Бойгонӣ
Июль 2026 (14)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)

ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ


Ба Ватан овардани мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад танҳо як маросими рамзӣ нест. Ин рӯйдод дар худ маънои амиқи таърихӣ ва маънавиро таҷассум намуда, эҳтироми давлат ва ҷомеаро ба шахсиятҳое ифода мекунад, ки дар ташаккули давлатдории тоҷикон, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа нақши арзанда гузоштаанд.
Таърихи ҳар миллат номи фарзандони фарзонаеро дар худ ҳифз мекунад, ки сарнавишти халқро бо сарнавишти давлатдорӣ пайванд додаанд. Онҳо дар давраҳои пуртазод ва сарнавиштсоз барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ талош намуда, барои наслҳои баъдӣ роҳи рушду пешрафтро ҳамвор сохтаанд. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои барҷастаи таърихи миллати тоҷик ба шумор мераванд.
Раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки аҳамияти ин рӯйдод аз доираи як маросими хотирмон фаротар меравад. Ба гуфтаи ӯ, ба Ватан овардани мушти хоки ин фарзандони миллат нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳое мебошад, ки барои бақо ва рушди миллат саҳми муассир гузоштаанд.
Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар даврае фаъолият доштанд, ки масъалаи муайян намудани ҷойгоҳи тоҷикон дар харитаи сиёсии минтақа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз муҳимтарин масъалаҳои рӯз маҳсуб меёфт. Маҳз дар чунин шароити мураккаб онҳо барои ташаккули пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи забон ва арзишҳои миллӣ талош карданд. Корномаи онҳо имрӯз ҳамчун намунаи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба миллат аз гузашта дида арзишманд гардидааст.
Ба андешаи мусоҳиби мо, хизматҳои ин ду шахсият дар роҳи таъсиси давлатдории тоҷикон, махсусан назаррас мебошад. «Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ барои ташкили ҷумҳурии автономӣ ва баъдан ҷумҳурии мустақили сотсиалистии тоҷикон талошҳои бузург анҷом дода, барои ҳифзи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мубориза бурданд. Мутаассифона, баъдтар қурбонии беадолатиҳои сиёсии солҳои сиюм гардиданд, аммо таърих хизматҳои онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард», – мегӯяд Ризозода Абдурозиқ.
Дар баробари ин, агар фаъолияти Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бештар ба таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ иртибот дошта бошад, пас саҳми Нисор Муҳаммад дар рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ ҷойгоҳи хос дорад. Фаъолияти ӯ ба тарбияи насли босавод, густариши дониш ва таҳкими заминаҳои маърифатии ҷомеа равона гардида буд. Маҳз ҳамин омезиши хизматҳо – аз таҳкими давлатдорӣ то рушди маориф ҷойгоҳи ин шахсиятҳоро дар таърихи миллат устувор сохтааст. Онҳо бо зиндагӣ ва фаъолияти худ исбот карданд, ки пешрафти давлат танҳо ба сохторҳои сиёсӣ вобаста нест, балки ба рушди маърифат, фарҳанг ва тафаккури миллӣ низ такя мекунад.
Солҳои тулонӣ сарнавишти бисёре аз фарзандони содиқи миллат зери таъсири беадолатиҳои таърихӣ қарор дошт. Танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам омад, ки хизматҳои онҳо аз нав мавриди омӯзиш қарор гирифта, баҳои воқеӣ пайдо кунад. Ин раванд на танҳо ба барқарорсозии ҳақиқати таърихӣ мусоидат мекунад, балки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро низ таҳким мебахшад.
Ба Ватан овардани мушти хоки ин фарзандони миллат низ дар ҳамин замина аҳамияти хос касб мекунад. Ин иқдом рамзи эҳтиром ба гузашта, посдории хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо мебошад. Ҷомеае, ки фарзандони содиқи худро қадр мекунад, заминаи устувори ваҳдат, ҳамбастагӣ ва худшиносии миллиро фароҳам месозад.
Аҳамияти ин рӯйдод махсусан барои ҷавонон бузург аст. Зеро онҳо аз зиндагӣ ва фаъолияти чунин шахсиятҳо дарси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба манфиатҳои давлату миллат меомӯзанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз шинохти таърих ва эҳтиром ба шахсиятҳои миллӣ метавонад робитаи маънавии наслҳоро бо гузаштаи худ устувор нигоҳ дорад.
Ризозода Абдурозиқ бар ин назар аст, ки пос доштани хотираи чунин шахсиятҳо дар асл эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷомеа мебошад. «Фарзандони содиқи миллат ба ин сарзамин хизмати бузург кардаанд. Хизматҳои Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими давлатдорӣ ва саҳми Нисор Муҳаммад дар босаводгардонии мардум саҳифаҳои муҳими таърихи миллатро ташкил медиҳанд. Ватан фарзандони арзандаи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Арҷгузорӣ ба корномаи онҳо барои ҷавонон дарси худшиносӣ ва ватандӯстӣ буда, онҳоро ба пос доштани арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад», – мегӯяд ӯ.
-Воқеият собит месозад, ки шахсиятҳое барои пешрафти давлат ва ҷомеа хизмат кардаанд, берун аз маҳдудияти замон зиндагӣ мекунанд. Номи онҳо ба қисми ҷудонашавандаи хотираи таърихии миллат табдил меёбад ва барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи хизмат ба Ватан боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, ба Ватан овардани мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро метавон на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки паёми муҳими маънавӣ барои ҷомеаи имрӯз арзёбӣ кард. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки эҳтиром ба гузашта, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони миллат ва ҳифзи хотираи таърихӣ аз муҳимтарин рукнҳои давлатдории миллӣ ба шумор мераванд,- иброз дошт Р. Абдурозиқ.

М. Акрамов,
“Сафо”
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019