Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАҲБУБИ КӮДАКОН
Саҳни ҳавлии аз гулу буттаҳои сарсабзу нишастгоҳҳои аз манзараву мусаввараҳои рангоранг ороишёфта, монанди боғчаи биҳиштӣ менамуд, ки ҳузури тифлакони саргарми бозиҳои шавқовар ба манзараи кӯдакистон ҳусни беназир мебахшид. Ба гоҳи зоҳир шудани сарвари муассисаи томактабӣ кӯдакон шодон сӯи даромадгоҳ мешитобанд. Бо ҳама хастагиҳои аз ташвишу тараддудҳои рӯзмарра, лаҳзаи истиқболи хуррамонаи тифлакон ӯро ҳиссиёти фараҳбахше фаро гирифта, табассуми хуршедӣ ба чеҳраи пурнураш ҳусни дигар мебахшад. Муҳити хушҳолкунандаи олами беғаши кӯдакон, тартибу интизом ва фарҳанги волои муоширати тарбиятдиҳандагони муассисаи мазкур, аз одобу маданияти собиқадорони кӯдакистони номдори шаҳри Бохтар маншаъ мегирад, ки бо забондониву санъати суханварӣ ва саводу таҷрибаи пешқадам дар тарбияи чанд насли ин шаҳри бостонӣ саҳми босазо гузоштаанд.
– Муассисаи таҳсилоти томактабии №12-и шаҳри Бохтар аз ҷумлаи кӯдакистонҳое мебошад, ки дар он на танҳо машғулиятҳо, балки муошират низ бо забони русӣ ҷараён мегирад, – иброз дошт дар оғози суҳбат мудири ин кӯдакистон Тахмина Шарифова. – Дар боғчаи мо 160 кӯдаки аз 3 то 6-сола ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки то синни мактабӣ тамоми ҳарфҳои алифборо аз худ намуда, маҳорати муоширати озод бо забонҳои тоҷикӣ ва русиро аз бар менамоянд. Албатта, дар баробари боло рафтани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, ҳамасола талаботи сокинони шаҳр ба кӯдакистонҳои замонавӣ зиёд шуда истодааст. Зеро кӯдакони дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тарбиягирифта нисбат ба ҳамсолонашон, ки дар муҳити хонавода ба воя расидаанд, аз лиҳози зеҳнӣ, лаёқат ва дигар зарфиятҳои донишандӯзӣ бартариҳои зиёд доранд.
Тахмина Шарифова, ки то таъйин шудан ба вазифаи мудири кӯдакистони мазкур каму беш аз 10 сол ба ҳайси мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №4 фаъолият карда буд, самимияти модарона бо кӯдакон, роҳандозии усулҳои муосири тарбия, ташаббусу навовариҳо ва масъулиятшиносиву сатҳи донишу касбияти мураббияҳоро аз муҳимтарин омилҳои рушду пешрафти самти таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ менамояд.
Ӯ, ки дар хонаводаи афсари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зодаву ба воя расидааст, дар баробари риояи интизоми меҳнат ба такмили касбият ва таҷрибаандӯзии ҳампешагонаш таваҷҷуҳ дошта, худ низ дар фурсати муносиб ба бозомӯзиву табодули таҷрибаи пешқадам машғул аст.
– Ростӣ, аз овони ҷавонӣ орзу мекардам ҳампеша ба падарам шавам, ки умре дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат кардааст. Аммо волидон маро барои идомаи таҳсилоти олӣ ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳнамоӣ карданд.
Шукри қисмат, баъди хатми таҳсилоти олӣ ва ҷидду ҷаҳд дар иҷрои масъулияту таҷрибаомӯзиҳои пайваста, имрӯз масъулияти яке аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии маркази маъмурии вилоят бар дӯши ман аст.
Ба хотири азбар кардани тамоми нозукиҳои кор бо атфол ва саҳмгузории шоиста дар ҷодаи таълиму тарбияи томактабӣ, илова бар такмили донишу маҳорат ва табодули таҷрибаи пешқадами собиқадорони соҳа, ҳамзамон шуъбаи ғоибонаи факултети педагогика ва психологияи томактабии донишгоҳро хатм намудам.
Воқеан, ин ҳама омӯзишҳо барои баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ ва сайқали донишу маърифат мусоидат мекунанд.
Бешак, баҳри ноил шудан ба муваффақият дар ин ҷода, бахусус дар кӯдакистонҳое, ки машғулиятҳо бо забони русӣ ҷараён доранд, тарбиятдиҳандагонро зарур аст, ки пайваста ба бозомӯзӣ ва такомули касбияти худ машғул бошанд, – иброз медорад Тахмина Шарифова.
Ба андешаи мусоҳиби мо, гарчанде тарбияи кӯдак аз оила оғоз ёфта, дар ташаккули афкору ахлоқи инсон нақши меҳвариро модар мебозад, боз ҳам кӯдакон дар марҳилаи шинохти муҳит ва ҷомеаи фаротар аз доираи хонаводаҳояшон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Маҳз дар ҳамин овон дунёи хаёлоти кӯдак вобаста ба муҳит ва тарбия дар оила ва тарбиятгоҳ шакл мегирад. Бинобар ин, дар рушди истеъдод ва минбаъд донишу малакаи насли наврас мураббиёни кӯдакистон нақши ниҳоят муассир доранд. Зеро шинохти нахустин ҳарфҳо, дафтару қалам, азбар намудани аввалин шеъру таронаҳои кӯдакона ва таассуроти нахустини кӯдак оид ба Ватан, табиат, набототу ҳайвонот ва дигар арзишҳо дар олами кӯдакон аз шахсияти тарбиятгар вобастагии зиёд дорад.
Ҳадафи ӯ дар зиндагӣ боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯдакистон ва амалӣ намудани навоварию ташаббусҳо ба хотири тарбияи насли ояндаи ҷомеа мебошад. Ҳанӯз дар давраи таҷрибаомӯзӣ дар МТМУ №49-и шаҳри Кӯлоб, Тахмина Шарифова ба кори таълиму тарбия дилбастагии ногуфтанӣ пайдо карда буд, ки аз он ба баъд ояндаи худро дар олами пурасрору меҳрофарини кӯдакон тасаввур мекард. Дар ин миён арӯсӣ карда, пас аз рухсатии ба хотири тарбияи фарзандонаш, дубора ба фаъолияти меҳнатӣ пардохт.
Саргузаштҳои овони наврасӣ, ки ба хотири гузаришҳои кории падар хонаводаи онҳо дар чандин шаҳру ноҳияҳои кишвар сукунат ихтиёр карда буданд, дар рушди зеҳнӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги хонаводагии Тахмина нақши муассир гузоштанд. Бо гузашти солҳо, ӯ ҳамчун парвардаи беҳтарин муассисаҳои таълимии минтақаҳои гуногуни кишвар дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас обутоб ёфта, имрӯз сарварии як кӯдакистонро имтиҳони донишу сайқали малакаи роҳбарии худ медонад.
Тавре худ иқрор меояд, барои як модар, ки чаҳор фарзандро дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддас ба воя расонида истодааст, фаъолият дар ҷодаи таълиму тарбия идомаи ҳамон рисолати муҳимест, ки мардум ӯро дар ҷомеа ба унвони модар – муаллими ҳаёт эътироф менамоянд. – Албатта барои сазовори эҳтиром ва эътирофи ҷомеа будан, раҳнаварди ин ҷодаро мебояд, ки ҳама ҳастии худро ба тарбияи насли ояндаи меҳан бахшида бошад, – иброз дошт дар фарҷоми суҳбат сарвари муассисаи таҳсилоти томактабии №12 шаҳри Бохтар Тахмина Шарифова.
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам


