Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КУҲИСТОН
Баҳри пешгирию ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил сокинони ноҳияҳои куҳистони Ховалингу Балҷувон аз ташхисҳои гуногуни ин беморӣ гузашта истодаанд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази вилоятии бемориҳои сил”-и вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида, дар доираи ин тадбир 150 нафар аз ташхиси акси рентгении қафаси сина гузашта ва ба 25 нафари дигар маҳлули “Туберкулин” гузаронида шуд.

Тавре зимни суҳбат директори маркази болозикр Шамсулло Олимзода иброз намуд, аз 21 декабри соли 2021, таҳти №49 Барномаи миллии “Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” амал мекунад, ки дар доираи ин барнома сокинон аз ҳама намуди ташхисҳои лозимии пешгирии ин беморӣ гузаронида мешаванд.
-Дар доираи ин барнома мутахассисони “Маркази вилоятии бемориҳои сил” – и вилояти Хатлон аз 8 июли соли равон ба ноҳияҳои куҳистони Ховалингу Балҷувон сафар намуда, бо аҳолии ин ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳо анҷом дода истодаанд, - гуфт Ш. Олимзода.
Корҳои фаҳмондадиҳию анҷом додани ташхисҳои лозимӣ аз ҷониби гуруҳ дар ин ноҳияҳо идома дорад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



