Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
16 фев 12:13АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Чеҳра
ҶАНГАЛБОНЗАН — НАМУНАИ ҶАСОРАТУ САДОҚАТ
Ҷангалбонӣ бештар ҳамчун пешаи мардон шинохта мешавад, зеро ҷангал бо тамоми зебоиву сарсабзиаш, ҳамзамон, як навъ ваҳшату хатар низ дорад, ки на ҳар кас ҷасорати кор кардан дар ин муҳити вуҳушро пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин, қаҳрамони матлаби мо — Сафарбӣ Давлатова шояд ягона зани ҷангалбон дар қаламрави Тоҷикистон бошад, ки аллакай 15 сол мешавад дар вазифаи нозири ҳифзи Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин содиқона фаъолият мекунад.
Дар Мамнуъгоҳи “Даштиҷум”, ки масоҳаташ 19 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад, намудҳои зиёди ҳайвоноту парандагон ва беш аз 1500 сар бузи пармашох зиндагӣ мекунад. Муҳофизати ин муҳити нотакрори табиӣ ва ин навъҳои нодири ҳайвонот ба дӯши Сафарбӣ Давлатова вогузор шудааст.
Тавре Сафарбӣ Давлатова зимни суҳбат иброз дошт, дар синни 23 - солагӣ аз ҳамсараш ҷудо мондааст. Баъди даргузашти шавҳар тамоми бори рӯзгор ба дӯши ӯ афтода, парастории се фарзанди хурдсол ва нигоҳубини волидони куҳансоли шавҳараш бар уҳдааш мемонад.
Сафарбӣ дар он шароити душвор бо чидани писта, хуч, зира, себу олуболу ва гиёҳҳои шифобахш рӯзгор мегузаронд ва аз фурӯши онҳо хароҷоти хонаводаро таъмин менамуд.
Бо мурури замон, роҳбари хоҷагии ҷангал, ки аз меҳнатдӯстии Сафарбӣ воқиф буд, бо падари шавҳари ӯ машварат намуда, ба ҳайси ҷангалбон ба кор оғоз намудани ӯро пешниҳод мекунад.
– Вақте хусурам ин пешниҳодро ба миён гузошт, ростӣ, ба ҳайрат афтодам. Ба ақлам намегунҷид, ки ман, як зан, то куҷо метавонам масъулияти сангини ҷангалбониро бар дӯш гирам. Ба худ савол медодам: “Оё ман аз уҳдааш мебароям? Мардум чӣ мегӯянд?” Аммо хусуру хушдоманам комилан ҷонибдор буданд. Онҳо маро руҳбаланд мекарданд, ки ба худ бовар дошта бошам. Ниҳоят, бо такя ба дастгирии онҳо ризо шудам ва ба кор оғоз кардам, – ба ёд овард апаи Сафарбӣ он рӯзҳои нахустини оғози фаъолияти худро.
Қаҳрамони матлаби мо мегӯяд, ки дар байни зиёда аз 40 нафар мард танҳо як зан ӯст, ки дар ин мамнуъгоҳ фаъолият мекунад.
– Дар ҳаётам миёни ҷамъияти мардон кор накарда будам. Вақте бори аввал бо гурӯҳи мардон ба ҷангал рафтам, аз тарс ва ҳаё меларзидам. Шабона аз ҳар гуна садоҳо тарсида, хобам намебурд. Хушбахтона, бо роҳнамоиҳои ҳамкорон ба кор одат кардам ва дере нагузашта, нозукиҳои ин касби пурифтихорро пурра омӯхтам, – қисса кард Сафарбӣ.
Феълан Сафарбӣ Давлатова ба кори худ одат кардааст ва ҳатто рӯзҳои истироҳатиро дар ҷангал мегузаронад. Ӯ дигар аз торикии шаб наметарсад ва ҳамчунин аз дучор омадан бо ҳайвоноти ваҳшӣ низ. Зеро забони табиатро омӯхтааст ва медонад, ки дар кадом ҳолат чӣ гуна рафтор бояд кард.
Апаи Сафарбӣ дар идомаи суҳбат гуфт, ки чанд сол қабл кор дар ҷангал мушкил буд, зеро ҷангалбонон аз набудани дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ танқисӣ доштанд.
– Солҳои пеш мо техникаи зарурӣ надоштем, танҳо асп доштему халос. Аз набудани лавозимоти зарурӣ дар фасли зимистон бисёр ранҷ мекашидем. Хушбахтона, ҳоло бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо тамоми таҷҳизот, аз ҷумла мошинҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин шудаем ва кори худро бе мушкилӣ анҷом медиҳем, – гуфт С. Давлатова.
Ба андешаи ӯ таъмин будан бо сарулибоси махсус, бо худ доштани дурбин ва дастгоҳҳои тамос, ҳамчунин, дигар лавозимоти зарурӣ имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯи нуқтаҳои зарардидаи дарахтон, дақиқ кардани хисороти табиӣ ва сунъӣ, ҳимояи ҳайвонот аз шикори ғайриқонунӣ, парвариши ниҳолҳои нодир, ҷамъоварии ҳосил ва пошидани хӯрок барои ҷонварон дар фасли сармо осон ва самаранок анҷом дода шавад.
Садоқат ба касб ва меҳнати софдилонаи қаҳрамони матлаби мо натиҷа дода, ба наздикӣ ӯ Ҷоизаи байналмилалии “International Ranger Award”-ро ба даст овард. Ин ҷоизаи пурифтихор ба ин зани далеру шуҷоъ дар доираи сафари даҳрӯза ба шаҳри Абу Дабӣ барои пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳифзи растаниҳои зери хатари нобудшавӣ тақдим карда шуд. Дар байни 13 кишвари дунё, ки соҳиби ҷоиза шуданд, Сафарбӣ Давлатова ягона зан аз Осиёи Марказӣ буд, ки бо диплом қадрдонӣ гардид.
– Орзуи ман ин аст, ки аз миёни бонувон шогирде тарбия намоям. Умедворам, ки рӯзе ин орзуи худро амалӣ хоҳам кард. Дар ҳар мақому вазифае набошад, ҳар касе, ки бо ният ва дилу дастони пок фаъолият мекунад, ҳатман мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо менамояд. Муҳим он аст, ки масъулият бо ихлосу садоқат ва беғаразона иҷро шавад.
Бузурге фармудааст:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
– гуфт дар фарҷоми суҳбат Сафарбӣ Давлатова.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



