Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Марде ҳунарманд
Дар гӯшаи орому офтобии деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус марде зиндагӣ мекунад, ки бо сӯзану ришта ба зиндагӣ маъно бахшида, хонаҳои наварӯсонро зиннат медиҳад. Вақте вориди манзили ӯ шудем, дар миёни порчаҳои рангоранги матоъ нишаста, онҳоро бо завқи хос ба ҳам мепайваст. Моро дида бо лабханди самимӣ гуфт: «Кӯрпачаву болиштҳои қуроқӣ медӯзам».
Рустам Эмомназаров солҳост бо дастони пурҳунар ва шавқу завқ ба дӯзандагӣ машғул аст. Ӯ ягона марди порчадӯзи ин русто буда, ниёзи садҳо хонаводаро ба кӯрпачаву болиштҳои суннативу замонавӣ баровардааст. Ба гуфти ӯ шавқу рағбаташ ба ин ҳунар аз овони наврасӣ оғоз ёфтааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз дӯхтани рӯймолча оғоз намуда, баъдан ба дӯхтани костюму шим ва либосҳои занона рӯ овардааст. Чун мақоли халқӣ «ба як мард чил ҳунар кам аст» амаки Рустам ниҳоят порчадӯзиро пешаи худ интихоб кард.
«Як холаам порчадӯз буд. Рӯзе меҳмонаш шудам ва дидам, ки чӣ гуна бо завқи баланд порчаҳои гуногунрангро ба ҳам медӯзад. Он манзара ба назарам мисли гулҳои зебо дар боғ намуд. Аз ҳамон рӯз меҳри ин ҳунар ба дилам роҳ ёфт», – ба ёд меорад ӯ.
Аз ҳамон давра Рустам ба дӯхтани кӯрпачаву болиштҳои қуроқӣ шуруъ кард: аввал барои аҳли хонадони худ, баъдан барои ҳамсояҳо ва сипас, бо фармоиши мизоҷон. Ба гуфтаи ӯ, қуроқдӯзӣ танҳо пайвастани порчаҳои матоъ нест, балки ҳар нақшу ранг маънои худро дорад: ранги сурх рамзи гармии хонадон, сабз нишонаи умеду нашъунамо, кабуд ифодагари оромӣ, зард рамзи файзу баракат ва сафед нишонаи бахт мебошад.
Ҳар порча бо ҳисобу андоза дӯхта мешавад. Дар паси як кӯрпачаи зебо соатҳои тулонии меҳнат, сабр ва завқи бадеӣ нуҳуфтааст. Маҳсулоти ӯ на танҳо барои ороиши хона, балки барои эҳсоси гармии оила офарида мешавад.
Дар ҷомеае, ки баъзан касбҳоро ба мардона ва занона ҷудо мекунанд, интихоби ин роҳ барои ӯ осон набуд. Борҳо шунидааст, ки чунин пеша ба мард муносиб нест мегуфтанд. Аммо ӯ роҳи интихобкардаи худро тарк накард.
«Ман касберо интихоб кардам, ки аз ҳисоби он нони ҳалол ёфтам ва фарзандонамро ба воя расондам. Барои ман муҳим меҳнати ҳалол аст, на андешаи мардум», – мегӯяд ӯ бо итминон.
Имрӯз ҳамин эътимод ӯро ба шахси соҳибэҳтиром табдил додааст. Дар хонаи Рустам садои мошинаи дарздӯзӣ пайваста танинандоз аст. Ӯ ҳар рӯз корро бо нияти нек оғоз намуда, то шом бо шавқу ҳавас идома медиҳад. Фармоишгарон на танҳо аз деҳаҳои атроф, балки аз дигар минтақаҳои ноҳия низ ба назди ӯ меоянд, зеро маҳсули меҳнаташ босифат ва дилписанд аст.
Рустам Эмомназаров дар замони Шуравӣ низ дар маркази дӯзандагии ноҳияи Шаҳритус фаъолият дошт. Дар солҳои мушкили зиндагӣ барои кор ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Тотористон рафтааст. «Корам хуб буд, аммо дурӣ аз Ватан ва аҳли оила бароям сангин афтод. Ба хона баргаштам ва ҳунарамро дар зодгоҳ идома додам», – мегӯяд ӯ.
Ба андешаи ӯ, ҳунар ҷинсият надорад. Меҳнатдӯстӣ, масъулият ва муҳаббат ба касб меъёри асосии муваффақиятанд. Ӯ бо зиндагии худ исбот намудааст, ки инсон агар ба роҳи интихобкардааш бовар дошта бошад, метавонад ҳар мушкилро паси сар намояд.
Имрӯз низ дар синни 69-солагӣ даст аз кор накашидааст. Ӯ мегӯяд, ки то вақте дастонаш ҳаракат мекунанду чашмонаш сӯзанро мебинад, пайи кор мешавад. Ба андешаи ӯ ҷавонон бояд бештар ба ҳунарҳои мардумӣ рӯ оваранд, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳунар сарвати миллӣ ва пайванди устувори байни наслҳост.
Рустам Эмомназаров на танҳо дӯзанда, балки ҳомии арзишҳои миллӣ ва намунаи иродаи устувор аст. Ҳар кӯрпачае, ки аз дасти ӯ офарида мешавад, гувоҳи он аст, ки меҳнату муҳаббат вақте ба ҳам меоянд, зиндагӣ рангу маънии дигар мегирад.
Амонҷон Муҳиддинов, ноҳияи Шаҳритус
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




