Бойгонӣ
Апрель 2026 (2)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)
Ноябрь 2025 (25)

НАРӮЗ – РАМЗИ ҲАЁТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ва зеботарин ҷашнҳои миллии мо мебошад. Вобаста ба Наврӯз, ҷойгоҳи он дар тамаддуни мардуми ориёӣ ва мақому манзалати ин ҷашни бостонӣ бо шоир Усмон Билолӣ мусоҳибае анҷом додем, ки онро пешкаши хонандагони маҷалла мегардонем.

– Наврӯз ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашнҳои башарӣ чӣ ҷойгоҳе дар тамаддуни мардумони ориёинажод дорад ва решаҳои таърихии онро шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Худи номи он аз ду калимаи тоҷикӣ - форсии «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои рӯзи нав ё оғози рӯзи тозаро ифода мекунад. Ин вожа дар тули ҳазорсолаҳо миёни мардум истифода шуда, дар адабиёт ва фарҳанги мо ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст.  
Дар асоси ҳамин вожа макони баргузории ҷашн Наврӯзгоҳ номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин, бисёр вақт ба хотири ин ҷашни зебо ба фарзандон  низ Наврӯз ном мегузоранд.
Аз ин далелҳо бармеояд, ки Наврӯз иди миллии мо буда, дар фарҳанги тоҷикон мақоми хос дорад. Як силсила оҳангҳои қадимаи тоҷикӣ низ бо номи Наврӯз ва наврӯзӣ маъруфанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки Наврӯз ҳамеша дар хотираи таърихии халқи мо зинда будааст ва мардум онро аз тундбодҳои таърих ҳифз кардаанд.
Ба ғайр аз эҷодиёти шифоҳии мардум, Наврӯз дар асарҳои донишмандону мутафаккирони бузург, аз ҷумла Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин, дар эҷодиёти шоирони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар олимону адибони гузашта фаровон зикр гардидааст. Аз ин рӯ метавон хулоса кард, ки Наврӯз дар эҷодиёти халқ, адабиёт, илм ва фарҳанги мо ҷойгоҳи устувор дошта, яке аз нишонаҳои қадимӣ ва тамаддуни куҳани миллати тоҷик мебошад.
Таърихи Наврӯз зиёда аз шаш ҳазор сол арзёбӣ мегардад. Тибқи ривоятҳои таърихӣ, ин ҷашн дар замони шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст ва дар бораи он дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ қиссаҳои муфассал оварда шудаанд.
Бар асоси ин далелҳо ва дигар санадҳои таърихию бозёфтҳои бостоншиносӣ, донишманди маъруфи тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ дар асари худ «Давлати Каёниён» таърихӣ будани давлати Каёниёнро нишон додааст. Аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадани идҳои миллие чун Наврӯз, Сада ва Меҳргон, инчунин, анъанаҳои давлатдории сулолаҳои Каёниён, Кӯшониён ва Сосониён гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги ғанӣ, тамаддуни қадима мебошад.

 – Ба назари шумо, Наврӯз бештар ҷашни фарҳангӣ аст ё арзишҳои маънавию эътиқодиро низ дар худ таҷассум мекунад?
– Наврӯз пеш аз ҳама иди фарҳангӣ аст. Он анъанаҳо, суннатҳо ва маросимҳои миллии моро пурра фаро мегирад. Анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ дар маросимҳои наврӯзӣ ба таври зебо ва дилнишин ҷилва намуда, зебоӣ ва шукӯҳи Наврӯзро ҳамчун яке аз зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон  инъикос мекунад.
Дар ин ид намунаҳои олии фарҳанги мо – суруд, мусиқӣ, рақс, шеър, гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек пешниҳод мегарданд, ки ҳама саршор аз гавҳари фарҳанги миллӣ мебошанд. Либосҳое ба бар карда мешаванд, ки ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумиро ба таври равшан нишон медиҳанд.
Дар майдонҳои ҷашнӣ ба ифтихори иди Наврӯз бозиҳои варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, аспдавонӣ, чавгонбозӣ, найзапартоӣ, найзазанӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ, давидан, ҷаҳидан, дастхобонӣ ва дигар намудҳои варзиш баргузор мегарданд, ки реша дар фарҳанги миллӣ доранд.
Дар рӯзҳои Наврӯз хӯрокҳо ва хӯришҳое омода карда мешаванд, ки аксаран номҳои тоҷикӣ доранд. Аз ҷумла, шӯрбо, оши палав, оши бурида, мастоба, биринҷоба, чалпак, самбӯса, тушбера, кабоб, атола, ширбиринҷ, шавла, гӯштбирён, суманак ва дигар таомҳо рӯйи дастархони наврӯзиро оро медиҳанд, ки мояи ифтихори ҳар як сокини ин сарзамини офтобист.
Дастархонороии наврӯзии мо тоҷикон аз дигарон бо он фарқ мекунад, ки дар рӯйи он ҳатман суманак гузошта мешавад. Суманакпазӣ як силсила анъанаҳоро дар бар мегирад, ки маънии рамзии ин маросимро ифода менамоянд. Аз гандумшӯӣ ва суманакхобонӣ то майсакӯбон ва пухтани суманак дар дег - ҳамаи ин маросимҳо хеле зебо ва диданӣ мебошанд. Дар иҷрои онҳо сарулибоси миллӣ, суруд, рақс ва дигар ҳаракатҳои маросимӣ ҷой дошта, маънии суманакпазии наврӯзиро равшан месозанд.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои Наврӯз баробарӣ, бародарӣ ва аз дил дур кардани ғаму андӯҳ ва кинаву кудурат мебошад. Дар айёми Наврӯз шабу рӯз баробар мешаванд. Ин маъно рамзи баробарии инсонҳост, ки новобаста аз ранги пӯст, забон ва расму ойин ҳама инсонем ва аз як гавҳар офарида шудаем.
Барои расидан ба чунин мақом инсон бояд аз дил кинаву адоват ва ғаму андӯҳро дур созад. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф, зиндагии худро бояд бар асоси се рукни асосии ойини ориёӣ – гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек бунёд намоем.
Ин маъно дар анъанаву суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла хонатаконӣ, гулгардонӣ ва суманакпазӣ хеле равшан ифода меёбад. Мувофиқи анъанаи хонатаконӣ ва тозаву озода кардани хона, инсон бояд дили худро низ аз кинаву кудурат пок намояд. Ин рамз ишора ба аҳли башар аст.
Гулгардонӣ низ маросими зебои наврӯзӣ мебошад. Дар ин маросим гул,  ки рамзи баҳор, зиндагӣ ва зебоӣ аст дар деҳа гардонда мешавад. Ҳангоми хондани шеъру суруд соҳибхонаҳо гулро ба абрӯ мемоланд ва орзуҳои нек мекунанд. Ин рамзи он аст, ки инсонҳо бояд аз зебоиҳои зиндагӣ баҳра гирифта, душманӣ ва кинаву адоватро канор гузошта, бо нияти нек зиндагӣ намоянд.
Ин омилҳо ҷанбаи умумибашарӣ ва байналмилалии Наврӯзро нишон медиҳанд. Тавре дида мешавад, ҳатто як назар ба баъзе анъана ва маросимҳои Наврӯз нишон медиҳад, ки он иди мардумии умумибашарист ва ба ягон дину оин ё эътиқоди муайян вобаста нест, балки бештар ҷашни пайванди инсон бо табиат ва ҳамоҳангии табиат бо кайҳон мебошад.

– Фалсафаи аслии Наврӯз – эҳёи табиат ва навсозии инсон имрӯз барои ҷомеаи муосир чӣ паём дорад?
– Оид ба ин суол дар боло ишора карда будем. Акнун каме дар бораи эҳёи табиат, тарбияи инсон ва аҳамияти он барои ҷомеаи муосир мухтасар изҳори назар мекунем.
Фалсафаи ҳикмати Наврӯз ба принсипҳои гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек асос ёфтааст. Агар ҳамаи амалҳоеро, ки ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз анҷом дода мешаванд, аз назар гузаронем, дармеёбем, ки ҳадафи асосии маросимҳо ва анъанаҳои наврӯзӣ тарғиби маҳз ҳамин се омил мебошад. Ба таври дигар, ориёиён ин принсипҳоро ҳамчун рамзи зиндагии гуворо барои аҳли башар пешниҳод кардаанд ва ҷомеаи инсонӣ аз оғози офариниш то имрӯз ба ин се арзиши муҳим ниёз дорад.
Маҳз ҳамин ниёз аст, ки имрӯз қувваҳои солими ҷаҳон барои ба эътидол овардани вазъи ҷаҳони муосир аз гуфтугӯи тамаддунҳо кор гирифтан мехоҳанд. Ин иқдом бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Таҷлили Наврӯзи дилафрӯз бо тамоми зебогиҳо, суннатҳо ва маросимҳояш худ намунаи олии чунин гуфтугӯи тамаддунҳост.
Зеро Наврӯз ҳастӣ ва зиндагиро талқин мекунад ва зебоиро бо тамоми ҷилваҳояш дар худ таҷассум менамояд. Пояи Наврӯз бар нияти нек, бародарӣ ва баробарӣ устувор аст. Дар ин замони ҳассос ниёз ба гуфтори нек ва рафтори нек беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад.
Агар аҳли башар аз рӯи принсипҳои инсонпарваронаи Наврӯз амал намоянд, ҷомеаи инсонӣ метавонад аз вартаи ноумедӣ ва якдигарбадбинӣ раҳо ёбад ва ҷаҳон ба гулшани орзуву ормон ва бахту иқболи инсоният табдил гардад.
Месазад бори дигар таъкид намуд, ки бо фаро расидани Наврӯз зиндагӣ нав мегардад. Инсон бояд ғаму дард, душманӣ ва бадбиниро ба соли куҳна вогузор карда, соли навро бо дили пок, нияти нек ва андешаи созанда оғоз намояд ва дар канори зиндагии пурсаодат ҳамеша бо бахту иқбол ҳамнафас бошад.
 
– Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мақому манзалати Наврӯз чӣ гуна тағйир ёфт ва то кадом андоза ба омили таҳкими худшиносии миллӣ табдил гардид?
– Миллати тоҷик дар тули таърих миллати созанда ва тамаддунофар буд. Яке аз нахустин давлатҳои дунёро бунёд гузошта, дар офариниши тамаддуни ориёӣ, исломӣ ва муосир нақши тоҷикон махсус қайд мешавад. Дар масири таърих тоҷикон бисёр афтодану хестанҳоро аз сар гузарониданд. Иди Наврӯз дар марҳилаҳои гуногуни таърих бо муносибатҳои ҳархела рӯ ба рӯ омада, мисли миллати мо, асолати худро нигоҳ дошта тавонист. Аммо он барои густариш ва омӯзиш ва пуштибонӣ ниёз дошт.
Замони соҳибистиқлолии кишварамон ба рушди миллати тоҷик, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, аз ҷумла идҳои миллӣ мусоидат кард. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заруратро дарк намуда, аз оғози Сарвари давлат буданашон ба эҳёи фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллӣ аҳамият медоданд. Ба хотири амалӣ намудани нақшаҳояшон ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили фалак, шашмақом ва дигар суннатҳо эҳё гардиданд.
Аз зарфият ва имконоти фарҳанг, суннату анъанаҳо дар ташкили худшиносии миллӣ истифода намуданро ба ҷомеаи муосири Тоҷикистон омӯзониданд. Дар ин замина ифтихори миллӣ ва нанги ватандорӣ ба насли ҷавон таълим дода шуд.
Мояи ифтихор аст, ки соли 2009-ум ҷашни Наврӯз ҳамчун дастоварди аҳли башар ба рӯихати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО шомил шуд. Ин далел шаҳодат медиҳад, ки ҷашни Наврӯз дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

 – Чӣ шуморо водор намуд, ки ба мавзуи Наврӯз рӯ биёред ва “Наврӯзнома”-ро эҷод кунед? Воқеан ҳам, маҷмуаи “Наврӯз – иди ҷаҳоноро” барои аҳли фарҳанг дастурамали хуб мебошад.
-Шеърнависӣ зебоиофарӣ аст. Наврӯз ё баҳор шеъри олии нотакрори табиат аст. Дар рангҳо ва накҳати баҳор, зебоӣ ва қашангии муҳит, тобиши ҳамаи санъатҳои лафзӣ ва маънавии шеърро метавон пайдо кард. Яъне, баҳор манбаи илҳоми кулли эҷодкорон аст.
Ҳадафи “Наврӯзнома” навиштанро ҳеҷ гоҳ пеши худ нагузошта будам, аммо дар мавзуи Наврӯз барои чорабиниҳои наврӯзии шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон ва наврӯзҳои ҷумҳуриявӣ мавод тайёр мекардам. Вобаста ба суннату анъана ва маросимҳои наврӯзӣ, бо ҳунармандони асил – Хосият Раҷабзода, Маҳмадалӣ Аюбӣ, Амриддин Кабир, оҳангсоз Шералӣ Қосимзода, Хиромон Қурбонова, инчунин адибон, олимон ва аҳли ҳунари вилоят доимо дар тамос будам.
Аз одамони солманди рӯзгордидаи кулли манотиқи мамлакат оид ба суннату анъанаҳои Наврӯз иттилоот мегирифтам. Адабиёти заруриро дастрас ва қироат мекардам. Дар натиҷа, тасаввуроти ман оид ба ҷашни Наврӯз комил шуд ва таҷрибаи эҷодӣ ҳосил гардид. Аз мантиқи мусиқӣ ва навиштани матни суруд низ огоҳӣ ёфтам. Ин раванд бароям мактаби зебоӣ ва камоли эҷодӣ гардид.
Маводе, ки дар маҷмуа бо унвони “Наврӯз – иди ҷаҳоноро” ҷой дорад, дар тули зиёда аз 20 соли ҳамкории доимӣ бо аҳли адабу аҳли ҳунари шаҳру вилоят рӯйи саҳфа омадааст. Ин кор ба ман имкон дод, ки ба эҷодиёти даҳанакии халқ, сурудҳои анъанавӣ, суннатӣ ва маросимҳо бештар ворид шавам ва дар офаридани “Наврӯзнома” комёб гардам.
Дар нашри китоб Хосият Раҷабзода, собиқ директори ансамбли фолклорӣ - этнографии “Хутал” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ёрии амалӣ расониданд. Дар маҷмуа суруду таронаҳо, лапару бадеҳа, рубоиву дубайтӣ ва намунаҳои ғазал оид ба ҳабдаҳ анъанаи наврӯзӣ ҷой дода шудаанд.

Ташаккур, барои суҳбати самимӣ

Мусоҳиб Латофат Мирзосаид
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий