Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОНУИ СОДИҚИ ВАТАН
Ман нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ менамоям. Зеро онҳо аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳоидавлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Занону бонувони тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд. Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад.
Хушбахтона тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони мамлакат бо истифода аз имкониятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари мардон дар ҳама соҳаҳои мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд.
Модарону бонувон хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми меҳру муҳаббат ва умри азизи худро дар роҳи тарбияи фарзандони солиму солеҳ, босаводу соҳибмаърифат, хушахлоқу боадаб, ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо ва сариштаи рӯзгор сарф месозанд. Яке аз чунин бонувони пайрави асили Пешвои муаззами миллат, собиқадори ҳизбу меҳнат дар шаҳри Кӯлоб, Валиева Саъбагул ба шумор мераванд. Ғайрату матонат, ҷасорату самимият, меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ, руҳи шикастнопазиру ба сахти тобовар, дили ҷавону зиндагии ибратбахш аз хислатҳои наҷибе ба шумор мераванд, ки муаллимаи азизу гиромиқадри мо Валиева Саъбагулро маъруфу маҳбуби дилҳои пиру ҷавони шаҳри бостонии Кӯлоб гардонидааст.
Ҳангоме ки аз минбар сухан мегӯяд сиёсатмадорест, ки дар рагу пайванди ҷонаш меҳри ватандорӣ шуълавару дар ҷараён аст. Дар рӯзгордорӣ зани пурҳунару дар тарбияи фарзанд сахтгиру серталош аст. Муаллима Валиева Саъбагул аз зумраи бонувони муваффақи шаҳри бостонии Кӯлоб аст, ки бо иродаи мардонаи худ махсусан дар давраи барқарорсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд дар рушди фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб саҳми назарраси худро гузоштаанд. Ин бонуи муваффақ ва модари ҳалиму меҳрубон фаъолияти худро аз мураббии боғча оғоз намуда, то ба зинаҳои роҳбарикунанда омада расидаанд.
Саъбагул Валиева бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фахрии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста, Медали 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Саҳми бесобиқаи ӯ дар тарбияи ҷавонон хеле зиёд ҳаст. Натиҷаи фаъолияти пурсамараш ҳаст, ки имрӯзҳо дар ҳама чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ӯ гули сари сабад аст.
Ӯ дорои мактаби махсуси худ ҳаст, имрӯзҳо дар ҳамаи зинаҳои роҳбарикунандаи сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ шогирдони муаллима кору фаъолият намуда, бо ифтихор аз хизматҳои ин шахсияти раҳнамунсоз сухан меронанд. Ҳамчун як зан-бонуи тоҷик ба либоси миллӣ эҳтироми хосса дорад ва ба бар кардани онро барои ҷавондухтарон ифтихору масъулият медонад.
Бо либоси зебои тоҷикона, ки хоси модарони шаҳри бостонии Кӯлоб аст соли 2020 дар назди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷониби роҳбари давлат баҳои баланд гирифтанд. Ҳангоми ҳамсуҳбат гардидан Пешвои муаззами миллат ба ин модари азизу меҳрубон, муаллима Валиева Саъбагул таъкид доштанд, ки фаъолиятро идома дода насли ҷавонро тарбия намоянд. Айни замон ин бонуи зебову ҳамешаҷавон Валиева Саъбагул дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба омӯзгорӣ машғул буда, насли ҷавонро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия намуда истодаанд.
Муаллима Саъбагул Валиева ҳамеша дар байни мардум ҳастанд, натиҷаи ҳамин заҳматҳояш буд, ки вай дар тӯли ин ҳама фаъолият борҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят интихоб гардид. Ҳар нафаре, ки бо ин бонуи хушсухан дар маҳфиле ва ё маъракае нишастааст ҳатман пазмони шухиҳои намакинаш гардидааст.
Орзуи ҳар зан дар зиндагӣ ҳамин аст, ки фарзанд ба дунё овардану модар шудан насибаш гардад. Яъне модар мавҷудест, ки офаранда аст, фарзанд меофарад, барои тифли навзоди худ, ки ҳанӯз як мавҷуди нотавон аст, 18 – 19 сол заҳмат кашида, ӯро ба як инсони неруманду тавоно табдил медиҳад ва то зинда аст, ҳозир аст, ки ҳастии хешро фидои фарзандаш созад. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро «фариштаи меҳр», «олиҳаи покӣ» ва «мавҷуди муқаддас» меноманд.
Валиева Саъбагул модари чор фарзанд, ду келин ва даҳ набера буда, худро модар ва бибии хушбахт меҳисобад. Аз замони қабули туҳфаи Пешвои муаззами миллат “Шоҳнома”-и устод Абулқосим Фирдавсӣ ба ин хонадон бо раҳнамоии ин бонуи соҳибтаҷрибаву хирадманд наберагон ба аз бар кардани абёти ин асари безавол машғуланд. Саъбагул Валиева фаъолияти чилсолаи кории модарашро ба ёд оварда, бо ифтихор мегӯяд, ки аз рӯзҳои аввали даврони истиқлолият дар таблиғи сулҳу ваҳдат будам, ҳастам ва хоҳам монд.
Дар ин ҷода мо шогирдон ба муаллима умри дарозу тани сиҳат орзумандем ва дар симои ӯ тамоми бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоби бостониро бахшида ба "Рӯзи Модар" табрику таҳният мегӯем.
Шаҳноза Нусратова, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД


