Бойгонӣ

СУМАНАКПАЗ

Дастони моҳир

     Зан - модар хуршеди зиндагӣ, муқаддастарин инсон ва азизи ҳамагон дар рӯи олам аст. Қалби зан амсоли мардҳо як андоза дорад, вале агар бо сангпораҳо ҳаҷми онро баробар кунем, шояд баландтарин қулларо монад, ки ҳама ғаму дард, муҳаббат, ишқ, орзу, ҳасрат, розу ниёз, навозишу дилгармӣ, ғамхорию меҳрубониро дар он ҷой додаст. Аз ин ҷост бо ҳамаи бори сангини ҳаёт ба дӯш гирифтанҳо равшании ҳар хонадон асту қуввату мадори дилҳои нотавон.

     Зан - модар аст, зан - роҳбар, зан чевар, зан гавҳари ягона аст. Албатта, гавҳари ягонаи ҳар хонадон зан асту модар. Имрӯз хушбахтона зан - модар дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ паҳлу ба паҳлуи мардон фаъолият намуда, дар ободии меҳан саҳми назарраси хешро мегузоранд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар давлату ҳукумат барои сайқали ҳунари занону духтарон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Ба ин хотир, ҳар як зани тоҷик кӯшиш менамояд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, маҳорату салиқаи худро ташаккул диҳад. Дар қатори ҳунарҳои қуроқдӯзию дӯзандагӣ, ресандагию бофандагӣ, кашидадӯзӣ, пазандагӣ ҳам як бахши ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб меёбад. Албатта, ҳамаи занону духтарон аз уҳдаи пухтани ин ё он хӯрок ба хубӣ мебароянд, аммо нафароне ҳастанд, ки дар омода намудани намунае аз таомҳои миллии мардуми тоҷик салиқаи хос доранд.

Мо дар бораи занони роҳбар модарони коргар бештар менависему қисса мекунем. Ин навбат дар остонаи фасли баҳори фаррухпай тасмим гирифтем аз рӯзгори зане, қисса кунем, ки ҳунарманди моҳир асту маҳсули дастонаш дар ҷашни Наврӯз зеби хони ҳар хонадон аст.

Ойдиной Ҳайдарова зани кордону чирадаст аст, ки кулли сокинони шаҳри Бохтар мешиносанду аз ҳунараш бархӯрдоранд. Вақте вуруди маҳали апаи Ойдиной шудам, хостам дар бораи ӯ ва чӣ хислатҳоро доро буданаш аз ҳаққу ҳамсояҳо пурсон шавам. Занон аз чирадастӣ, ғамхорӣ ва соҳибэҳтиромии вай суханҳои хуб гуфтанду илова намуданд, ки ӯ модари ҳамаи мост.  

Апаи Ойдиной дар маҳалла бисёр шахси масъулиятшиносу кордон буда, вазифаи раисии маҳалла ва раиси занони маҳалро ба дӯш дорад. Пайваста  баҳри дар амал иҷро намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» талош намуда, миёни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, то ин ки ба исроф ва қонунвайронкунӣ роҳ надиҳанд. Имрӯз бонувони маҳалла бисёр хушнуданд, ки қонуни мазкур ба маъракаҳои хурсандию азодорӣ сабукиро барояшон пеш овардааст ва бо ташаббуси апаи Ойдиной аёдати шахсони бемору ниёзманди маҳал дар арафаи иду ҷашнҳо ба роҳ монда шуда, пайваста хайру сахо менамоянд. Ҳатто нафақаи шахсони нотавонро дастрас мекунанд.

Ин зани ҳунарманд ҳамасола то ҷашни Наврӯз ҳам барои мардуми маҳалла ва ҳам барои корхонаву сохторҳои гуногуни шаҳри Бохтар қариб 20 то 25 дег суманакро омода мекунад. Аз мушоҳидаҳо аёнам шуд, ки тамоми ҳаёти ин бонуи ҳунарманд сарфи хизмат ба мардум гузаштааст. - Солҳои пеш ман бо ҳунари қуроқдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, дӯзандагӣ ва амсоли инҳо барои мардум хизмат мекардам. Сипас, дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар тарабхона ва ошхона кушода, даст ба эҳёи таомҳои миллӣ зада, бо шавҳарам, ки сарошпаз буданд, ба мизоҷон хизмат мерасондам. Он солҳо низ меҳмонони зиёде вориди Хатлонзамин мешуданду ба таомҳои миллии тоҷикӣ баҳои баланд медоданд,- қисса мекунад модари кордон.

Инак, пас аз гузашти солҳо аввал аз модар ва сипас аз хушдоманаш  ҳунари суманакпазиро ба хубӣ омӯхта, ба мерос гирифтааст. Имрӯз бо ин ҳунари аҷдодӣ хони наврӯзии мардумро зебу зиннат мебахшад.  

Пухтан ва омода намудани суманак чун дигар ҳунарҳо ба худ нозукиҳои хос дорад, ки аз пазанда маҳорати баландро талаб мекунад. 

Одатан пухтани суманак дар ҳама ҷо як хел сурат мегирад. Пухтан ва омода намудани суманак аз ҷабидани сабзаи гандуми навруста, ки пешакӣ тайёр карда шудааст, оғоз гардида, давомнокияш як шабонарӯзро дар бар мегирад. Маззаву тамъи суманак бошад, аз пазанда вобастагӣ дорад.

- Агар ҳаво сард ояд сабзонидани гандум барои суманак каме мушкилтар мегардад, зеро нигоҳубини он ҷиддияту заҳматро бештар металабад. Вале агар ҳаво гарм шавад, гандум зуд  дар 10-15 рӯз месабзад ва агар каме аз муҳлаташ гузарад тамъи суманак аллакай дигар мешавад, -ёдовар шуд О. Ҳайдарова.

Чун фурсати омода кардан расид апаи Ойдиной бо ҳамроҳии занон сабзаи гандумро тавассути ӯғурак ё гӯштқиммакунак майда карда, шираашро ҷудо мекунад. Ба деги калон шираи гандумро андохта, яке аз шахсони солхӯрдаю муътабар бо дуои нек ва пурфайз омадани баҳор онро мекобад. Одатан суманакро то субҳи дигар бидуни фосила меҷӯшонанд.

Азбаски дар шираи гандум орд илова мешавад онро муддати дароз мепазанд. Ғайр аз ин ҳамон  ширае, ки аз сабзаи гандум гирифта мешавад, бояд орди омезиш ёфтаро ширадор гардонад, то ҳангоми истеъмоли суманак маззаи он фарқкунанда бошад. Занону духтарон назди дег сурудхонӣ, рақсу бозӣ мекунанд, то дар хоб намонанд, зеро агар пайваста дегро накобанд, таги дег мечаспад. Ба ақидаи апаи Ойдиной суманак азбаски хӯроки идонаю наврӯзист дар хонадоне, ки мотам дорад пухтани онро раво намебинанд. Инчунин интихоби гандум ва дигар маҳсулоти лозима дар тайёр кардани суманак нақши муҳим мебозад. О. Ҳайдарова барои омода намудани суманак худ маҳсулоти босифат интихоб мекунад, то ин ки суманак хушлаззат гардад.

Айни замон О. Ҳайдарова суманакпазиро ба бонувони зиёде омӯхтааст, ки онҳо низ мустақилона ин ҳунарро ба дигарон талқин мекунанд. Модарони тоҷик аз қадим зани порсову соҳибрӯзгор ва соҳибҳунар буд ва хоҳад монд. Хушбахтона, ҳунари волои занони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудаву боиси ҳайрати оламиён гаштааст.

Бояд зикр намуд, ки дар оилаи  ин зани ҳунарманд келин ва наберааш Меҳрангез, ки ҳамагӣ 16 сол дорад дӯзандагони моҳир буда, дар арафаи Рӯзи артиши миллӣ ба кӯдакони боғчаю мактабҳо либоси низомӣ медӯзанд. Худи ӯ солҳои пеш ба духтани куртаҳои занона, қуроқдӯзӣ ва ҷомадӯзӣ машғул буд. - Бештар фармоишгарон барои навхонадорон дастархон, кӯрпача, болишт ва ҷома фармоиш медоданд. Азбаски синну сол ба ҷое расидааст ва масъулияти роҳбарии ҳам маҳал ва ҳам занон бар дӯши ман аст имконияти ҷомадӯзӣ надорам, вале барои фарзандону наберагон ҳоло ҳам қуроқ медӯзам,- мегӯяд ӯ.

Дар минтақаи Бохтар баҳор хеле барвақттар мерасад. Моҳи феврал аллакай бодому гулҳои баҳорӣ мешукуфанд. Суманакпазӣ ҳам аз моҳи феврал оғоз мегардад. Ойдиной Ҳайдарова ҳам бо дархости бонувон дар чандин хонадон суманак пухтаасту ҳоло гандуми наврустаро шуставу барои суманак омода мекунад.


Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019