Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. МИНТАҚАИ НАВИ САНОАТӢ ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД
Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаҳри Бохтар минтақаи нави саноатӣ ҷудо карда мешавад. Аллакай мавзеи минтақаи нави саноатӣ муайян гардида, он дар масоҳати 13 гектар ташкил хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати ташкил кардани минтақаи нави саноатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, хулосаҳои лозимии кумитаву вазоратҳои дахлдор низ гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз сабаби бунёди якчанд корхонаҳои саноатӣ дигар замин боқӣ намонда буд. Аз ин лиҳоз ташкили минтақаи нави саноатӣ яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб мерафт.
-Аз ҷониби бахши хусусӣ барои бунёд кардани корхонаҳои нави саноатӣ панҷ лоиҳа пешниҳод шудааст. Баъди ташкил намудани минтақаи нави саноатӣ барои бунёди ин панҷ корхона дар ин мавзеъ замин ҷудо хоҳад шуд,-гуфт А. Муминзод.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



