Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФУРӮҒИ ДОНИШ ДАР ҚАЛБИ КӮҲИСТОН
Дар деҳаи кӯҳистони Саримайдони Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд, аз як мактаби куҳна, духтараке бо донишу меҳри китоб номи худро дар саҳифаи ифтихории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабт намуд.
Вақте ки мо бо намояндаи шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод ба деҳаи Саримайдони Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд расидем, дар гӯшаи деҳа бинои куҳнаву фарсудаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 намудор гардид. Боварии кас намеояд, ки маҳз аз ҳамин деҳаи дурдасти кӯҳистон духтараке бо номи Табассуми Ҷиёнхон – хонандаи синфи 10, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» соҳиби Шоҳҷоиза гардидааст.
Зимни суҳбат бо омӯзгорон – роҳбари синф, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Фатҳулло Муродов ва муовини директори муассиса Абдукарими Амрохон аз сатҳи баланди донишомӯзӣ, мутолиаи фарох ва омодагии ҷиддии ӯ ба озмун огоҳ гардидем. Ба гуфтаи омӯзгорон Табассум ҳанӯз аз синфҳои 5 – 6 ба мутолиаи китоб шавқу ҳаваси беандоза пайдо кардааст. Ӯ ҳамеша – дар хона, кӯча ва мактаб китоб ба даст дорад.
Ба гуфтаи худи Табассум дар оилаашон муҳити хуб ва дастрасӣ ба мутолиаи асарҳои бадеӣ фароҳам аст. Падару модар шавқу рағбати ӯро ба китоб мушоҳида намуда, ҳамеша барои омӯзишу мутолиаи асарҳои бадеӣ роҳнамоӣ мекунанд. Омӯзгорони мактаб низ бо дарки ин дилбастагӣ ӯро бо таваҷҷуҳи хоса ба мутолиаи бештари китобҳо ҷалб менамуданд.
Маҳз ҳамин муҳаббати зиёд боис гардид, ки Табассум тули панҷ сол пайваста ба омӯзиш машғул шуда, зиёда аз 500 асари гуногуни бадеии кӯдакона ва осори шифоҳиро мутолиа ва аз худ намояд. Ӯ мегӯяд, ки адабиёти кӯдакона бо содагӣ ва равонии худ дар замири инсон муҳаббат ба илму дониш, китоб, поквиҷдонӣ, адабу маърифат, меҳандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, ростиву покӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия мекунад. «Мутолиаи китоб ба инсон ғизои маънавӣ мебахшад, ҷаҳонбиниро васеъ менамояд», – мегӯяд Табассум.
Дар марҳилаи омодагӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун ӯ тули чор моҳ бо масъулияти баланд дар китобхонаи мактаб, китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мутолиаи амиқи китобҳои марбут ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ»-ро анҷом дод. Ҳамчунин, аз китобҳои электронӣ низ васеъ истифода бурд.
Натиҷаи заҳматҳои пайваста, бедорхобиҳо, талошҳои бепоён, роҳнамоиҳо ва дастгириҳои волидон ва омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Шаҳноза Дониёрова буд, ки Табассуми Ҷиёнхон ғолибияти комил ба даст оварда, соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Лаҳзаи гирифтани Шоҳҷоиза барои ӯ хотирмонтарин ва фаромӯшнашавандатарин рӯйдоди ҳаёташ маҳсуб меёбад.
Табассум воқеан дорои дониши амиқ, қобилияти баланд ва зеҳну хотираи қавӣ аст. Дар соли таҳсили 2024–2025 ӯ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Бо вуҷуди серкорию машғулияти зиёд дар вақтҳои холӣ ба эҷоди шеър ва ҳикоя машғул аст. Намунаҳои эҷодаш пайваста дар саҳифаҳои нашрияи кӯдакону наврасон – «Пайрав» ба чоп мерасанд. Бо пешниҳоди Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш Табассуми Ҷиёнхон тахаллуси адабии Таҷаллоро интихоб намудааст.
Имрӯз низ дар мактаб бо роҳбарии ӯ маҳфили адабии «Хони адаб» фаъолият мекунад, ки зиёда аз 30 нафар хонандаи фаъолу адабиётдӯстро ҷалб месозад. Маҳфил ҳар моҳ мавзуъҳои гуногуни муҳими адабиёти тоҷикро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бо ташаббуси Табассум моҳи марти соли гузашта дар муассиса маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и шоири маҳбуб Хайрандеш дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор гардид.
Табассум бо ифтихор ва шукургузорӣ изҳор дошт, ки ғолибият ва соҳиб шудан ба Шоҳҷоиза самари таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди маориф ва тарбияи насли наврас мебошад.
Маҳз Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари дигар озмунҳое, ки бо дастуру ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат баргузор мегарданд, ҳамасола садҳо наврасу ҷавони соҳибмаърифат ва чеҳраҳои нави фарҳангиро кашф менамояд.
Ӯ ният дорад, ки пас аз хатми бомуваффақияти мактаб таҳсили худро аз рӯйи ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ идома диҳад. Ӯ мехоҳад ҳамчун дипломат ба халқу Ватани азизи худ содиқона хизмат намуда, дар рушду шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзандаи худро гузорад.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Муъминобод
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



