Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии вилоятии Рӯзи даъватшаванда бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони сохторҳои гуногун ва аҳли ҷомеа баргузор гардида, садҳо нафар ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Ҳифзи Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар ҳамеша аз арзишҳои муқаддаси миллати тоҷик ба шумор рафта, дар руҳия ва худшиносии ҷавонон ҷойгоҳи хоса дорад. Рӯзи даъватшаванда низ ҳамчун рамзи садоқат ба давлат ва омодагӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Чорабинӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардида, бо роҳпаймоии мутантани даъватшавандагон оғоз ёфт. Онҳо аз назди комиссариати ҳарбӣ то варзишгоҳи донишгоҳ бо рӯҳияи болида ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ раҳсипор гардида, Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи истиқлолу ваҳдати миллиро дар даст доштанд. Ин роҳпаймоӣ ба як намоиши воқеии ифтихори миллӣ табдил ёфта буд.
Дар варзишгоҳ фазои идона ҳукмфармо гардида, ҳузури волидайну наздикони даъватшавандагон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд. Чеҳраҳои пур аз ифтихор ва дуоҳои неки падару модарон манзараи таъсирбахши ин рӯзро бозтоб мекарданд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид намуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, ҳар як ҷавон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар саҳмгузор бошад.
Дар идомаи чорабинӣ яке аз сарбозон-Шоҳвайсов Шовалӣ, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки дар қисми ҳарбии 3503 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ адои хизмат менамояд, доир ба нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ ва зарурати хизмати содиқона суханронӣ намуд. Ҳамзамон, модари яке аз даъватшавандагон — Фаришта Одинаева низ бо эҳсоси гарми модарона суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди ҳаяҷон фарзанди худро бо ифтихор ба хизмати Ватан гусел менамояд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона баргузор гардида, ба чорабинӣ шукӯҳи бештар бахшид. Дар маҷмӯъ, чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки ҷавонони тоҷик барои ҳифзи истиқлолу якпорчагии кишвар омода мебошанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, имсол даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввал – 1-уми апрел 100 фоиз иҷро гардидааст.
М. Акрамов,
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН




