Бойгонӣ

АГАР МОДАРАМ МЕБУД…

Дилором Маҳкамова, 

номзади илмҳои филологӣ, 

устоди ДДБ баноми Носири Хусрав

       

- Ҳар як модар бо сад орзуву ҳавас рӯзи тӯйи арӯсиву домодии фарзандонро дидан мехоҳад ва ин бахти бузург аст.

Шояд модари меҳрубону маслиҳатгарам, раҳнамову ҳамрозам дар рӯзи тӯйи фарзандам мебуд, даст ба дуо мебардоштанду дар хурсандиам шарик мебуданд. Ҷойи модар холист. Худамон бибӣ шавем ҳам, меҳри фарзандиамон нисбат ба модар қавитар мешаваду дар хотирамон нигоҳу сухан, муносибату рӯзгордориашон нақш мебандад. Кӯшиш мекунам, ки ба модар монанд бошам, чунки мо идомаи ҳаёти ӯ ҳастем. Ин рисолат моро хушбин мекунад, ормонҳои ӯро амалӣ гардонему то умр боқист, аз Модар буданаш миннатдор монем.

Шайх Аттор фармуда:

Зиндагиро лаззаташ дар ибтидою интиҳост,

Ё биҳишт ҷойи фароғат, ё канори модар аст.



Хиромон Қурбонова, 

ҳунарпешаи ансамбли «Хутал»

     - Оҳ, агар модарам мебуд, ман тамоми гулҳои баҳориро, ҳатто дунёро агар метавонистам, дар зери пояш пойандоз меандохтам. Модарамро ман аз муҳаббати зиёд на тасвир карда метавонаму на сухане ҳаст гӯям, ки чӣ қадар дӯсташ медоштаму медорам.

     Агар модарам мебуд, ман ҳам мисли дигар занони модардор бо дастагули баҳорӣ ба сӯяш мешитофтам. Лек, афсӯс, сад афсӯс, ки модарам, ҷигарам, сухандонам, насиҳатгарам, сандуқчаи зару зеварам ва меҳрубонам дар байни мо- фарзандон нест. Тасаллобахши ман ҳамин рубоист:


Чун ташна шавам, ба хӯрдани об равам,

Шалпар, ки шавам, лаҳзаяке хоб равам.

Ҳар гаҳ ки маро хумори очам гирад,

Парвоз кунам,ҷониби қишлоқ равам.

    Оҳ, модар, чанде ки тавонам бароят суруду тарона ва достонҳо эҷод кунам, дилам таскин намеёбад, лекин чӣ илоҷ? Замин сахт, осмон баланд... Осуда бихоб, модар!



Ҳангомаи ИСМАТ, рўзноманигор

Агар модарам мебуд, бо дуояш месабзидаму ҷонам дур аз хатар буд…

Агар модарам мебуд, ҳама ҳастиамро барояш мебахшидам…

Агар модарам мебуд, ғам барои ман бегона буд…

Агар модарам мебуд, ҳеҷ гоҳ шодӣ дари хонаи маро тарк намекард…

Агар модарам мебуд, орзуҳоям намиранда буданд…

Агар модарам мебуд, кулбаи ман бӯйи мушку анбар дошт…

Агар модарам мебуд, зиндагии ман ранги дигар дошт…

Агар модарам мебуд, розҳои ногуфтаи ман даруни қалбам хона намекарданд…

Агар модарам мебуд, домани ҳеҷ занеро ба ҷойи ӯ намегирифтам…

Агар модарам мебуд, дар симои як зани дигар ӯро намеҷустам…

Агар модарам мебуд, мушкилкушои ҳама мушкилоти ман буд…

Агар модарам мебуд, имрӯз гулдастаи ман рӯйи дастонам ҳайрон намемонд… 

Агар модарам мебуд, қаноатмандтарин нафар будам…

Агар модарам мебуд, ман доротарин духтари дунё будам…

Агар модарам мебуд, дигар барои ман чӣ ҳам мебуд?

Инак,нуҳ баҳоре барои ман бо ҳамин «агарҳо» паси сар мешавад…


Барои модарам дар Рӯзи модар,ҷаннати фирдавс мехоҳам,

Ба дидорат, Худоё, ҳам мушарраф соз дидораш,

Ки қисмат аз барои ин рисолат буд рӯзгораш.

Барои модарам дар Рӯзи модар, ҷуз дуо,чизе натонам дод.

Дуоям мустаҷоб гардон, Худоё!

Илоҳо,ҷаннати уқбо насибаш бод!

Илоҳо,ҷаннати уқбо насибаш бод!
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019