Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
"АРВОҲ”
Охири тирамоҳ, пас аз анҷоми ҳосилғундорӣ, шудгори заминҳои пахта оғоз меёфт. Навбат ба замини чилгектара расид ва техникаи шудгоркунандаро ин ҷо оварданд. Тракторҳо шабу рӯз кор мекарданд, то фурсат аз даст наравад. Замини чилгектара дуртар аз деҳа воқеъ буд ва қисми он бо теппаи баланд – қабристон мепайваст. Калонсолон ба хотир меоварданд, ки гирду атрофи деҳа теппаҳои зиёд дошт. Бо техника онҳо ҳамвор шуда, пахта корида мешуд. Ин теппа, ки қабристони чанд деҳа буд, аз ҳамвор кардан эмин мемонд.
Атрофи қабристон нақлу овозаҳои ҳангомаомез зиёд бофтаву паҳн мегашт. Воқеан, он баланд ва паҳнои васеъ дошта, бахусус шабонгоҳ воҳиманок менамуд. Мегуфтанд, ки болои мазор ҷинсҳои номаълум бо либосҳои сафед базм барпо мекунанд. Рақс ва бозии онҳо гирди оташ баъд ба занозанӣ табдил меёфт ва ноаён аз назар ғоиб мешуданд. Баъзе хушнақлҳои ҳангомаҷӯ ба ин лаҳзаҳо ҷомаи нав пӯшонида, ба дили шунаванда ваҳми зиёд ҷо мекарданд.
Шудгори замин ба қабристон наздик мешуд. Шамоли сард мевазид ва аз таҷриба маълум буд, ки ҷои онро барф ё борон иваз мекунад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди нисфирӯзӣ барфи бо шамол ҳамроҳ ба боридан сар кард. То охири рӯз барф болои заминро пӯшонд ва ҳамоно шиддат мегирифт.
Шарифбек баъди чанд гардиш чароғҳои тракторро даргиронд. Чароғҳо атрофро равшан намоянд ҳам, қабристони хомӯш ба Шарифбек, ки аз овозаҳо ва ҳангомаҳои он хабардор буд, дар торикӣ боз ҳам ваҳмангез менамуд. Барф ҳанӯз бошиддат меборид. Баъди гардиш Шарифбек тракторашро ба марза рост ва суръатро баланд намуд. Гоҳ-гоҳ ба пушт менигарист, ки плуг чи тавр кор мекунад. Позаҳо заминро шикофта, хокро чаппа менамуданд. Барфи навборида ба шудгор монеъ намегашт, зеро замин ҳоло хушк буд.
Пас аз чанд маротиба давр задан, Шарифбек ба пушт нигарист ва ногаҳ дид, ки суроби сар то по сафедпӯш ва шамшери сафед дар даст алвонҷзанон аз қафои трактор медавад. Шарифбек яқин донист, ки аз “арвоҳ”-ҳои қабристон аст, вуҷудашро даҳшат фаро гирифт. Бори дигар ҳаросон ба қафо нигарист. “Арвоҳ” ҳамоно медавид ва дар назар баландтару шамшераш дарозтар менамуд. Аз даҳонаш дуди сафед фаввора зада, бо барф омехта мегашт.
Дигар ба қафо нанигариста, Шарифбек суръати тракторро баланд кард. Ҳарос дошт, ки ҳозир аз тирезаи пушт ё дари кабин бо шамшери тезаш ба ӯ ҳамла мекунад. “Арвоҳ” дар қасди ҷонаш буд, агар не, чаро аз қафои трактор ӯро таъқиб дорад?! Вай надонист, чӣ тавр ба бошишгоҳ, ки ҳамкоронаш истироҳат доштанд, худро расонд. Шарифбек ба хоначаи дамгирӣ тирвор даромада, ҷисми ларзонашро болои кӯрпача ҳаво дод.
Ҳамкоронаш фурсати пурсидан наёфта, ҳамоно ба хона “арвоҳ” зада медарояд. Онҳо ба суроби сар то по сафед ҳайрон менигаристанд. Суроб аз гармии хона оҳиста-оҳиста об мешуд. Чашмону абру ва рухсораи аз сардӣ суп-сурхи “Арвоҳ” намоён гашта, ба одам табдил меёфт. “Арвоҳ”-ро шинохтанд, ӯ аз деҳаи ҳамсоя, Собири ронанда будааст.
Собир нақл кард, ки мошинаш назди мазор аз роҳ баромада, дар лой дармондааст. Садои тракторро шунида, хост, ки аз тракторчӣ барои аз лой берун кашидани мошин кумак пурсад. Аз қафояш давида даст меафшонад, то ки истад, аммо баръакс трактор суръат мегирифт.
Пас аз нақли Собири ронанда, Шарифбек ҳамоно беҳаракат мехобид. Нафаре ба пешонаи ӯ даст расонд. Шарифбек дар оташ месӯхт ва баданаш арақи сард дошт. Ҳамкоронаш фаҳмиданд, ки ба чӣ ҳол гирифтор шудааст ва зуд бо мошини Собир Шарифбеки беҳушу ёдро ба беморхона бурданд.
Рӯзи дигар Шарифбек дар ҳуҷраи беморон чанде аз ҳамкорон ва Собирро, ки сари хам менишаст, мебинад. Ҳамкоронаш асли ҳодисаро ба ӯ нақл карданд ва гуфтанд, ки “Арвоҳ”-и шамшердори аз қафои трактор давида ва қасди ҷонаш карда, ҳамин кас аст. “Арвоҳ” аз ӯ мадад мехост.
То шифо ёфтани Шарифбек, Собир доимо ба аёдаташ меомад. Шарифбеку ҳамкоронашро ба меҳмонӣ даъват кард ва ҳуҷуми “арвоҳ” ва фирори Шарифбекро бо ҳар ранг ба хотир меоварданд.
Ин ҳодиса вирди забони мардуми гирду атроф гашта, “арвоҳ” ва Шарифбекро бо ҳам дӯст мегардонад. Дар тӯю маъракаҳо мегуфтанд, ки Шарифбек ҳамроҳи “Арвоҳ”-аш омадааст. Писари Шарифбек хизмати ҳарбиро дар Шарқи Дур ба охир расонда, ба деҳа баргашт. Фарзанди калонии Собир, Гулдаста қадрас гашта, чанде аз хешовандонаш ба хостгорӣ меомаданд. Аммо Собир бо ҳар баҳона хоҳиши наздиконашро рад мекард.
Як рӯз Шарифбек ҳамроҳи завҷааш бо дастархони калон ва чанд нафари деҳа меҳмони Собир гаштанд. Аз ташриф овардани онҳо аҳли оилаи Собир пай бурданд, ки меҳмонон чӣ мақсад доранд. Баъди чанде тӯйи арӯсӣ барпо шуд ва Шарифбеку “Арвоҳ” мизбон буданд. Мардум аз тӯйхона баромада, байни худ аз ҳамлаи “Арвоҳ”-и шамшербадаст ва гурехтану ба беморӣ гирифтор шудани Шарифбек нақл мекарданд:
– “Арвоҳ” мадад кард ва ин ду ҷавон хушбахт гаштанд, – мегуфтанд бо завқ.
Аъзам Мӯсоев
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД



