Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АМИРШОҲИ ХАТЛОНӢ: ПАЁМ – МАКТАБИ ДАВЛАТДОРӢ ВА БЕДОРИИ МИЛЛӢ
Адиб Амиршоҳи Хатлонӣ бар ин назар аст, ки ҳар сухани Пешвои миллат танҳо баёни сиёсӣ нест, балки як барномаи мукаммали рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Ба андешаи ӯ Паёми Президенти мамлакат бояд ҳамчун китоби рӯимизии ҳар масъул, зиёӣ ва шаҳрванди огоҳ қарор гирад, зеро он роҳнамоест аз имрӯз ба сӯи фардо.
СУХАН ҲАМЧУН НЕРУИ СОЗАНДА
Амиршоҳи Хатлонӣ таъкид мекунад, ки дар тамаддуни тоҷик сухан ҳамеша нақши калидӣ доштааст. Аз замони Куруш то давлати Сомониён, маҳз ҳикмат ва андешаи роҳбарон боис гардид, ки адабиёт ба омили ташаккули шуури миллӣ табдил ёбад. Дар аҳди Сомониён, бо пуштибонии давлат, суханварон тавонистанд фарҳангеро бунёд кунанд, ки то имрӯз пояи ҳувияти миллии тоҷикон аст.
Ба андешаи адиб, имрӯз низ ин рисолат идома дорад: Паёми Президенти мамлакат ҳамон сухани созандаест, ки ҷомеаро ба амал ва амалро ба пешрафт раҳнамоӣ мекунад.
ПАЁМ — НА ҲИСОБОТ, БАЛКИ СТРАТЕГИЯИ ЗИНДАГӢ
Амиршоҳи Хатлонӣ Паёми Президенти мамлакатро санади зиндагисоз меномад. Ба гуфтаи ӯ ҳар банди Паём бояд аз сатҳи шунидан ба сатҳи амал бардошта шавад. Агар нуктаҳои Паём мавриди амал қарор дошта бошад, рушди воқеӣ таъмин мегардад.
Ӯ бар ин ақида аст, ки вазифаи адибон, рӯзноманигорон ва аҳли зиё шарҳу тавзеҳи Паём бо забони сода ва фаҳмо барои омма мебошад, то ҳар қишри ҷомеа аз моҳияти он бархӯрдор бошанд.
ФАРҲАНГ — ПУЛИ ВАҲДАТ
Дар андешаҳои Амиршоҳи Хатлонӣ ҷойгоҳи ҷашнҳои миллӣ махсус аст. Ӯ Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар суннатҳоро рамзи эҳтиром ба меҳнат ва табиат мешуморад. Ин ҷашнҳо дар гузашта мардумро муттаҳид мекарданд ва имрӯз низ метавонанд ҳамчун омили ваҳдати миллӣ хизмат намоянд.
Адиб бо қаноатмандӣ таъкид мекунад, ки баъди фоҷиаҳои охири асри ХХ, маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат кишварро ба сулҳу субот расонд ва барои эҳёи фарҳангиву маънавӣ замина фароҳам овард.
Ваҳдатофар, ваҳдатовар Пешво,
Зеби тахту зеби минбар Пешво.
Давлатат бодо ҳамеша ҷовидон,
Анҷуманорои кишвар Пешво.
Халқу меҳан шуд раҳо аз дарду ғам,
Бо адолат тоҷбарсар Пешво.
ИНҚИЛОБИ МАЪРИФАТ
Ба андешаи Амиршоҳи Хатлонӣ озмунҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва Шоҳномахонӣ, як инқилоби ороми маънавӣ дар ҷомеа мебошанд. Ин ташаббусҳо на танҳо завқи китобхониро бедор карданд, балки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар дили ҷавонон тақвият бахшиданд.
Ӯ махсус таъкид мекунад, ки дастгирии молиявии ғолибон аз ҷониби давлат таҷрибаи нодир буда, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон фарҳангро сармояи стратегӣ мешуморад.
ЗАБОН — МЕҲВАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Амиршоҳи Хатлонӣ суханронии Пешвои миллатро бо забони ноби тоҷикӣ дар минбарҳои байналмилалӣ нишонаи арҷгузории амиқ ба фарҳанг ва адабиёт медонад. Ба гуфтаи ӯ, забони тоҷикӣ забоне аст, ки ба башарият хизмат кардааст ва имрӯз ҳам ҳамчун забони давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ мақоми баланд дорад.
МАСЪУЛИЯТИ АДИБ ВА ШАҲРВАНД
Ба андешаи Амиршоҳи Хатлонӣ адиб танҳо офарандаи матн нест, балки роҳбалади маънавии ҷомеа аст. Ӯ вазифадор аст, ки бо сухан ва андешаи худ сиёсати созанда, ваҳдат ва дастовардҳои миллиро таблиғ намояд.
Ӯ бар ин бовар аст, ки рушди иқтисодӣ, амният ва зиндагии шоистаи мардум натиҷаи татбиқи ҳамин андешаҳои хирадмандона мебошад.
ХУЛОСА
Ба хулосаи адиб Амиршоҳи Хатлонӣ, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойинаи худшиносии миллӣ ва мактаби давлатдорӣ мебошад. Агар ҳар шаҳрванди кишвар онро ҳамчун роҳнамо пазирад, Тоҷикистон на танҳо дар иқтисод, балки дар фарҳанг ва маънавиёт низ ба қуллаҳои нав хоҳад расид.
М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



