Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ БОҒИ НАВБУНЁДИ ПИСТАЮ БОДОМ ДАР ҶАЙҲУН
Дар ноҳияи Ҷайҳун раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо фаъолияти чанде аз хоҷагиҳои пиёзкор шинос шуданд.Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун дар тамоми қаламрави кишвар бештар бо пиёзу сабзикорӣ ва лимӯпарварӣ машҳур буда, маҳсулоти парваридаашон на танҳо дар бозорҳои дохили мамлакат, балки дар хориҷи кишвар низ харидори бисёр дорад.
Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, тавре ки ба раиси вилоят маълумот доданд, майдони умумии кишти зироатҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 16 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он дар 3721 гектар пиёз, зиёда аз 2000 гектар полезӣ, 300 гектар картошка кишт гардидааст.
Пиёзкорони ноҳия тӯли 4-5 рӯзи охир ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, аллакай ба содироти маҳсулоташон ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ оғоз кардаанд.
Ҳамзамон дар майдони қариб 100 гектар аз кишти такрории мавсими гузашта захираи сабзӣ мавҷуд буда, дар сурати пайдо шудани талабот чида ва фурӯхта хоҳад шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Панҷ Қурбон Ҳакимзода аз майдони кишти маъсар дидан намуданд. Масоҳати умумии майдони кишти ин навъи маҳсулот дар ноҳия 315 гектарро ташкил дода, ҳосилаш дар ибтидои тобистон ғундошта хоҳад шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун Маркази тақсимоти яклухти “Хатлон” амал мекунад, ки бо сармояи он дар масоҳати 65 гектар боғи нави бодом, шафтолу ва писта бунёд гардидааст. Ин боғ бо ибтикори соҳибкор Саймурод Давлатов ва дастгирии Пешвои миллат дар заминҳое, ки солиёни зиёд бекор хобида буд, бунёд шудааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ 13 ҳазор бех пистаи пайвандии аз Туркия овардашуда ва 300 бех зайтун шинонида шудааст. Аз ҷониби соҳибкор ба ин мавзеи беоб аз масофати 4,5 километр об оварда шуда, ниҳолони писта бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешаванд. Ба қавли мутахассисон, пистаи мазкур пас аз 4 сол ба ҳосил даромада, то ҳосилдеҳ шуданаш дар замини байни ниҳолон тарбуз ва нахӯд кишт карда мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба фаъолияти боғдории масъулони ин мавзеъ баҳои баланд дода, ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои минбаъдаи соҳибкорону кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД