Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Номаҳо
Мактаби таҷрибаи пешқадам
Мо бояд барои баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, серҳосилии ҳар як гектар замин ва пурзӯр сохтани иқтидори содиротии соҳаи кишоварзӣ шароит муҳайё созем.
Эмомалӣ Раҳмон.
Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ солҳост, ки дар парваришу нигоҳубини ҳамаи зироат таҷрибаи бой ҳосил намудаву дар рушди ин соҳаи муҳими хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Чун мо хостем оид ба фаъолияти ягон хоҷагии кишоварзӣ маводе омода созем, роҳбарияти идораи кишоварзии ноҳия тавсия доданд, ки кооперативи тиҷоратии “Хоксор” байни дигар хоҷагиҳо бисёрсоҳаву пешқадам аст.
Роҳ пеш гирифтем сӯйи деҳаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти “Чубек”, ки хоҷагии номбурда он ҷо фаъолият менамояд. Ин деҳа дар домани кӯҳи Хоҷамуъмин ҷойгир буда, мисли дигар рустоҳои ҷануби кишвар зебою сабзу хуррам аст. То расидан ба заминҳои хоҷагӣ қад-қади роҳ ва кӯчаҳои деҳа дарахтони зиёди мевадору сояафкан мисли арӯсакон қад кашида, бӯйи фораму накҳати ҷонбахшро ба димоғ меоваранд. Аз шафати рости деҳа ҷӯйи калону сероб, ки аз рӯди Панҷ сарчашма мегирад, нарму ором ҷорӣ аст ва заминҳои зиёди кишт аз он фаровон ташнагӣ мешикананду ҳосили фаровон медиҳанд.
Суҳбати мо бо бунёдгузори хоҷагӣ, кишоварзи муваффақ ва деҳқони пуртаҷриба Ҷумахон Хоксоров дар сари замин сурат гирифт. Ин деҳқони фидокору матинирода зиёда аз 50 сол боз ба замин сару кор дорад. Дар даврони сохти колхозӣ дар хоҷагии номдору овозадори “Правда” солҳои зиёд ба ҳайси сармуҳандис сарбаландона фаъолият намудааст. Бо меҳнати ҳалол соҳиби обрӯю эҳтироми ҳамагон гардид.
Баъди барҳамхӯрии хоҷагиҳои коллективӣ колхозҳо ва хоҷагиҳои давлатӣ (совхозҳо) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) Ҷумахон Хоксоров бо фарзандон ва аҳли оилааш дар майдони 26 гектар хоҷагии деҳқонӣ ташкил намуд.
Соли 2015 бо қарори маҷлиси якҷояи саҳмдорон хоҷагӣ ба 3 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва як кооперативи тиҷоратӣ (кооперативи тиҷоратии “Хоксор”) таҷдид карда шуд. Имрӯз кооперативи тиҷоратии “Хоксор” дар тавозуни худ 5,3 гектар замини кишт дорад.
Деҳқонон бо истифодаи таҷрибаи бой дар як гектар боғ бунёд намуда, ҳар сол аз парваришу нигоҳубини дарахтони себ, олу, зардолую шафтолу, чормағзу бодом ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Барои таъмини оила бо озуқаворӣ ва нигоҳубини чорво як гектар заминро барои кишти гандум ва юнучқа ҷудо карданд. Ҳамчунин, кишти ин зироатҳо барои киштгардон намудани замин мусоидат мекунад.
Ҳар сол навъи пахтаҳои серҳосили “Дӯстӣ” ва “Флора”-ро кишт намуда, аз ҳар як гектар 24-26 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ менамоянд.
Аз ҳисоби даромади соф хоҷагидорон якчанд техникаҳои нави кишоварзӣ харидорӣ намуданд, ки барои пешравии кори онҳо мусоидат менамояд. Беҳуда нагуфтаанд: “Техника мададгори деҳқон аст”. Дар ин робита деҳқонони заҳматкашу ботаҷрибаи кооперативи тиҷоратии “Хоксор” имсол майдони кишти пахтаро зиёд карда, онро ба 3,3 гектар расониданд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат (17-уми январи соли 2025) ҷиҳати ривоҷ додани соҳаи пахтакорӣ, ки яке аз манбаъҳои муҳими таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва имконияти фароҳамоварии ҷойҳои корӣ барои мардум маҳсуб меёбад, ба роҳбарону масъулони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳо доданд.
Деҳқонони кооперативи тиҷоратии “Хоксор”, бахусус таъсисдиҳандаи он – деҳқони асилу пуртаҷриба Ҷумъахон Хоксоров, ки ба қавле “устухонаш дар меҳнат шах шудааст” дар рӯёнидани ҳосили фаровон, сирру асрор ва нозукиҳои парвариши ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам шинохта шудаанд. Барои таҷрибаомӯзӣ аз бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и ноҳия, берун аз он роҳбарону агрономҳо низ ба хоҷагии онҳо меоянд. Зеро онҳо медонанд, ки маҳз истифодаи оқилонаю, самараноки замин, яхобмонӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва такмили таҷрибаю дониш омилҳои ба даст овардани комёбиҳо ба шумор меравад. Аъзои кооперативи тиҷоратии “Хоксор” азми қавӣ доранд, ки дар оянда низ пурмаҳсул меҳнат карда, бо истифодаи тамоми шароиту имконияти мавҷуда аз парваришу нигоҳубини ҳамаи зироат ҳосили баланду фаровон ҷамъоварӣ намоянд.
Воқеан ҳам рушди соҳаи кишоварзӣ дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, таъмини корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ бо ашёи хом ва иҷрои бармаҳали амнияти озуқаворӣ нақши калидӣ дорад.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Ҳамадонӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН
НАЗОРАТИ ҚОНУН ВА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
АЗ ЯК ВАҶАБ ЗАМИН ТО ЯК АНБОР БАРАКАТ:
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД
ХУРОСОН. 174 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ЗАЪФАРОН – ТИЛЛОИ СУРХИ ЗАМИН
ҚУБОДИЁН. БУНЁДИ 171 ИНШООТ ДАР НАҚША