ДЕҲОТ РУШД МЕКУНАД
Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд
Озода риштаҳои полиэтилиниро, ки мисли торҳои анкабуд пайваст буданду баробари кор кардани дастгоҳ ба таври автоматӣ ба дохили он кашида шуда, аз дигар тараф халтаи нимтайёр шуда мебаромад, назорат мекард. Дар ҷое агар ришта канда ё тамом мешуд фавран онро пайваст ва ё иваз мекард, то ки дастгоҳҳо беҳуда кор накунанд. ӯ бо навбат байни дастгоҳҳои вобаста будааш гашта, аз кори худ қаноатманд менамуд. Озода Абдураҳимова, коргари ҶДММ «Мирзои Раҷаб», сокини деҳаи Пушкин мебошад.
- Мо духтарон бисёр миннатдор ва қаноатмандем, ки дар деҳоти мо корхонаи саноатӣ ташкил шудаасту мо доимӣ он ҷо кор мекунем. Хуб мешуд чунин соҳибкорони ҳимматбаланд мисли роҳбари ҶДММ «Мирзои Раҷаб» бештар дар деҳоти худ чунин корхонаҳои истеҳсолиро ташкил мекарданд. Он гаҳ барои сокинони деҳот ҳам ҷои корӣ мешуду ҳам мушкилоти мардум каме ҳал ва ҳам соҳибкор низ худ аз ин даромад медид,- мегӯяд ҳамдеҳаи Озода Шабнам.
Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилинӣ ҶДММ «Мирзои Раҷаб» дар ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон», ноҳияи Ҳамадонӣ бо иштироки Сарвазири кишвар дар рӯзҳои ҷашнгирии иди Наврӯзи соли гузашта ифтитоҳ гардид. Корхона доимӣ буда, коргарон вобаста ба маҳсулоти истеҳсолкардаашон моҳона мегиранд. Дар корхона 15 нафар фаъолият мекунанд, ки 10 нафари инҳо бонувон буда, 5 нафарашон мард ҳастанд. Аксарият аз оилаҳои камбизоат ва яккаву танҳо мебошанд, ки пештар ҷои корӣ ва манбаи рӯзгузаронӣ надоштанд. Корхона инчунин коргоҳи сементблокбарорӣ, сехи коркарди чӯбу тахта, сехи истеҳсоли равған ва осиёб низ дорад. Дар умум дар ҶДММ «Мирзои Раҷаб» 20 нафар доимӣ кор мекунанд. Корхонаи халтаҳои полиэтилинии ноҳияи Ҳамадонӣ ин ягона корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки ба истеҳсоли халтаҳои полиэтилинӣ машғул аст. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона дар ноҳия ва минтақаи Кӯлоб истифода шуда, ҳамчунин ба шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои кишвар низ фиристода мешавад. Дар ин ҷо шаш намуд андоза халтаҳои полиэтилинӣ истеҳсол мешавад.
- Хушбахона 4 корхонаҳои хурди намакистеҳсолкунии ноҳияи Восеъ ва 4 корхонаи хурди намакистеҳсолкунии ноҳияи Ҳамадонӣ пурра бо халтаҳо аз ҳисоби корхонаи мо таъмин мегарданд. Аввалҳо онҳо барои халтаи холии намакро дастрас кардан ба шаҳри Душанбе ва ё дигар ҷо мерафтанд. Аз рӯзи ба кор даромадани корхонаи мо онҳо халтаҳои холиро аз ин корхона мувофиқи фармоиш харидорӣ мекунанд. Маъмурияти корхона нақша дорад, ки номгӯи маҳсулотро ва ҷойҳои кориро зиёд намояд.
Исмоил Гадоев раиси ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ иброз медорад, ки бахшида ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» корхонаи коркарди маҳсулот бо номи ҶДММ «Ҳоҷӣ Асадулло» ба истифода дода шудааст, ки дар он низ 15 нафар кор мекунанд. Ин корхона дар деҳаи Марғоб ҷойгир буда, аз бодиринг, помидор, гулкарам, карам консерва ва хӯришҳои гуногун истеҳсол мекунад. Маҳсулоти корхона дар зарфҳои ҳаҷми як литра, ду литра ва се литра ба фурӯш бароварда мешавад. Корхона барои васеъ кардани ҳаҷм ва номгӯи маҳсулот нақшабандӣ шудааст. Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки бо ҳимматбаландии роҳбарияти ҶДММ «Мирзои Раҷаб» 100 адад пояҳои оҳану бетонӣ харидорӣ гардида, ба ҷои пояҳои фарсудашудаи ҳудуди ҷамоат иваз карда шуда, дар болои дарёчаи байни деҳаи Пушкин як пул низ сохта ба истифода дода шуд.
С. ХАЛИЛИЁН, ноҳияи