Бойгонӣ
Июль 2025 (13)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

РӮЗГОРИ ИНСОНИ НАҶИБ

Инсонҳое ҳастанд, ки бо ахлоқи ҳамида, рафтори шоиста ва амалҳои неку хайрхоҳонаи худ ҷаҳонро мунаввар месозанд. Онҳо дар қалби мардум боқӣ монда, ному ёдашон ҳамчун рамзи шарафу инсондӯстӣ сабт мегардад.
Аз айёми кӯдакӣ ба рӯзгор ва сарнавишти шахсиятҳои барҷаста таваҷҷуҳ доштам. Бо гузашти солҳо ва вобаста ба касбу коре, ки интихоб намудам, имкони шиносоӣ бо зиндагии чеҳраҳои фидоии диёрамонро пайдо карда, аз онҳо дарси ибрат мегирифтам.
Номи мубораки Нурулло Шулашовро ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ мешунидам ва медонистам, ки ин марди некном дар мақоми директори генералии Неругоҳи барқии обии "Роғун" ифои вазифа мекунад.
Дӯстиву шиносоӣ бо фарзанди ин шахсияти барӯманд – Ҳабиба, боис шуд, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти падари ӯ аз наздик огоҳ шавам. Мо бо Ҳабиба зиёд дар бораи бузургии падару модар ва мафҳуми ҳақиқии ҳаёт суҳбат мекардем.
Рӯзе аз ӯ пурсидам: –Духтари кӣ ҳастӣ?
Ӯ бо ифтихор ҷавоб дод: –Духтари Нурулло Шулашов.
Ин ном лаҳзае қалбамро пур аз эҳсоси ошное кард. Ба ёдам суханони пурҳикмати устоди санъат, ҳунарманди маъруф Ато Муҳаммадҷонов омад. Вақте ки ӯ нақши Файзов Савлат Давлатовичро дар филми "Ғуруб" иҷро мекард, ба сӯи Фирӯза, духтари раиси колхоз – инсони ғамхор ва мардумдӯст нигариста, гуфта буд:
«Духтарам, Шумо ҳақ доред, ки бо номи падари худ ифтихор кунед!»
Воқеан, фарзандони ин марди накӯном низ бо ифтихору сарбаландӣ метавонанд номи падари худро бо саодатмандӣ ба забон оранд.
Нурулло Шулашов тамоми ҳастии худро фидои ободии шаҳри Норак ва хидмат ба мардум намуда, бо хулқу рафтори нек ва виҷдони покаш маҳбуби дили ҳамагон гардида буд.
Ин марди фарзона дар солҳои 1992-1993 – замоне, ки мамлакат дар вазъияти душвор қарор дошт – раиси шаҳри Норак таъйин гардид. Дар он солҳо мардум аз норасоии маош, буҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти зиндагӣ ранҷ мекашиданд.
Ӯ ҳамчун инсони рӯзгордида ва роҳбари корозмуда талош намуд, то зиндагии мардумро беҳтар созад. Пеш аз ҳама, ӯ ба масъалаи сари вақт пардохтани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард.
Нахустин қадами ӯ дастгирии соҳаи маориф буд. Зеро хуб медонист, ки бе омӯзгор ва бе мактаб наметавон рушду пешрафти дигар соҳаҳоро тасаввур кард. Он солҳо омӯзгорон аз набудани шароит ба касбҳои дигар рӯ меоварданд. Раиси шаҳр бо муҳаббати беандоза онҳоро даъват карда, бо онҳо суҳбати самимӣ меорост. Ӯ аз мушкилоти зиндагии худ қисса намуда, бо суханони пурмеҳр ва дилгармкунанда онҳоро ба кор ҷалб мекард.
Ӯ омӯзгоронро ташвиқ менамуд, ки ба касби муқаддаси худ содиқ бимонанд ва тамоми неруву донишашонро баҳри таълиму тарбияи насли наврас равона созанд. Ин суҳбатҳо омӯзгоронро руҳбаланд карда, умеди тоза ба зиндагӣ бахшид ва бисёре аз онҳо ба кори дӯстдоштаи худ баргаштанд.
То замоне, ки вазъи молиявии шаҳр беҳбуд ёбад, Нурулло Шулашов маоши шахсии худро ба омӯзгорон тақсим мекард. Ин амал шаҳодати қалби бузург ва эҳсоси масъулияти амиқи ӯ буд.

ФУРӮЗОНОФАРУ ОЗОДАСИРИШТ
Шаҳри Норак ҳамчун маркази нур ва рушноӣ шинохта шудааст. Дар ин шаҳр ду неругоҳи муҳими мамлакат – "Норак" ва "Бойғозӣ" ҷойгир шудаанд, ки бузургтаринашон Неругоҳи барқии обии "Норак" мебошад. Ин неругоҳ, ки соли 1961 таъсис ёфтааст, имрӯз беш аз нисфи аҳолии кишварро бо неруи барқ таъмин менамояд.
Нурулло Шулашов баъди хатми факултети муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, соли 1972 фаъолияти худро дар Неругоҳи "Норак" оғоз намуд ва яке аз нахустин кормандони ин кохи нур гардид.
Маҳорати баланди касбӣ ва зиракии ӯ боиси таваҷҷуҳи директори неругоҳ Юрий Свенарднов гардид. Рӯзе, ки мошини бузурги "Белаз" ба неругоҳ оварда шуд, касе ҷуръат намекард онро ба кор андозад. Аммо Нуруллои ҷавон ва далер аввалин шуда ба пушти чанбарак нишаста, мошинро ба ҳаракат даровард ва бо ин амали ҷасуронааш ба таърихи ин неругоҳ ворид гардид.
Беш аз панҷоҳ соли умри пурбаракати худро Нурулло Шулашов сарфи роҳи нурофарӣ намуда, ба ҳар як хонадони диёрамон нуру гармӣ овардааст. Ӯ дар ҳама давру замон – ҳам дар даврони Шӯравӣ ва ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ дар вазифаҳои роҳбарии ширкати "Норакибозсоз", неругоҳҳои "Бойғозӣ", "Норак" ва "Сангтуда" хизматҳои шоиста анҷом дод.
Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки душманон қасд доштанд, ки неругоҳҳоро ба тасарруфи худ дароранд, Нурулло Шулашов бе тарс ҷони худро рӯйи каф гузошта, моликияти ин иншооти ҳаётан муҳимро ҳифз намуд.
Бо шурӯи бунёди Неругоҳи барқии обии "Роғун" бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шулашов солҳои 2008–2012 роҳбарии онро бар дӯш дошт. Дар ин муддат, бо роҳнамоии Пешвои миллат ва меҳнати содиқонааш, кор дар ин иншооти бузург шиддат гирифт ва ба мардуми кишвар умеди тоза бахшид.
Нурулло Шулашов намунаи мардонагӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва руҳи фидокоронаи тоҷикон аст.
Нурулло Шулашов дар замони мушкили оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари раиси шаҳри Норакро ба уҳда доштан, ҳамчунин роҳбарии ширкати "Норакибозсоз"-ро ба дӯш дошт.
Мондагортарин рисолате, ки кормандони "Нораки бозсоз" ба анҷом расониданд, ин саҳмгузори дар сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб яке аз қадамҳои устувори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар маҳсуб ёфта, бо вуҷуди муаммоҳои иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995-ум ба сохтмони роҳ шуруъ намуда, дар муддати панҷ сол онро пурра ба итмом расонид. Дар ин кори таърихӣ Нурулло Шулашов саҳми арзишманд дорад.
Шоистаи зикр аст, ки "Норакибозсоз" ҳамчун паймонкори асосии сохтмони роҳ аз рӯзҳои аввалин дар бунёди он ҳамаҷониба саҳми арзанда дорад.


АЗ НЕКОН БОҒ
Имрӯз Нурулло Шулашов миёни мо нест, аммо кору амали нек, фарзандони нексиришташ номи ӯро ҷовидон нигоҳ медоранд.
Фарзандони ин марди шариф Ҳалима, Ҳабиба, Сабоҳат Маърифат, Асадулло, Бахтиёр ва Акмалҷон чун нишон аз муҳаббати поки волидон ҳар яке пайи адои хидмати халқу ватан қарор дошта, идомабахши рӯзгори босаодати падари хеш мебошанд. Ифтихор аз он доранд, ки фарзандони ин марди озодасиришт ҳастанд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмату талошҳои мондагори Нурулло Шулашовро дар роҳи хидмат ба халқу диёр ба инобат гирифта, бо як қатор унвонҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали "Хидмати шоиста", "Ордени Шараф дараҷаи-I" ва бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарафароз гардонидааст.

Акбар Абдусамадов
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019