Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВОСЕЪ – мактаби ҷасорат барои наслҳо
Номи қаҳрамонони миллӣ танҳо дар саҳифаҳои китобҳо не, балки дар зеҳну қалби мардум зиндагӣ мекунад. Аз ҷумла, симои Восеъ аз асри XIX то имрӯз дар фолклор, адабиёт ва санъат ҳузури фаъол дошта, ҳамчун намунаи мубориза барои озодӣ ба наслҳо мерос мондааст.
Ном ва корнамоиҳои қаҳрамонон ҳамеша вирди забони мардуманд, зеро онҳо бо ҷасорат, далерӣ ва фидокориҳои худ роҳи пурпечутоби муборизаро баҳри озодӣ тай намуда, зиндагии осоиштаи миллатро таъмин кардаанд. Қаҳрамонони миллатро наслҳои оянда бо эҳтиром ва некӣ ёд мекунанд.
Яке аз чунин фарзандони шуҷоъ ва диловар қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ мебошад. Ӯ барои озодии мардумаш аз зулму шиканҷа ҷоннисорӣ карда, номи худро дар таърихи муборизаҳои мардумӣ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд. Солҳо ва асрҳо мегузаранд, аммо номи Восеъ дар дилу дидаи мардум боқӣ мемонад.
Восеъ қаҳрамони халқ аст. Мардум ӯро дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд ва бо номи ӯ ифтихор менамуданд. Ин ҳолат то имрӯз идома дорад ва мутмаинем, ки асрҳои аср давом хоҳад кард. Далели ин гуфтаҳо сурудҳо ва нақлу ривоятҳои халқие мебошанд, ки аз асри XIX то имрӯз дар васфи Восеи диловар ва корнамоиҳои ӯ эҷод шудаанд.
Дар асри XX қаҳрамонию ҷоннисориҳои Восеъ аз адабиёти шифоҳӣ ба адабиёти хаттӣ роҳ ёфт. Шоирону нависандагон ва драматургон дар бораи ӯ асарҳои назмию насрӣ, бадеӣ ва таърихӣ офариданд ва ин анъана то имрӯз идома дорад.
Соли 1927 Абдуррауфи Фитрат намоишномаи «Шуриши Восеъ»-ро навишта, рӯй овардан ба мавзуъҳои таърихиро дар адабиёти тоҷик тақвият бахшид. Ин намоишнома аз аввалин асарҳои саҳнавии адабиёти давраи нав ба ҳисоб меравад.
Дар солҳои 30-юми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсӣ намунаҳои эҷодиёти халқ дар бораи «Шуриши Восеъ» пайваста нашр мешуданд. Аз ҷумла, дар маҷмуаи «Адабиёти даҳонакӣ»-и Обид Исматӣ (1934, Сталинобод) зери унвони «Таронаҳои халқ дар хусуси Восеъ» таронае иборат аз 28 банд ба хонандагон пешниҳод гардид.
Солҳои 1938–1939 Мирзо Турсунзода бо ҳамкории Абдусалом Деҳотӣ либреттои операи миллии тоҷик «Шуриши Восеъ»-ро эҷод намуд. Ин асар соли 1941 дар Маскав бомуваффақият намоиш дода шуд. Муаллифон дар он аз эҷодиёти даҳонакии халқ, бахусус достони «Шуриши Восеъ», самаранок истифода кардаанд.
Дар солҳои 60-уми асри гузашта Сотим Улуғзода барои навиштани асари бузургтар дар бораи исёни Восеъ ба маҳалли воқеии ҳодиса – деҳаи Дараи Мухтор сафар намуда, маълумоти муътамад ҷамъ овард. Натиҷаи ин таҳқиқот романи машҳури таърихии «Восеъ» (1967) гардид. Ӯ дар симои Восеъ образе офарид, ки мардуми тоҷик аз он дарси хештаншиносӣ меомӯзанд. Соли 1971 адиб асари саҳнавии «Восеъ»-ро низ ба табъ расонд.
Шуҷоату инсондӯстии Восеъ диққати шоирони зиёдеро ҷалб намуд. Аз ҷумла, Муъмин Қаноат («Қатли Восеъ»), Бозор Собир («Ғазои Восеъ»), Басир Расо («Қадамгоҳи Восеъ»), Мастон Шералӣ («Ҳайкали Восеъ»), Гулназар («Дар баҳорон»), Ҳабибулло Файзулло («Суруди дарё»), Ҳақназар Ғоиб («Сар шуд аз деҳа инқилоби ту») ва дигарон дар бораи ӯ асарҳо эҷод кардаанд.
Ҳамчунин шоирони ҳамдиёри қаҳрамон – Бобоюнус Худойдодзода, Қурбоналӣ Раҷаб, Сайдаҳмад Карим, Хол Ислом ва Ниҳонӣ низ дар васфи Восеъ шеъру достонҳо офаридаанд.
Маълум аст, ки дар ҳар давру замон адибон қаҳрамонони миллатро, ки барои озодӣ ва осоиштагии халқ ҷоннисорӣ намудаанд, васфу ситоиш мекунанд ва ин рисолат минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Орзую ормонҳои неке, ки Восеъ барои расидан ба онҳо ҷоннисорӣ кард, баъди солҳои тулонӣ амалӣ гардида, ба воқеият табдил ёфтанд.
Суҳроб Раҳимов, роҳбалади Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ»
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



