Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КАНГУРТ – НАМУНАИ СОЗАНДАГИҲО
Вақте ки аз маркази ноҳияи Темурмалик ба самти деҳаи Кангурт раҳсипор гардидем, сабукрав тавассути роҳи ҳамвори печутобхӯрда, моро ба Ҷамоати Кангурт наздик мекард. Майдонҳои кишти сарсабзи талу теппаҳо ва боғҳои дарахтони ғарқи гулу ғунча, ки дар ду тарафи роҳи мошингард доман афрохта буданд, ба гирду атроф зебогии хосае зам менамуданд. Накҳати гулу буттаҳо ва лолазори атроф ба машом мерасид ва ба кас ҳаловат мебахшид.
Аз баландии теппаҳо маркази Ҷамоати деҳоти Кангурт – деҳаи Кангурт, ки дар ободию зебоӣ қабои як шаҳракро гирифтааст, намудор гардид. Парчами миллӣ дар майдони марказии ҷамоат бо қомати баланди худ парафшонӣ дошт, биноҳои наву замонавии маъмурию истиқоматӣ, майдону гулгаштҳо ва шохоби сероб ва дарахтони сарсабзу буттаҳои ороишӣ дар ду тарафи соҳил шинонида, ба зебогиҳои мавзеъ ҳусни нав зам намуда буданд.
Воқеан, Кангурт мавзеест бисёр зебою дилкаш, биҳиштосо ва хеле тамошобоб ва ба қавли устод Мирзо Турсунзода: «Чашми кас серӣ надорад аз тамошои замин».
Ҷамоати деҳоти Кангурт барвақт – 23 ноябри соли 1930 таъсис ёфта, таърихи наздики як асра дорад. Он ҳамчун воҳиди маъмурӣ якчанд сол дар ҳайати ноҳияи Данғара буд ва аз 2 январи соли 1969 дар ҳайати ноҳияи Темурмалик (собиқ Совет) дохил шуд. Дар 15 деҳаи ҷамоат беш аз 11 600 нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ тавассути корҳои бузурги созандагию бунёдкорона Ҷамоати деҳоти Кангурт симои худро ба куллӣ ва ба таври шинохтанашаванда тағйир додааст. Роҳҳои байни деҳаҳо ва ҳатто деҳаҳои дурдасти Калот, Оби Калон, Чашмасор, ки 14 – 16 км дуртар аз маркази ҷамоат воқеъ гардидаанд, мумфарш карда шудаанд.
Роҳҳоро пайвандгари қалбҳо мегӯянд ва ҳақиқатан ҳам ҳамин аст. Бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони ватанӣ роҳи деҳаҳои Зарнисор ва Давлатшоҳиён ба масофаи 2,6 км, роҳи деҳаҳои Кангурт – Чавроқ ва Кангурт – Савда ба масофаи 6 км, роҳи деҳаҳои Гузари Тор ва Оби Ширин ба масофаи 4 км, роҳҳои Кангурт – Хоҷаи Нур ба масофаи 3 км дар сатҳу сифати баланд таъмиру мумфарш карда шудаанд.
Ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва ҷалби бештари насли наврас ба таҳсил дар ҷамоат 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таълимии томактабӣ, 1 коллеҷи тиббӣ ва 1 мактаб - интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолияти босамар доранд. Моҳи октябри соли 2025 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар маркази ҷамоат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, бо иштироки Пешвои миллат майдони Парчами миллӣ ва майдони варзишии замонавӣ барои 6 000 ҷойи нишаст ботантана ба истифода дода шуданд. Ду сол қабл дар маркази ҷамоат бозори наву замонавӣ пас аз тармиму азнавсозӣ кушода шуда, дар хизмати мардум қарор гирифт ва шуҳрати бозори пешинаи Кангуртро эҳё кард.
Ба иттилои раиси ҷамоат Алихон Салимзода, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022–2026 – Солҳои рушди саноат якчанд корхонаҳои нави саноатӣ бунёд шуданд: корхонаи пойафзол, корхонаи мебелбарорӣ, корхонаи истеҳсоли тунука, сехҳои дӯзандагӣ ва сехи қолинбофӣ. Соли гузашта боз 3 коргоҳи хурди саноатӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, барои фароғат ва истироҳати аҳолӣ дар маркази ҷамоат ва деҳаҳои гирду атроф як боғи фарҳангӣ, 3 китобхона, як маркази фароғатӣ ва як кохи фарҳанг фаъолият доранд.
Маркази зебои Ҷамоати деҳоти Кангурт дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Данғара – Балҷувон – Ховалинг ҷойгир аст. Ҳар сол садҳо нафар меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеи хушбоду ҳаво ва тамошобоб дидан мекунанд.
Барои хизматрасонии сатҳи баланд дар маркази ҷамоат як меҳмонхонаи наву замонавӣ, меҳмонхонаи корхонаи пойафзолбарорӣ ва меҳмонхонаи маркази савдо ва хизматрасонии «Гулшан» фаъолият доранд.
Раиси ҷамоат Алихон Салимзода иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” имсол дар маркази ҷамоат маркази нави саломатии сеошёна, биноҳои иловагӣ дар назди МТМУ №9, МТМУ №16 ва бинои Маркази хизматрасонӣ ва савдо дар деҳаи Оби Ширин бунёд карда мешаванд.
Бо шарофати қадамҳои муборак ва файзбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2016, 2021 ва 2025 марказ ва деҳаҳои ҷамоат симои худро куллан дигар карда, зебогии хос ба вуҷуд омад.
Имрӯзҳо бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ, мардуми маҳал ва аҳли ҷамоатчигӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагӣ ва ободкориҳо бомаром ва дар сатҳи баланд идома доранд.
Ба қавли шоири ширинсухан Шоҳмузаффар Ёдгорӣ:
Дастҳо бо дастҳо печанд агар,
Ақлҳо бо ақлҳо оянд агар,
Кӯҳҳоро чаппагардон мекунанд,
Дардҳоро зуд дармон мекунанд.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Темурмалик
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД




