Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад.
Як посӣ шаб буд. Давлат Каримов дар ҳуҷраи нимторики худ нишаста, наворҳои “зиндагии орзуӣ дар Аврупо”-ро тамошо мекард. Дар яке аз видеоҳо, ҷавоне назди мошини гаронбаҳо истода мегуфт, “Агар зиндагии хубу кори нағз дар Аврупо мехоҳӣ, пас ман омодаам ба ту кумак кунам”...
Дили Давлат гум зад. Худро як лаҳза дар кӯчаҳои Аврупо тасаввур кард. Аз пешаш, биноҳои баланд ва тарҳи зебо гузашт. Шароити зиндагии беҳтари худро дар Ватан тасаввур кард...
Он вақт Давлат намедонист, ки баъди чанд ҳафта, на Аврупо, балки қарз, фиреб ва ноумедӣ интизораш аст. Аммо мисле, ки Аврупо, ягона роҳи ӯ буд.
Зеро ӯ аллакай роҳи Русияро аз даст дода буд. Пас аз як рейд, номаш ба рӯйхати “депорт” афтод. Барои марде, ки даҳ сол зиндагияшро аз муҳоҷират сохта буд, ин танҳо як маҳдудият набуд, фурӯ рехтани ягона роҳи даромад буд.
– То чанд соли пеш, зиндагии ман ба муҳоҷират сахт вобаста буд,– нақл мекунад Д. Каримов.– Беш аз даҳ сол ба Русия рафтуомад доштам. Он ҷо кор карда, оиладор шудам, хона сохтам, зиндагии худро пеш бурдам. Аммо тақдир ба ин рӯзҳо расонид...
Сукути дуру дароз ва ёд аз гузашта.
–Дар Тоҷикистон ҳам кор ҳаст, аммо зиндагиро пеш бурдан душвор, – мегӯяд ӯ.
– Вақте дар хона кӯдак дорӣ, дигар маҷбур мешавӣ ба ҳар имконият бовар кунӣ…
Ҳамин боварӣ ӯро ба як паёми оддӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонд.
–Рӯзе, баъди тамошои яке аз ҳамин видеоҳо, ба ман паём омад, – ёд меорад Давлат. –Навишта ба русӣ буд. Муаллифи паём худро рустабор, аммо иқоматкунандаи Англия муаррифӣ кард. Мегуфт ба ҷавонони Осиёи Марказӣ кумак мерасонад то дар Англия соҳиби кор шаванд.
Суҳбатҳои аввал оддӣ буданд. Баъд занги видеоӣ шуд. Мард бо эътимод ҳарф мезад, аз имкониятҳои зиёд ва зиндагии беҳтар қисса мекард. Давлат оҳиста-оҳиста бовар кард.
– “Гуфт, аввал ҳама ҳуҷҷатҳоро худаш омода мекунад. Вақте ба Англия расидам, баъд маблағҳоро кор карда медиҳам,” – ба ёд меорад ӯ.Аммо баъди чанд рӯзи суҳбат, баҳонае пайдо шуд.Гуфт, барои омода кардани баъзе ҳуҷҷатҳо маблағ лозим аст.
Давлати зудбовар ҳам 10 ҳазор сомонӣ (ҳазор доллари амрикоӣ) фиристод. Баъди он, хомӯшӣ.Паёмҳо беҷавоб монданд. Зангҳо қабул нашуданд. Ва чанде пас, тамоми саҳифаҳои он мард аз шабакаҳои иҷтимоӣ нопадид шуданд.
Дақиқан, “депорт” аз Русияю бекории моҳҳои охир ва ваъдаҳои зиндагии беҳтар дар Аврупо, Давлат Каримовро водор кард дубора роҳи муҳоҷиратро пеш гирад. Дар интиҳо, ӯ на ба зиндагии орзуӣ, балки ба доми фиреб ва қарзҳои зиёд гирифтор шуд.
40 ҳазор сомонӣ сарф шуд, аммо “виза”... дар роҳ аст?
Интизорӣ хело сахт аст. Шабҳоят тулонӣ мегардад. Рӯзҳоят боз меистад. Фишорҳо аз сӯйи атрофиён зиёд мешавад. Хоса вақте, ки маблағ сарф мешаваду дар иваз, ту танҳо ваъда мешунавӣ... Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки руҳафтода мешавӣ. Ноумед мегардӣ.
Ин аст ҳолати ҷавононе мисли ман, ки барои расидан ба Аврупо, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меҷӯянд...
Садо лаҳзае қатъ мешавад. Аз он тарафи гӯшӣ, танҳо ғуввости пасти хат, яъне мавҷи телефон шунида мешавад. Фикр мекуни, ки аллакай ӯ телефонро қатъ кардааст. Аммо не... Пас аз лаҳзае хомушӣ, дубора садои хастаи Ш. М. баланд мегардад.
–7 моҳ шуд, маблағ сарф дораму интизорираводид (виза)-и худ ҳастам, -мегӯяд Ш. М. То имрӯз тақрибан 40 ҳазор сомонӣ сарф кардаам. Ӯ оҳиста суҳбат мекунад. Гӯё ҳар ҷумлаеро пеш аз гуфтан дар сараш чанд бор бармегардонад.
– Аммо фикр намекунам фиреб хӯрда бошам, – илова мекунад баъди каме сукут. Пеш аз ин, бо бисёр одамоне рӯ ба рӯ шуда будам, ки ҷавононро бо ваъдаи кор дар Аврупо фиреб медиҳанд. Барои ҳамин ҳоло эҳтиёт мекунам.
Ҳарчанд суҳбат пушти гӯшии телефон сурат мегирад, аммо чеҳраи Ш. М. пеши назари ман қарор гирифтааст. Бале, афсурдааст... Омодааст ашк резонад, то сабук гардад. Не, ин коррро намекунад. Зеро худро қавӣ нишон додан мехоҳад. Аз сӯйи дигар, намехоҳад ноумед гардад. Барои ин, 4 моҳи дигар ҳам вақт дорад.
– То ҳол умед дорам, – мегӯяд бо садое, ки бештар ба қонеъ кардани худ монанд аст. – Гуфтанд, ки боз чор моҳи дигар лозим мешавад. Баъд “виза” омода мегардад.
Дар миёни суҳбат, ӯ чанд бор номи ширкатеро, ки ҳоло бо он дар тамос аст, ба забон оварданӣ мешавад, аммо боз худдорӣ мекунад.
Ш. М. мегӯяд, қабл аз пайдо кардани ширкате, ки ҳоло ҳуҷҷатҳояшро “пеш мебарад”, бо даҳҳо саҳифа ва нафароне суҳбат кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро “намояндаи ширкатҳои хориҷӣ” муаррифӣ мекарданд.
– Қаллобон як одат доранд, зиёд менависанду бисёр ваъдаҳо медиҳанд, – ёд оварда мегӯяд ӯ. – Ҷойи кори муносиб, маоши баланд, кори сабук ва ҳуҷҷатгузориҳои ройгон. Аммо вақте, ки кор оғоз шуд, зуд барои хароҷоти ин ё он ҳуҷҷат аз ту маблағ талаб менамоянд. Ҳамин “схема” барои ман ошно аст. Вақте бо ин гуна одамон рӯ ба рӯ мешавам, ҳатман дурӣ меҷӯям.
Аврупо орзу аст, аммо роҳ пур аз хатар
Одат дорем баъзан шомгоҳон бо ҳамсояҳову рафиқон сари як пиёла чой ҷамъ шавем. Он рӯз ҳам дар як ошхонаи канори роҳ нишаста будем. Бӯи чойи кабуду нони гарм фазоро пур карда буд. Суҳбат аз зиндагӣ, муҳоҷират ва қиматии рӯзгор мерафт.
Ногоҳ Раҳим – ҳамсояи дасти чапам – оромона гуфт:– Бачаҳо, омадам бо шумо хайру хуш кунам...
Ҳама ба рӯяш нигоҳ кардем. Касе аввал нафаҳмид, шӯхӣ мекунад ё рост. Вале аз нигоҳаш маълум буд, ки тасмимашро гирифтааст.
Чанд моҳи охир ӯ пайваста дар телефон менишаст. Гоҳе дар Telegram, гоҳе дар WhatsApp. Мегуфт бо як ширкате дар тамос аст, ки одамонро барои кор ба Аврупо мебарад. Мо борҳо гуфтем, – Раҳим, эҳтиёт шав. Имрӯз қаллоб бисёр аст. Бовар накун, ки охир фиребат медиҳанд.
Ӯ танҳо табассум мекард.
Он шаб бошад, бо як хушҳолии аҷиб аз ояндаи наздикаш ҳарф мезад. Мегуфт дар Аврупо зиндагӣ дигар аст, кор ҳаст, маош баланд аст, одам қадр дорад. Ҳатто гуфт, ки баъди расидан, моро ҳам даъват мекунад.
Баъд аз чанд ҳафта, ӯ рафт.
Ҳоло аз он шаб танҳо як хотира мондааст, пиёлаҳои нимхолии чой ва сукуте, ки баъди хайру хушаш болои мизи мо нишаста буд.
– Баъди он ки видеоҳо ва зангҳои Раҳимро аз Аврупо дидам, ман ҳам дар фикри рафтан мондам, – қисса мекунад Сайнуриддин Талбиев, ҷавоне, ки имрӯз роҳҳои ба Аврупо рафтанро меомӯзад.
Ӯ мегӯяд ҳар шаб то дер дар телефон менишинад. Дар ду ҳафтаи охир бо тақрибан даҳ ширкат суҳбат кардааст. Ҳама ваъдаҳои монанд медиҳанд, кори хуб, ҳуҷҷатгузории осон ва зиндагии беҳтару маоши баланд.
– Баъзеашон чунон боварибахш ҳарф мезананд, ки кас гумон мекунад фардо аллакай дар Аврупо зиндагӣ мекунад, – қайд мекунад ӯ.
Ҳоло бештар бо ду духтаре бо номи Ясмина ва Натали Девидиян дар тамос аст.
Ба идаои ӯ, Ясмина худро ҳамчун менеҷери як ширкат дар Чехия муаррифӣ кардааст. Ин ширкат гӯё одамонро ба корхонаҳову фермаҳо ба кор таъмин мекардааст.
Шартҳое, ки ӯ пешниҳод мекунад, барои бисёриҳо мисли орзу садо медиҳад, донистани забон шарт нест, ҷойи хобу се вақт хӯрок таъмин мешавад, маош бошад то 3–4 ҳазор евро.
Вақте Сайнуриддин дар бораи ин рақамҳо ҳарф мезанад, аз нигоҳаш метавон фаҳмид, ки орзу ва шубҳа дар дилаш ҳамзамон мубориза доранд.
– Баъзан фикр мекунам, шояд ин имконияти зиндагии нав бошад. Вале баъзан метарсам, ки мабодо ҳамааш фиреб бошад, – мегӯяд ӯ.
Ӯ ҳоло тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Маблағ ҳам нафиристодааст. Зеро пеш аз ҳар қадам мехоҳад бештар омӯзад, бештар пурсад ва мутмаин шавад.
Чун яқин аст, ки дар паси орзуи Аврупо, на танҳо умеди зиндагии беҳтар, балки хатари фиреб хӯрдан ҳам пинҳон аст.
“Кор дар Аврупо”, ҷумлае, ки метавонад садҳо ҷавонро фиреб диҳад...
Аврупо барои бисёре аз ҷавонони тоҷик, дигар танҳо як қитъа нест. Роҳи гурез аз бекорӣ, имконият барои зиндагии беҳтар ва боз шудани роҳи нав барои муҳоҷирати меҳнатӣ унвон мешавад.
Шояд маҳз ҳамин эҳтиёҷот, давлатҳои аврупоиро имрӯз ба орзу табдил додааст. Орзуе, ки ҳар шаб аз дохили экрани телефон ба хонаҳо медарояд.
Зеро дар TikTok, Instagram, Telegram ва Facebook садҳо эълон давр мезанад. Кор дар Аврупо бо маоши баланд, ҷойи хоби бепул ва 3 вақт хӯрок.
Як паём, як занги телефони бо рақами хориҷӣ, як занги видеоӣ ва баъд ваъдаҳое, ки хастатарин одамро ҳам водор мекунад ба он тарафи телефон буда, эътимод бандад.
Ҳамин тавр, роҳи муҳоҷират ба Аврупо барои бисёриҳо на аз сафоратхонаҳо, балки аз экрани телефон ё худ шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз мешавад.
ИНФОГРАФИКА 1 – 5 кишвари Аврупо, ки тоҷикон бештар роҳи онро меҷӯянд
Ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки чаро ҷавонони Тоҷикистон, сарфи назар аз хатарҳо ва номуайянӣ, ҳамоно тасмим мегиранд роҳи Аврупоро интихоб кунанд. Сабабҳо гуногунанд, бекорӣ, қарз, ноумедӣ аз оянда ва ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар. Аммо маҳз ҳамин осебпазирӣ онҳоро ба ҳадафи осони қаллобони интернетӣ табдил медиҳад. Дар натиҷа, ин хатар танҳо бо як паёми одӣ маҳдуд намешавад.
ИНФОГРАФИКА 2 – “Роҳ ба Аврупо”
Баҳром Раҳматҷонов, коршиноси соҳа, бар ин назар аст, ки миёнаравҳои интернетӣ ё худқаллобон танҳо одамони тасодуфӣ нестанд, онҳо донишманд, психолог ва технологи хубанд. Нағз медонанд, ки ҳамсуҳбаташон дар кадом ҳолат қарор дорад ва чӣ суханро шунидан мехоҳад.
– Зудбоварӣ, надоштани маълумоти кофӣ, надонистани забон ва ҳуқуқҳои худ, шаҳрвандони моро осебпазир мекунад, – мегӯяд Б. Раҳматҷонов, коршиноси соҳа. – Бисёриҳо пеш аз фиристодани маблағ ҳатто намедонанд аз куҷо маслиҳат пурсанд ё воқеӣ будани пешниҳодро чӣ гуна тафтиш кунанд.
Зеро имрӯз, дар паси ҷумлаи одии “кор дар Аврупо”, на танҳо орзуи зиндагии беҳтар, балки хатари фиреб ҳам пинҳон аст.
ИНФОГРАФИКА –Муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон дар солҳои 2019–2025

Ба гуфтаи Баҳром Раҳматҷонов, барои паст кардани ҳолатҳои фиребхӯрӣ, моро зарур меояд, аз мактаб корҳои фаҳмондадиҳию огоҳикуниро шуруъ намоем. Саводнокии молиявӣ, фаҳмидани хатари схемаҳои интернетӣ ва қудрати зеҳни сунъӣ, метавонад талафоти калонро наҷот диҳад.
– Ҳоло аксар аз сокинон ҳатто намедонанд, ки қалобони интернетӣ, ҳамиллатони худи онҳоро ҳам истифода мекунанд, – қайд мекунад ӯ. – Чун сол то сол буду бош дар Русия сангинтар мешавад, Аврупо дар ин ҳолат на танҳо як самт, балки як рамзи зиндагии беҳтар мегардад. Ва вақте рамз аз воқеият қавитар мешавад, инсон омода аст ба ҳар паёме, ки он рамзро наздик нишон медиҳад, бовар кунад.
Дар воқеъ, дар чунин ҳолат бозори миёнаравҳо ва қаллобони интернетӣ фаъол мешавад. Онҳо воқеият намефурӯшанд, онҳо эҳсос мефурӯшанд. Ба одам “кор” не, “наҷот” пешниҳод мекунанд. Ба ӯ на шартнома, балки умед медиҳанд. Ва умед, вақте, ки санҷиш надорад, хеле осон ба абзори фиреб табдил меёбад.
Ба таъкиди ин коршинос, сабаби дигар ин аст, ки роҳи расмӣ барои бисёриҳо ҳамеша равшан ва дастрас нест. Ҳуҷҷатгузорӣ мураккаб, иттилоот пароканда ва машварати боэътимод кам аст. Дар чунин холигӣ, ҳар касе ки бо боварӣ сухан мегӯяд, ба назар “ҳалкунанда”-и мушкил менамояд, ҳатто агар ӯ қаллоб бошад.
Дақиқан, бояд фосила миёни шаҳрванд ва иттилооти расмӣ кам шавад. То он замоне, ки шаҳрванд ҷавоби саволашро аз Инстаграм ё дигар шабакаи иҷтимоӣ мегирад, на аз манбаи расмӣ, ҳамон хатар боқӣ мемонад. Ҳар кас бояд донад, ки суръати зуд ба Аврупо, қариб ҳамеша нишонаи хатар аст. Чун равандҳои воқеӣ, одатан вақт, санҷиш ва ҳуҷҷат доранд, на ваъдаҳои фаврӣ.
Дар баробари ин, технологияи нав, махсусан зеҳни сунъӣ, вазъро боз ҳам мураккабтар кардааст.
Қудрати зеҳни сунъӣ (ИИ) дар дасти қалобони интернетӣ
Имрӯз фиреб метавонад овоз, чеҳра ва ҳатто суҳбати зинда дошта бошад. Бе он, ки дар асл каси дигар дар он тараф нишаста бошад.
Дақиқан, қисме аз фиребҳое, ки ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, акнун бо истифода аз зеҳни сунъӣ (ИИ) сохта мешаванд – аз овози инсон то видео ва ҳатто суҳбати зинда.
Рустам Гулов, коршиноси технологияҳои рақамӣ, мегӯяд, мо ба марҳилае ворид шудаем, ки фарқ кардани “воқеӣ” ва “сохта” барои корбари одӣ рӯз ба рӯз душвортар мешавад.
– Пештар қаллобиро аз хатогиҳои навиштӣ ё шубҳанок будани паём мешинохтанд, – мегӯяд ӯ. – Имрӯз бошад, ИИ яъне зеҳни сунъӣ метавонад паёмро комил, табиӣ ва ҳатто бо услуби шахси воқеӣ нависад.
Ба таъкиди ӯ, хатар танҳо дар матн нест. Технологияаллакай ба сатҳе расидааст, ки овозро тақлид мекунад, симои инсонро месозад ва ҳатто занги видеоиро ба назар воқеӣ нишон медиҳад.
– Шумо метавонед бо “менеҷер”-е суҳбат кунед, ки дар асл вуҷуд надорад. Овозаш шинос аст, чеҳрааш воқеӣ менамоядва ҳатто ҷавобҳояш ба саволҳои шумо мувофиқанд, – мегӯяд Р. Гулов.
Ба гуфтаи коршинос, ҳамин ҷо хатари асосӣ оғоз мешавад, бовар. Чун вақте, инсон бовар кард, санҷиданро дер мекунад.
– Қаллобони муосир дигар танҳо одамони тасодуфӣ нестанд, – мегӯяд ӯ. – Онҳо системаи корӣ доранд. Аз маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, профили шахсро меомӯзанд ва маҳз ҳамон нуқтаеро меёбанд, ки инсон осебпазир аст, – шарҳ медиҳад ӯ.
Рустам Гулов таъкид мекунад, ки мубориза бо чунин фиребҳо танҳо бо технология намешавад. Ҳимояи асосӣ – огоҳӣ ва тафаккури интиқодист.
– Агар пештар мегуфтанд “ба ҳар чизи шунидаат бовар накун”, имрӯз бояд гуфт, ҳатто ба он чизе, ки мебинӣ ва мешунавӣ, фавран бовар накун, – мегӯяд ӯ. –Зеро дар замони нав, на ҳама чизе, ки мебинӣ ҳақиқат аст – ва на ҳама чизе, ки мешунавӣ, воқеӣ.
Дар асл,зеҳни сунъӣ (ИИ)бад нест. Аммо вақте ба дасти қаллоб меафтад, он ба воситаи хеле пурқуввати фиреб табдил меёбад. Масалан, бисёриҳо то ҳол бовар доранд, ки агар занги видеоӣ шуд, пас инсон ҳақиқӣ аст. Ҳол он ки имрӯз технология метавонад ҳатто чеҳра ва овозро сохта нишон диҳад.
Ба назари коршинос, дар шароити имрӯз, саводнокии рақамӣ дигар як интихоб нест — он як зарурат аст. Зеро ҳамон технологияе, ки барои осон кардани зиндагӣ офарида шудааст, метавонад ба воситаи фиреб ҳам табдил ёбад.
Ба ҷойи хулоса.
Фиреби муҳоҷирон як ҳодисаи ҷудогона нест, он ба як низоми муназзам табдил ёфтааст, ки аз орзуҳои одамон истифода мекунад.Яке аллакай пулро аз даст додааст. Дигаре ҳанӯз интизор аст. Сеюмӣ бошад, танҳо дар оғози роҳ қарор дорад.
Савол ин аст, оё ин занҷираро метавон шикаст ё ҳар дафъа қаҳрамони наве ба он ҳамроҳ мешавад?
Ба мисоли ҳикояи ин се нафар, ки якдигарро намешиносанд, аммо дар як роҳанд. Роҳе, ки метавонад ба фиреб барад...
Низомиддин Исоев,
Журналист
Добавить комментарий
Ахбор
АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



