кори он муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони касбу кори гуногун, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, заминаи ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти ҷомеаро фароҳам овард. Ин санади сарнавиштсоз самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян намуда, барои рушди низоми қонунгузорӣ ва ниҳодҳои давлатӣ заминаи устувор гузошт. Зикр шуд, ки эҳтиром ба Конститутсия ва риояи меъёрҳои он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад. Моро зарур аст, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободонии Ватан барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намоем.
Дар идомаи чорабинӣ доир ба аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва тарбияи ҳуқуқии насли ҷавон андешаҳо баён гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба муносибати ин санаи фархунда барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
М. Маҳмадалиев «САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР 15:00ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ 14:55ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН 14:51ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:45БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:41КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ ВА ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ 14:37«Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад» 14:33РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД 14:30
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД




