Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз гиряи ғурбат то шукри ваҳдат
Мусоҳиба бо Назрулло Абдуллоев, сокини ноҳияи Ҷайҳун
– НАЗРУЛЛО АБДУЛЛОЕВ, АЗ НАЗАРИ ШУМО ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЧӢ АРЗИШЕ ДОРАД?
– Ба андешаи ман, ваҳдат гаронбаҳотарин неъмат аст. Ваҳдат моро ҳамчун миллат нигоҳ дошт. Маҳз парешонӣ ва набудани ваҳдат буд, ки аввали солҳои 90-ум ҷомеаи мо ба нобасомониҳои сахт рӯ ба рӯ шуд. Вале бо шарофати ҷасорат ва хиради Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо сарҷамъ шудем ва ба сулҳу субот расидем.
– ШУМО ҲАМОН РӮЗҲОИ ПУРШИДДАТРО ЧӢ ГУНА АЗ САР ГУЗАРОНДЕД?
– Ман он рӯзҳоро бо ҷон ҳис кардам. Мушкилӣ, тарс, ноумедӣ ва гурезагӣ буд. Банда ҳам як моҳ дар Афғонистон будам – ба хотири даъвати мардум ба Ватан. Вақте шабонгоҳ аз он тараф ба ҷониби Тоҷикистон менигаристам ва чароғҳоро медидам, ҳар сангу хасу хори кӯчаи зодгоҳам ба ёдам меомад ва гиря мекардам. Он вақт фаҳмидам, ки Ватан чӣ арзише дорад.
– ЧАРО ВАТАНРО МОДАР МЕГӮЯНД?
– Зеро Ватан мисли модар аст: паноҳгоҳ, азиз, нозпарвар ва зиндагибахш. Модарро гум кардан чӣ маънӣ дорад? Ватан ҳам ҳамин тавр аст. Бе он инсон парешону саргардон мемонад.
– ДАР БОРАИ ҒАМХОРИҲОИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ЧӢ ГУФТАН МЕХОҲЕД?
– Пешвои миллат барои рушди иқтисодии мардум заминҳои корам ҷудо карданд: як маротиба 50 ҳазор гектар ва бори дигар 25 ҳазор гектар. Ин аст ғамхории воқеӣ, ин аст раҳбарӣ ба мардум. Чунин хизматҳо хеле зиёданд ва хонандаи азиз ин ҳамаро хуб медонад ва ҳоҷат ба такрор нест.
– БАЪЗЕҲО ТО ҲОЛ ҚАДРИ ВАҲДАТРО НАМЕДОНАНД…
– Мутаассифона, чунин ҳам ҳаст. Шояд аз нофаҳмӣ ё таъсири афкори бегона бошад. Аммо таҷриба нишон дод, ки мардум дигар фирефтаи ҳеҷ ваъдаи пуч намешаванд. Онҳое ки ватан надоранд, ҳар рӯз бо алам ашк мерезанд. Мо, ки ватан дорем, бояд шукр кунем ва онро ҳифз намоем.
– ПАЁМИ ШУМО БА ҶАВОНОН ВА НАСЛИ ИМРӮЗА ЧИСТ?
– Ватанро дӯст доред. Ваҳдатро ҳифз намоед. Тинҷиву оромӣ осон ба даст наомадааст. Бо меҳнат, фидокорӣ ва эҳтиром ба гузашта онро пос дорем, то наслҳои баъдӣ низ ба қадри он расанд.
– ТАШАККУР БАРОИ СУҲБАТИ САМИМӢ.
– Ман ҳам сипосгузорам. Дуо мекунем, ки тинҷиву ваҳдати имрӯз абадан пойдор бимонад.
Суҳбаторо М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД 12:07ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 12:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
МАРДИ МЕҲНАТ
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



