Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
5151 ВА МАЙНАИ ДОНО
Дар ҳар деҳу маҳалли кишвар инсонҳое умр ба сар мебаранд, ки зиндагии онҳо намунаи ибрат аст. Онҳо аслан аз пайи мансабу молу коло талош накардаанд, инсонҳои хоксору заҳматписанд ва барои дарёфти ризқи ҳалол ва тарбияи дурусти фарзандон ҳаёти пурбаракати худро сарф намудаанд. Яке омӯзгор, дигаре деҳқон буда, баҳори ҷавонии худро дар ин ҷодаҳо пушти сар намудаанд. Маҳз бо заҳмати ҳамин инсонҳо имрӯз ҳаёт рангин аст.
Холаи Сабзагул ва бобои Хайрулло қаҳрамонони рӯзгоранд, ки ҳар лаҳзаи умри онҳо як қиссаи ҷолибе барои насли имрӯзи ҷомеа хоҳад шуд.
Солҳои ҷавонии қаҳрамонони мо ба давраҳои душвори ҳаёт рост меояд. Камбуди нон, шароити вазнини зиндагӣ, меҳнати тоқатфарсо онҳоро руҳафтода накард. Бо шукргузорӣ аз қисмат, бобои Хайрулло дар гармову сармо бо дастони пуробила аз пайи дарёфти рӯзӣ буду холаи Сабзагул бошад, дар баробари ҳазорон ташвиши рӯзгор боз пайи таълиму тарбияи насли наврас аз субҳ то шом заҳмат мекашид. Он замон касе аз хастагӣ намегуфт.
Бо мурури замон фарзандон ба камол расиданду соҳибилму соҳибкасб шуданд. Ҳамагӣ барои дарёфти рӯзии хеш талош менамуданд ва пиру кампирро ҳамеша аз сарулибос, доруву дармон ва дигар хостаҳояшон пурсон мешуданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин ва шукргузорӣ аз ҳиммати фарзандон, пиру кампир интизори паёмак ва нафақаи худ буданд.
Рӯзе пиру кампир рӯи кат нишаста, ёде аз рӯзҳои гузашта намуда, ба наберагон қисса мекарданд, ногаҳон телефони ҳамроҳи бобои Хайрулло садои паёмак дод. Холаи Сабзагул дарҳол суол кард:
– Нафақа нашуда бошад?
– Оҳ, кампир, кампир садои паёмак ҳатто бӯй надошта бошад ҳам, пай мебарӣ, ки паёмаки нафақа аст.
– Охир, мӯйсафед, вақташ омад, ман интизорам.
– Бале, кампир, ҳозир анҷомамро мепӯшаму асоямро гирифта сӯи бонк меравам, нафақаи ҳардуямонро гирифта меоям, – гуфт мӯйсафед ва то дарвоза рафту бозпас гашта пурсид:
– Бароят ягон чиз лозим бошад, биёрам?
– Биёред, фақат аз нафақаи худатон, – хандида гуфт холаи Сабзагул.
Пиру кампир хуб медонистанд, ки фарзандон худ дар гирдоби зиндагиянд. Барои ҳамин ҳар боре чизе лозим мешуд, хомӯш менишастанду интизори нафақа буданд. Мӯйсафед бо қадамҳои суст асозанон ба назди бонк мерасад. Навбат дароз, одам бисёр ва хастагӣ эҳсос мешуд. Нафақаи худ ва кампирашро гирифта, ба ҷайбаш андохта бармегардад.
Ба сари кӯча мерасад, ки кампираш зери дарахти тут интизор аст. Барои пиру кампир ҳаққи нафақа самараи заҳматҳои бисёрсола буда, онро хурсандона сарф мекарданд.
– Оҳ, занак, тоқат накарда баромадӣ, ҳа? Рафтем, пул овардам, ҳисобӣ кунем, нафақаи ту аз ман зиёд аст, шояд бароям ҳадяе диҳӣ, – гуфт табассумомез бобои Хайрулло.
– Э, монед, бобош, нақшаҳоям бисёранд. Тӯйи хешу табор, аёдати наберагон ва дигар хароҷотҳоям ҳастанд, ки то нафақаи дигар бояд расонам, – гӯён холаи Сабзагул рӯи суфачаи ҳавлиаш нишаст.
Бобои Хайрулло аз ҷайбаш пулҳоро бароварда ба кампир дароз кард. Холаи Сабзагул бошад, аз келин хоҳиш намуд, ки рӯймолчаи гиреҳдорашро аз хона барораду маблағҳоро он ҷо гузорад.
Мӯйсафед синчакорона ба кампираш назар карду гуфт:
– Охир, пулро ин тавр парешон намон, мабодо шамол шавад, мебарад. Боз пулҳоят панҷоҳсомона будааст.
Кампир бо дилпурӣ гуфт:
– То ин дам шамол нашуда, дар фасли гармо нафақаамро кадом шамол мебарад?
Келин рӯймолчаро баровард, ки дар гиреҳи он ҳамагӣ ду дона даҳсомона монда буд. Мӯйсафед пулҳояшро ҳисоб карда гуфт:
– Ин барои дору, ин барои орд, ин ҳам бошад боз барои киссапулӣ, – гӯён ҳисобӣ мекард.
Ногаҳон садои ҷунбиши баргҳои ток ба гӯш расиду майнае парида омада, назди ангури рехтае дар замин фаромад. Чанд дона ангурро ба даҳон карда, ногаҳон гӯё бо бозӣ як панҷоҳсомонаро ба даҳон гирифту парид.
– Кампир, кампир, гуфтам-ку пулатро парешон намон, ана бе шамол ҳам аз панҷоҳ сомоният мондӣ!
– Эй вой, пули маро гирифт! Майна пуламро бурд! – гӯён холаи Сабзагул фиғон бардошт.
Келин ва наберагонашон баромада аз вазъ пурсон шуданд. Холаи Сабзагул табассумкунон гуфт:
– Майна барои нафақааш омаду рафт.
Ҳавлии онҳо ва деворро ҷӯйборе ҷудо мекард – чуқур, обдор ва гузаштанаш мушкил. Онҳо ҳарчанд аз пайи майна рафтанд, вале майна болои дарахт нишаста, пулро бо нӯлаш фишурда буд.
– Эҳ, майнаи доно, ақаллан аз нафақаи мӯйсафед намегирӣ, ки ҳисобам вайрон нашавад, – гуфт холаи Сабзагул.
– Охир, ман рӯймолчаи гиреҳдор кофта нагаштаму дарҳол ба ҷайби пинҳониам гузоштам, – ҷавоб дод мӯйсафед.
Ҳарду ба ҳамдигар нигоҳ карда хандиданд, ки ризқи майна ҳам дар ҳамин нафақа будааст.
Дар зиндагӣ баъзан аз даст рафтани маблағ он қадар дардовар нест, агар дили шод дошта бошӣ.
Мӯйсафед ба хотири табассум ва чеҳраи нуронии ҳамсафари ҳаёташ ду панҷоҳсомонаро гирифта ба ӯ дароз карду гуфт:
– Худованд умратро мисли ду панҷоҳсомона дароз кунад, кампир ва рӯймолчаи гиреҳдорат аз маблағи зиёд дигар гиреҳ нашавад.
Махфират Шоимова
Добавить комментарий
Ахбор
Марде ҳунарманд 12:32«РОДМАРД» – МИНБАРИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ 12:26ВОСЕЪ – мактаби ҷасорат барои наслҳо 12:21ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ 3,5 КМ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА 13:32БОХТАР. БУНЁДИ 10 КӮДАКИСТОН ДАР НАҚША 13:24ОСИЁБИ ЯК МАРД, УМЕДИ ЧАНД ДЕҲА 12:58РАМАЗОНРО ҒАНИМАТ ДОНЕМ! 12:52ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 12:19
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОХТАР. БУНЁДИ 10 КӮДАКИСТОН ДАР НАҚША
АМИРШОҲИ ХАТЛОНӢ: ПАЁМ – МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ
Номи нек ва корномаи пуршараф
ШУҶОАТ ВА МАСЪУЛИЯТ: ҲИКОЯИ ЯК ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК
ОСИЁБИ ЯК МАРД, УМЕДИ ЧАНД ДЕҲА
ҶАНГАЛБОНЗАН — НАМУНАИ ҶАСОРАТУ САДОҚАТ
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ 3,5 КМ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
РАМАЗОНРО ҒАНИМАТ ДОНЕМ!
«РОДМАРД» – МИНБАРИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ



