Бойгонӣ
21 мар 10:09АСОСӢ / Мақомот

НАВРӮЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ

     Табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони азиз!


 Ҷашни Наврӯз аз гузаштаи дури беш аз панҷҳазорсола то ба рӯзгори мо расида, на танҳо тира нашудааст, балки дар кишвари наврӯзии мо ҷилои нав гирифта, бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи ҷаҳониро касб кард.

Наврӯз кӯҳантарин ҷашни тоҷикон буда, оғози соли нав, анҷоми сардиҳо ва ба нуқтаи болотарини кайҳон баромадани офтоб, фарорасии баҳор, замони нашъунамо, сабзишу шукуфтанҳо, ҷилои ҳазорон рангҳои дилрабо, болидани замин барои ба синаи худ ҷой дода тавонистани тухму донаҳо ва ба ин муносибат аз дилҳо зудудани кудуратҳо, бахшидани гуноҳҳо, даъвати ҳама ба оромиву осудагӣ, меҳрубониву дӯстӣ, арҷгузорӣ ба хоку обу ҳавову оташ - ин чор сиришти зиндагисоз мебошад, ки гиромидошти онҳо мояи ҳастии инсонҳост.

Наврӯз бо пайки хуҷастаи худ ба сарзамини ориёии мо нусрату баракат оварда, аз омаданаш мардум болидарӯҳ мегарданд.

Тоҷикон дар баробари фарҳанги шаҳрнишинӣ, инчунин дорои тамаддуни кишоварзӣ ва рустоианд, ки ба замонаҳои дури фаротаърихӣ пайвандӣ дорад. Ҳамон гуна ки дар нахусткитоби ҷаҳониён «Авасто» ва «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ ба равшанӣ метавон дарёфт, нахустин деҳқонону деҳнишинон ва кишоварзону кишткунандагони гандум тоҷикон буданд. Аз ин ҷост, ки ҷашнҳои бузургтарини тоҷикон ба намоди бозомадани фаслҳои табиат, бедоршавии замин, гардишу тобиши офтоб, зиндашавии дубораи гиёҳу рустаниҳо пайваст мебошанд. Ҷашни Сада ба нерумандии офтоб, ҷашни Меҳргон ба баробарии тирамоҳии шабу рӯз, ҷамъоварии самари кишти замин ва ҷашни Наврӯз ба баробарии баҳории шабу рӯз, гиромидошти обҳои зинда ва кишти замин  пайвастагиҳо доранд.

Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахтем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Ҷашни Наврӯз дар тӯли асрҳо дар баробари ин, ки ба ривоҷи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёриву ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накӯкориву хайрхоҳӣ хизмат кардааст. Наврӯз дар масири таърих роҳи пуршебу фарозро тай карда, бо ҳама нобасомонию муборизаҳои душманони ин миллату сарзамин бо омезиши суннату анъанаҳои неки мардумӣ то ба замони мо омада расидааст. Ҳақиқат ин аст, ки танҳо баъди   соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҷашни Наврӯз умри дубора ёфт ва сарҳади тоҷиконро убур карда, дар ҷаҳон паҳн гардид. Имрӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашнро бо исми тоҷикии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати бемисл таҷлил менамоянд.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Мо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон - «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида намуда, дар пайравӣ ба панду андарзҳои гузаштагон амал менамоем.

Дар арафаи ҷашни пурифтихору қадимтарини миллат - Наврӯзи аҷам вохӯрии Пешвои муаззами миллат бо аҳли зиёи кишвар фоли нек буда, аз рукнҳои асосии Наврӯз барои пайвандсозии фарҳангу маданият ва илму маонӣ ба ҷомеа башорат медиҳад.

Маҳз хизматҳои Пешвои миллат аст, ки дар ҷаҳони пуршебу фароз ва бархурди тамаддунҳо дар ҳамбастагӣ бо зиёиёни мамлакат расму оинҳои миллии мо дубора эҳё гардида истодааст.  

Бузургони илму адаби мо дар ҳама давру замон бо ифтихор расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд. Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзро таҷлил менамоем.

Бахусус, маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар оғӯши баҳории худро ба рӯйи меҳмонон кушода, базмгоҳӣ шодибахшӣ наврӯзӣ ба ҳисоб меравад.

       Барои истиқболи самимӣ ва  арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукгузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, тинҷиву оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, ки муҳимтарин ҷашн - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пеш аст, вусъат бахшанд, инчунин дар раванди созандагиву ободонии Ватани аҷдодиамон ва то ин санаи таърихӣ ба анҷом расонидани бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар нақшаҳои неки қабулгардида саҳми ватандӯстона гузоранд.

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро бори дигар ба кулли мардуми шарифи вилояти Хатлон ва Тоҷикистони азиз табрику таҳният гуфта, орзумандам, ки бахту саодат, хайру баракат, саодату сарбаландӣ дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ ҳукмфармо ва сулҳу субот, ваҳдати миллии мо ҷовидонӣ бошад.

Сарбаланду хонаобод бошед!
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019