Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«РОДМАРД» – МИНБАРИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ
Дар айёме, ки тадбирҳои муассир дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон вусъат меёбанд, нахустбарномаи ҳарбӣ-ватандӯстии «Родмард» аз тариқи телевизиони «Хатлон» ба маърази тамошо гузошта шуд. Барномае, ки бо услуби тоза ва чеҳраи ғайриинтизор – як ҷавондухтари ҷасур миёни бинандагон маҳбубият пайдо кард.
Дар рӯзҳое, ки чорабиниҳои мафкурасозӣ миёни аҳолӣ тариқи суҳбату вохӯриҳои «Мактаб ба мактаб», «Кӯча ба кӯча» ва «Хона ба хона» роҳандозӣ гардида буданд, аз телевизиони «Хатлон» барномаи нави ҳарбӣ-ватандӯстии «Родмард» пешкаши тамошобинон гардид.
Дар оғоз мазмуну муҳтаво ва шеваи пешниҳоди мавзуъҳои марбут ба хизмати ҳарбӣ чун дигар барномаҳои маъмулӣ ба назар мерасид. Аммо бо гузашти вақти кӯтоҳ «Родмард» ба барномаи фарҳангӣ- сиёсӣ табдил ёфта, миёни тамошобинон, бахусус наврасону ҷавонон, маҳбубияти зиёд пайдо кард.
Муаллифи барнома – журналисти ҷавон Албинаи Абдусаттор бо ёдоварӣ аз рӯзҳои нахустини наворбардорӣ, танзим ва мушкилоти фаъолияти худ дар муҳити ба қавле «мардона» чунин мегӯяд:
«Дар оғоз касе бовар надошт, ки як ҷавондухтари хурдҷусса дар пешбурди барномаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ муваффақ мешавад. Гарчанде имрӯз дар сафи афсарони қисмҳои ҳарбӣ шумори бонувон меафзояд, аммо то ҳол бархе бар ин назаранд, ки хизмати ҳарбӣ гӯё хоси мардон аст».
Ба гуфтаи ӯ, ватандӯстӣ ба ҷинсият вобаста нест, балки аз ирода ва садоқат ба меҳан сарчашма мегирад. «Ин роҳ осон набуд. Паси ҳар чеҳраи бонуи низомипӯш достонҳои пур аз мушкилоту муборизаҳо нуҳуфтаанд. Баъзан шомгоҳон аз қисмҳои ҳарбӣ бармегаштем, зеро масъулият водор месохт, ки барномаро сари вақт манзури тамошобинон гардонем. Ҳар боре, ки либоси низомӣ ба бар мекунам, эҳсоси ифтихор қалбамро фаро мегирад».
29 августи соли 2023 нахустин барномаи «Родмард» аз як қисми ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар сабт ва пешниҳоди бинандагон гардид.
Бо гузашти як соли пахш аксари тамошобинон изҳор доштанд, ки интихоби як ҷавондухтар ба ҳайси пешбарандаи барномаи ҳарбӣ дар ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таъсири мусбат дорад. Намои бонуе бо либоси низомӣ, ки аз машқу тамрин ва рӯзгори ҳомиёни Ватан гузориш медиҳад, бисёриҳоро ба андеша водор месозад: чаро занон аз хизмати Ватан ифтихор доранд, вале бархе ҷавонон аз иҷрои вазифаи муқаддас канораҷӯӣ мекунанд?
Албина намояндаи насли нави журналистикаи тоҷик аст. Ӯ дар оилаи омӯзгор ба воя расидааст: падар омӯзгори забони русӣ ва модар аз фанҳои кимиё ва биология. Аз овони мактабхонӣ ба рӯзноманигорӣ шавқ дошт ва дар чорабиниҳои фарҳангии зодгоҳаш – рустои Сайёди ноҳияи Шаҳритус фаъолона иштирок мекард.
Тариқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуда, ихтисоси омӯзгори забони англисиро гирифт. Аз солҳои донишҷӯӣ дар баробари фаъолияти волонтёрӣ дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон барои нашрияи «Фурӯғ»-и донишгоҳ матлаб менавишт.
Фаъолияти кориро соли 2021 аз нашрияи «Ҳамрози халқ» оғоз намуда, баъдан дар нашрияи «Меҳтарони Хатлон», нашрияи кӯдаконаи «Ғунчаҳои Хатлон» ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фаъолият бурд. Сипас, дар Идораи телевизион ва радиои Хатлон ба ҳайси муҳаррир фаъолияти худро идома дод.
Дар соли ба эфир баромадани «Родмард» бори аввал нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат иҷро гардид. Ин рӯйдод ба яке аз мавзуъҳои меҳварии барнома табдил ёфт.
Ташаббуси «Корвони дидор», низ ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон роҳандозӣ шуд, дар ин раванд нақши муассир гузошт. Модарону пайвандони сарбозон аз қисмҳои ҳарбӣ боздид намуда, ба шароити хизмат шинос шуданд. Гурӯҳи эҷодии «Родмард» аз ин лаҳзаҳои таъсирбахш барномаҳои хотирмон таҳия кард.
Барои фаъолияти содиқонааш Албина бо медалу унвонҳои «25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «30-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ»-и КДАМ ва «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадии дараҷаи I» қадрдонӣ гардид. Соли 2024 «Родмард» сазовори Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Неруи сухан» дар номинатсияи «Беҳтарин барномаи телевизионӣ» шуд.
Соли 2025, дар арафаи 80-солагии Рӯзи Ғалаба, бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Албинаи Абдусаттор бо рутбаи ҳарбии лейтенант сарфароз гардонида шуд.
Имрӯз ӯ аз ҷумлаи ҷавонони худогоҳу ватандӯст аст, ки хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандӣ медонад. Ҳадаф дорад, минбаъд низ дар тарбияи ватандӯстии ҳамсолон ва насли нав саҳмгузор бошад. Ба гуфтаи ӯ, бунёди оилаи солим ва тарбияи фарзандон дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ аз худшиносии модарон сарчашма мегирад.
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



