Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 июл 13:03АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод
ЗИЁДА АЗ 12 МЛН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ ОШКОР ГАРДИД
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар дар нимсолаи аввали соли 2025 дар натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар 77 ташкилоту муассисаҳо зиёда аз 12 миллиону 166 ҳазору 878 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудааст, ки 99 фоизи он, яъне 12 миллиону 43 ҳаз. 113 сомонӣ барқарор гардидааст, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон генерал-майори адлия Аваззода Ш.Т.
Дар давраи ҳисоботӣ 154 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла 53 ҷинояти вазнин ва 8 ҷиноят бо миқдори калон ошкор шудаанд. Маблағи зарари молиявии ин ҷиноятҳо зиёда аз 2,5 миллион сомониро ташкил дода, 86,3% он барқарор шудааст.
Аз ҷониби муфаттишони раёсат 104 парвандаи ҷиноятӣ таҳқиқ гардида, 78 парванда барои баррасии судӣ ирсол гардидааст. Дар натиҷа 3,7 миллион сомонӣ зарар муайян гардида, 97,7 фоизи он рӯёнида шудааст.
Инчунин, дар самти муқовимат ба коррупсия 244 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуда, ба маблағи 369 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ ва 81,9 фоиз ба буҷет пардохт шудааст.
Маҳмадализода Маҳмадалӣ. "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



