Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
11 фев 15:37АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 11 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар нишасти матбуотӣ бо иштироки беш аз 40 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар соли 2025 рӯнамоӣ намуданд.
Дар ибтидо раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба хабарнигорон барои ҳамкории самарабахш бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2025 изҳори сипос намуданд.
Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва кулли аҳли заҳмати вилоят дастуру супориш ва ҳидоятҳои Роҳбари давлатро, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди иқтисоди миллӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои зеҳнӣ ироа намуданд, ҳамчун роҳнамои асосии фаъолияти худ қарор додаанд.
Бо талошу заҳматҳои шабонарузӣ, сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба рушди минтақаҳо, дар вилояти Хатлон марҳилаи нави ободкориву созандагӣ оғоз гардида, сифат ва самаранокии фаъолияти масъулини мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ ба таври назаррас баланд бардошта шуд.
Маврид ба қайд аст, ки соли 2025 соли пурбаракат буд ва ба шарофати қадами мубораки Сарвари маҳбуби миллат, ки дар давоми соли равон бо таваҷҷуҳи хос 6 маротиба ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 215 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар онҳо беш аз 2200 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.
Гуфта шуд, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят пеш аз муҳлат ва бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6260 адад иншооти пешбинишуда 6640 иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки нисбат ба Нақша 380 адад зиёд мебошад.
Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд аст.
Илова бар ин, дар назар аст, ки соли 2026, дар идомаи ҳамин иқдомҳои созанда, зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маориф, амсоли муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ (аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон) сохта мавриди истифода қарор дода шавад.
Боиси қайд аст, ки дар соли сипаришуда 146 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла 110 муассисаи таълимӣ бо 1242 синфхона барои (31050 ҷойи нишаст дар як баст) 62100 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 адад муассисаи томактабӣ (аз ҷумла 20 боғча барои 4074 ҷой) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин теъдод фарогирии кудакони синни томактабиро аз 24,7 фоизи соли 2024 ба 33,2 фоиз дар соли 2025 баробар намуд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони саховатпеша 61 муассисаи таълимӣ (барои 9450 ҷойи нишаст дар як баст) барои 18900 ҷойи нишаст дар ду баст (ба маблағи зиёда аз 115 млн. сомонӣ) ва 13 муассисаи томактабӣ барои 2440 ҷой (ба маблағи зиёда аз 33 млн. сомонӣ) бунёд гардиданд.
Ҳамчунин, давоми соли сипаришуда 41 муассиса барои соҳаи тандурустӣ ба маблағи 105 млн. сомонӣ ва 61 иншооти соҳаи варзиш ба хотири солимгардонии аҳолӣ ба маблағи 131 млн. сомонӣ (варзишгоҳҳои марказӣ, майдончаҳои варзишии кушода ва болопӯшида, ҳавзҳои шиноварӣ) сохта ба истифода дода шудааст.
Қобили зикри хос мебошад, ки тибқи маълумоти оморӣ соли сипаришуда дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 636 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 108 адад пул (купрук) бо дарозии 3419 метр таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Аз ин ҳисоб, мумфаршкунии 628 километр роҳ ё 98,7%-и роҳҳои мумфаршшуда ва 55 адад пул бо дарозии 892 метр маҳз бо саҳми соҳибкорону аҳолӣ ба анҷом расонида шудааст.
Соли 2024-ум мумфаршкунии роҳҳо аз ҳисоби аҳолӣ 275 км ва таъмиру тармими купрукҳо 18 ададро бо дарозии ҳамагӣ 530 метр ташкил дода буд. Ин аст, ки дар соли сипаришуда мутаносибан мумфаршкунӣ 2,3 баробар ва теъдоди пулҳо 37 адад зиёд буданд.
МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ (МММ)
Дар соли 2025 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 49,5 миллиард сомонӣ баробар ва рушди воқеии он 108,3 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2024 ба андозаи 6,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи он дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 28 фоизро ташкил дод.
МОЛИЯ ВА АНДОЗ
Нақшаи қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3,3 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 103 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 4,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, аз он 4,4 миллиард сомонӣ ё 91,7% ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
НАФАҚА
Шумораи нафақахӯрон дар вилоят 311669 нафар буда, талабот ба нафақапулӣ 1,8 млрд сомониро ташкил дода дар соли 2025 ба пуррагӣ пардохт карда шудааст. Ҳисоби миёнаи нафақа дар вилоят 505,74 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2024-ум 37 сомонӣ (7,9 фоиз) афзоиш ёфтааст.
БОНКҲО
Дар соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаҳои иҷмоию иқтисодии вилоят 6,4 миллиард сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки нисбат ба соли 2024 23,4 фоиз ё 1,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми маблағи умумии қарзҳои додашуда 5,9 млрд сомонӣ ба соҳибкорон аз ҷумла, ба соҳибкории истеҳсолӣ 1,9 млрд сомонӣ равона гардидааст.
Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағи умумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 1,4 млрд сомонӣ (22,1%), саноат 264,4 млн. сомонӣ (4,1%), сохтмон 161,5 млн. сомонӣ (2,5%), нақлиёт 20,9 млн. сомонӣ (0,3%), савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 513,4 млн. сомонӣ (8,0%), хизматрасонӣ 553,7 млн. (8,6 %), ипотека (хариди манзил) 426,9 млн. (6,7%), истеъмолот 2 млрд 877,3 млн. (44,9 %), автоқарз 105,8 млн. (1,7 %) ва дигар соҳаҳо 66,6 млн. сомонӣ (1,0%) равона карда шудааст.
ГАРДИШИ МОЛ
Гардиши мол дар соли 2025 ба 21,6 млрд сомонӣ расида, нисбат ба соли 2024-ум 2,9 млрд сомонӣ зиёд ва 111,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 3,4 млрд сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2024-ум 105,6 фоиз ё ин ки 245,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
САВДОИ ХОРИҶӢ
Дар соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ 464,1 млн доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз ин 205,2 млн долларро содирот ва 258,9 млн долларро воридоти молу маҳсулот ташкил додааст.
САРМОЯГУЗОРӢ
Дар вилоят 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда, аз оғози татбиқ маблағи азхудшуда дар доираи лоиҳаҳои мазкур 1,1 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ
Ба ҳолати 1 декбри 2025 сол дар вилоят 99797 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда нисбати дурнамои солона 122 фоизро ташкил медиҳад (аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқеӣ 91024 ҷой ва аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 8773 ҷой корӣ таъсис дода шудааст).
МУЗДИ МЕҲНАТ
Ба ҳолати 1 декабри 2025 дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 2238,46 сомонӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 24,3 фоиз афзоиш ёфт.
Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истихроҷ 3067,26 сомонӣ, саноати коркард 2663,63 сомонӣ, сохтмон 2456,67 сомонӣ ва бахши хизматрасонӣ 2281,83 сомониро ташкил медиҳад.
КИШОВАРЗӢ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 45,2 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба соли 2024-ум 109,7 фоиз таъмин гардид. Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53,4 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 417,3 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ ва дар майдони 127,8 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Инчунин дар соли сипаришуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1,1 миллион тонна ғалладонагиҳо, 2,1 миллион тонна сабзавот, 1,5 миллион тонна полезӣ, 232,6 ҳазор тонна картошка, 450,2 ҳазор тонна меваҷот, 158,6 ҳазор тонна ангур, 273,1 ҳазор тонна гӯшт, 609,5 ҳазор тонна шир, 182,1 миллион дона тухм, 1200 тонна асал ва 3600 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз 100,8 то 157,5 фоиз таъмин гардид.
Тибқи маълумоти омори электронӣ, 260 ҳазор тонна пахта ба корхонаҳои калони коркарди пахта супорида шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 95 ҳазор тонна ё 157,5 фоиз зиёд мебошад. Дар натиҷа, аз ҳаҷми умумии пахтаи ба корхонаҳо супоридашуда 91,1 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардидааст.
Ҷиҳати таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли 2025 дар майдони 2495,7 гектар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 75,2 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 24,5 ҳазор тонна помидор, 21,0 ҳазор бодиринг ва 29,5 ҳазор тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол карда шудааст.
Соли 2025 дар майдони 54,1 гектар боғу токзорҳои нав бунёд ва 138 гектар боғу токзорҳо барқарор гардид.
Ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1,2 миллион сар чорвои калон, аз ҷумла 657,3 ҳазор сар модагов, 3,1 миллион сар гӯсфанду буз, 67 ҳазор сар асп, 2,7 миллион сар парранда, 70 ҳазор оилаи занбӯри асал ва 74 ҳазор сар харгӯш парвариш ёфта истодаанд, ки дар ин давра саршумори чорвои калон 45,2 ҳазор сар аз ҷумла гови ширдеҳ 29,4 ҳазор сар, гӯсфанду буз 155 ҳазор сар, парранда 148 ҳазор сар, харгӯш 18 ҳазор сар, асп 3,3 ҳазор сар ва занбӯри асал 2023 оила зиёд шудааст.
Бо мақсади ободу зебо гардонидани ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 717,5 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ва 6,4 млн. бех гулу гулбуттаҳо шинонида шудааст.
САНОАТ
Соли 2025 дар вилоят ба маблағи 13,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 1,9 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати рушди он 111,1 фоизро ташкил дод.
Рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 108 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, 109,1 фоиз саноати коркард, 114,6 фоиз саноати истихроҷ ва 111,4 фоиз аз ҳисоби дигар соҳаҳо таъмин шудааст.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ 6,1 фоиз, саноати коркард 55,3 фоиз ва соҳаи таъминоти неруи барқ 38 фоизро ташкил медиҳад, ки хусусияти хоси сохтори саноати вилоятро инъикос менамояд.
Дар соли 2025 истеҳсоли семент 3086,4 ҳазор тонна (115,5%), гушти мурғ 3,1 ҳазор тонна (108,3%), карбамид 40,8 ҳазор тонна (127,2%), нахи пахта 91,2 ҳазор тонна (122,5%), чигит 125,1 ҳазор тонна (116%), ресмони пахтагин 15,2 ҳазор тонна (104,1%) зиёд таъмин гардидаанд.
Дар соли сипаришуда аз ҷониби соҳибкорон 85 корхона бо таъсиси зиёда аз 2710 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар вилоят ба 912 адад расид.
НАҚЛИЁТ ВА РОҲ
Ҳаҷми боркашонӣ дар соли 2025 ба 56,1 миллион тонна (117,4%) ва мусофиркашонӣ ба 246 миллион нафар (114,5) баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 8,2 миллион тонна ва 2,2 миллион нафар зиёд мебошад.
Дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 2750 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 159 адад пулу қубурҳо бо маблағи умумии 424 миллион сомонӣ таъмир гардида, ҳаҷми корҳои иҷрошуда нисбат ба соли 2024-ум 166 фоизро ташкил медиҳад.
СОХТМОН
Дар соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон дар ҳаҷми 4 миллиард сомонӣ маблағҳо равона карда шудааст, ки афзоиши он нисбат ба соли 2024-ум 112,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудааст
МАОРИФ
Дар 1403 адад муассисаҳои таълимии вилоят 942709 нафар хонандагон, аз он ҷумла 458058 нафар духтарон дар соли хониши 2025-2026 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шумораи умумии омӯзгорон 50445 нафар, аз он ҷумла занон 31040 нафар аст. Дар ин давра теъдоди омӯзгорон 2182 нафар, аз ҷумла занон 1427 нафар зиёд шудааст.
Нисбати ҳамин давраи соли 2024 дар муассисаҳои таълимӣ хонандагон 42111 нафар, аз ҷумла духтарон 21806 нафар ва дар муассисаҳои томактабӣ шумораи кӯдакон 18570 нафар зиёд шудааст.
Дар соли таҳсили 2025-2026 муассисаҳои томактабии вилоят ба 183 адад расида, дар онҳо 26078 нафар кӯдак ва 1304 марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 112154 нафар (дар 4015 гурӯҳ) дар маҷмуъ 138232 нафар кӯдакон дар ин зинаи таҳсилот фаро гирифта шудаанд, ки 33,2% ро ташкил медиҳад.
Фарогирии кудакони аз 3 то 6 сола дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва маркази инкишофи кӯдакон аз 24%-и соли гузашта ба 33,2 % расонида шуд.
Шумораи довталабони вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” нисбат ба соли 2024 зиёд гардида, 28 нафар (31%-и иштирокчиён) соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм гардиданд.
Довталабони вилоят соли 2025 аз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» соҳиби 20 ҷой, аз ҷумла 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамзамон нишондодҳои иштирокчиёни даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» миёни наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ба 18 ҷойҳои ифтихорӣ - 1 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм баробар гардид.
Вобаста ба дастгирии ташаббуси баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолибони даври вилоятии озмунҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 1572,8 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Соли 2025 ба 70 нафар хонандагони аълохони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба 60 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ба 60 нафар олимони эҷодкор, дар маҷмуъ ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ стипендияи Раиси вилоят пардохт карда шуд. Ҳамзамон, ба 27 нафар хаткунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, ки муассисаро бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ хатм намуда, дар маҷмуъ онҳо ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
ТАНДУРУСТӢ
Дар вилоят 1816 адад муассисахои муолиҷавию профилактикавӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла 1255 адад муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 116 муассисаҳои беморхонавӣ ва 3 беморхонаи ҷумҳуриявӣ.
Бо мақсади муҷаҳҳазнамоии муассисаҳои соҳа бо технологияҳои тиббии замонавӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ ва махсус 24,7 млн сомонӣ, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 23,7 млн сомонӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир таъмин гардиданд.
ФАРҲАНГ
Дар вилояти Хатлон 492 адад китобхонаҳо, аз ҷумла 3 адад китобхонаи вилоятӣ, 25 адад китобхонаи марказӣ, 25 адад китобхона-филиали шаҳрӣ, 413 адад китобхона-филиали деҳотӣ ва 26 адад китобхонаи бачагона бо хазинаи умумии 2578701 нусха, ки аз он 969473 нусха ба забони тоҷикӣ, 1377172 нусха ба забони русӣ ва 232056 нусха ба дигар забонҳо буда, ба аҳолӣ хизмати китобӣ мерасонанд.
Шумораи умумии осорхонаҳо 18 ададро ташкил намуда, дар онҳо 34866 адад нигораҳо маҳфуз мебошанд.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон 940 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла: 619 адад ёдгориҳои бостонӣ, 96 адад ёдгориҳои меъморӣ ва 225 адад ёдгориҳои монументалӣ арзи вуҷуд доранд.
Соли 2025 дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншоотҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Қасри фарҳанг дар деҳоти Пушинг ва китобхона дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара, осорхонаи таърихии Ховалинг, майдони Парчам дар ноҳияи Восеъ ва Муассисаи давлатии “Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон” дар ноҳияи Балҷувон ба истифода дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусу дастгирҳои Пешвои муаззами миллат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ворид гардид, ки ин дастоварди фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Дар 29 адад мактабҳои санъати бачагонаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин давра шумораи омӯзгор 445 нафар ва фарогирии хонанда 4801 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31 нафар омузгор ва 195 нафар хонанда зиёд ба қайд гирифта шуданд.
ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Миқдории ҷавонони вилоят ба 1.01.2025-ум 1 млн 98,4 ҳазор нафарро ташкил дода, аз он духтарон 689,5 ҳазор нафар мебошанд.
Шумораи варзишгарон 18948 нафар, аз онҳо бонувон 2894 нафар мебошанд (1422 гуруҳи машқӣ).
Дар вилоят майдончаҳои варзишӣ 3243 адад, толори варзишӣ – 587 адад, варзишгоҳ – 42 адад, ҳавзҳои шиноварӣ – 40 адад, маҷмааи варзишӣ – 13 адад ва иншоотҳои махсуси варзишӣ (фитнес, тир ва ғайра) - 246 адад фаъолият дорад.
Варзишгарони вилоят дар 127 мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 3706 медал, аз ҷумла 1264 медали тилло, 1115 медали нуқра, 1327 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 41 медал зиёд мебошад.
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
Дар ҳудуди вилоят 940 ёдгориҳою мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 125 меҳмонхона, 156 мавзеъҳои сайёҳӣ, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 143 тарабхона, 46 осорхонаҳо, 18 ширкатҳои сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 ҳомстей ва гестхаусҳо, 78 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳҳо, 48 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 ишораҳои сарироҳӣ ва 26 нуқтаҳо иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Тибқи маълумотҳои масъулони шаҳру ноҳияҳо ба вилояти Хатлон дар соли 2025 дар умум 1647593 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд.
Сипас, раиси вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.
Дар охир, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори итминон кард, ки фаъолони вилоят барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар оянда низ ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил мегарданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 15:375151 ВА МАЙНАИ ДОНО 12:12ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД 18:07ХУРОСОН. БУНЁДИ ПАНҶ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАСИСАИ ТАЪЛИМӢ 14:04ФУРӮҒИ ДОНИШ ДАР ҚАЛБИ КӮҲИСТОН 12:11Н.ХУСРАВ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:23ШАҲРИТУС. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУДААСТ 12:19ҚУБОДИЁН. СОҲИБКОРОН 68 КИЛОМЕТР РОҲРО МУМФАРШ КАРДААНД 10:16
Серхонандаҳо
ЗИЁДА АЗ 21 ҲАЗОР МЕТР СОҲИЛИ ДАРЁҲО ВА САДДҲОИ ДАР ҲОЛАТИ ХАВФНОК ҚАРОРДОШТА БАРҚАРОР ШУД
ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ОСОРХОНАИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ПАЁМИ РУШД ВА ХУДШИНОСӢ
БЕШ АЗ 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ГАРДИД
6 ҳазору 621 ҷиноят ба қайд гирифта шуд
ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2025
41 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУД
Соли 2025, 475 нафар кӯдакон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шуданд
ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ: НАТИҶАҲОИ ЧАШМРАС ДАР СОЛИ 2025
ЁВОН. 551 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ГАРДИД



