Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ ДЕҲАҲОИ КӮҲИСТОН, ТО РОҲҲОИ ДУШАНБЕ
Субҳи барвақт, вақте аксари занҳои деҳаи кӯҳистон ҳанӯз машғули кори хонаанд, Гулнозаи Қурбонхон калиди мошинашро ба даст мегирад ва ба роҳ мебарояд. Мошини «Опел» барои ӯ танҳо василаи кор нест, балки рамзи ҷасорат ва интихоби роҳи худ дар зиндагист.
ҶАСУРОНА БА МАЙДОН БАРОМАДАМ
Гулнозаи Қурбонхон модари ду фарзанд аст ва аз деҳаи Тудании ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад. Шояд вай ягона зани мусофиркашон дар ин ноҳияи кӯҳистон аст. Ӯ зиёда аз 11 сол аст, ки ба кори мусофиркашонӣ машғул аст. Аввал дар дохили ноҳия мусофиркашонӣ мекард, вале ҳоло то ноҳияҳои дигари минтақаи Кӯлоб ва ҳатто ба Душанбе меравад.
-Аввалин боре, ки ба роҳ баромадам, нигоҳҳои мардум маро дар ҳайрат мегузоштанд. Баъзеҳо бовар намекарданд, баъзеҳо кори мардона мегуфтанд. Аммо ба худ боварӣ доштам ва ҷасурона ба майдон баромадам, – нақл мекунад ӯ.
АЗ «ТИКО» БА «ОПЕЛ»
Қабл аз издивоҷ кардан, падараш дар рӯзи зодрӯзаш мошини «Тико» ҳадя кард, туҳфае, ки сарнавишти ӯро дигар кард. Баъди арӯсӣ кардан узви хонаводаи шавҳар, ки бо касби Гулноза ошно буданд, барояш мошини «Тико» хариданд. Пеш аз оғози кор Гулноза бо шавҳар, хусур ва хушдоманаш машварат кардааст. Хушбахтона, аҳли оилааш ӯро дастгирӣ намуданд. Дар ҷомеае, ки то ҳол бисёр қолабҳои суннатӣ ҳукмронанд, чунин дастгирӣ барои Гулноза қадами муҳим аст. Муштариёни доимиаш асосан занҳоянд. Ӯ мегӯяд, ки эътимоди онҳо барояш неруи бештар медиҳад. Даромади рӯзонаи Гулноза дар як рӯз аз 50 то 200 сомонӣ аст. Дар рӯзҳои ид бошад, то 300 сомонӣ ҳам мерасад. Шавҳараш устои таъмири мошин буда, соҳиби устохонаи шахсӣ мебошад. Гулноза на танҳо ронанда, балки то андозае устои мошин ҳам ҳаст. Вақте ки дар роҳ мошинаш вайрон мешавад, баъзан худаш онро таъмир мекунад.
-Гоҳо дар таъмири мошинҳо ба шавҳарам ёрӣ мерасонам. Таъмири мошин осон нест, маҳорат ва масъулияти баландро талаб мекунад, вале ҳардуи мо аз уҳдаи ин кор ба хубӣ мебароем. Ин даромади хонаводаи мо мебошад, – мегӯяд Гулноза.
БУРДАРАСОНӢ ДАР РУСИЯ
Гулнозаи Қурбонхон мегӯяд, ки кӯдаконаш дар вақти кори ӯ дар тарбияи хушдоман мемонанд. Маҳз ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ дар оила имкон медиҳад, ки ба кори дӯстдоштааш идома диҳад. Солҳои 2019 то 2021 Гулноза бо шавҳараш дар муҳоҷират буданд. Онҳо дар Маскав ба ҳайси бурдарасонӣ ё курер фаъолият мекарданд. Аммо баъдтар ба ватан баргаштанд ва ҳоло дар зодгоҳашон- ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба мусофиркашонию таъмири мошинҳо машғуланд.
ДАР ОРЗУИ МОШИНИ НАВ
Имрӯз Гулноза барои бисёр духтарони ҷавон намунаи ҷасорат аст. Ӯ исбот кард, ки касб мардона ё занона намешавад. Ҳаст касбе, ки бо меҳнату масъулият анҷом дода мешавад. Ҳарчанд нигоҳҳои ҳайратангез ҳанӯз ҳам мушоҳида мешаванд, вале Гулноза дигар ба онҳо аҳамият намедиҳад. Ӯ роҳи худро интихоб кардааст, роҳи пурпечутоби ҳадафмандона. Роҳе, ки аз деҳаҳои кӯҳистон оғоз шуда, то маркази пойтахт мерасад. Ҳоло талош дорад, ки мошини наву беҳтар аз «Опел»-ро харида, дар маросимҳои арӯсӣ ба мардум хизмат намояд.
Амонҷон Муҳиддинов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН




