Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ 1-УМИ СЕНТЯБР НАФАҚАҲО 10% ЗИЁД МЕШАВАНД
Аз 1-уми сентябри соли 2025 андозаи нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад. Дар ин бора сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Файзализода Қ.Ф. зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, тадбир дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962 амалӣ мегардад ва ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Ҳамзамон, сардори Раёсат зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 талаботи пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо дар вилояти Хатлон 868,5 млн. сомониро ташкил дода, пурра маблағгузорӣ шудааст. Андозаи миёнаи нафақа 464,71 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,9% афзоиш ёфтааст.
Файзализода Қ. илова кард, ки омодагӣ барои иҷрои қарорҳои мазкур аз ҷониби ҳамаи шуъбаҳои маҳаллӣ оғоз шудааст.
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



