Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕШ АЗ 2900 ҲОЛАТИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН ОШКОР КАРДА ШУД
Давоми шашмоҳаи аввали соли 2025 аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 2932 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони умумии 1109,56 гектар ошкор гардида, барои дар маҳал бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 2932 адад дастурҳо, 2632 адад протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Дар натиҷа ба маблағи 1 миллиону 485 ҳазору 576 сомонӣ ҷарима баста шуда, ба суратҳисоби махсуси Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо 1 миллиону 177 ҳазору 77 сомонӣ ворид шудааст.
Дар ин бора сардори Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Сафар Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо аз тарафи Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҳал 248 ҳолати вайронкунии қонуншиканиҳои вобаста ба замин пешгирӣ гардида, бо додани дастурҳои нозирони давлатии истифода ва ҳифзи ҳамин бартараф карда шуд.
Зикр гардид, ки мутобиқ ба талаботи моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ дар ин давра ба мақомоти Прокуратура 231 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ пешниҳод карда шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



