Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Шурӯъ аз 1 декабри соли равон дар сартосари мамлакат маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон оғоз гардида, то охири моҳи декабр идома меёбад.
Дар вилояти Хатлон низ ин маъракаи муҳим бо маром идома дошта, то санаи 19 декабр 60 фоизи нафақагирон аз қайд гузаштаанд.
Аз Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, ки то инҷониб аз 310 ҳазору 149 нафар нафақагири шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят, 180 ҳазори онҳо аз қайди барномаи нави FaCe ID (Шинохти чеҳра) гузаронида шудаанд.
Тадбири мазкур аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои супориши Протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025, таҳти №11 “Ҷиҳати гузаронидани азнавбақайдгирии нафақагирон” роҳандозӣ гардида, барои шаффофияти таъмини нафақаи нафақагирон мусоидат менамояд.
Аз ниҳоди мазкур ҳамчунин иттилоъ доданд, ки нафақагирони маъюбу бемор ва шахсони барҷомонда дар манзилҳои зисти хеш аз ҷониби кормандони ниҳоди болозикр аз қайд гузаронида мешаванд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?


